Олимпиадаи 2024 чӣ гуна дар ёдҳо хоҳад монд?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
26 июл маросими ифтитоҳияи бозиҳои олимпии тобистонии 2024 дар Париж баргузор шуд. Рӯйдоде, ки аз ҳама мавриди интизор дар дунёи варзиш бууд, ба ноумедкунандатарин рӯйдод табдил шуд.
Ҳама чиз аз ҳамон ибтидо барои фарансавиҳо дуруст нашуд - тими Кореяи Ҷанубиро ба иштибоҳ ба унвони Кореяи Шимолӣ муаррифӣ карданд. Дар ҳоле, ки ҳайати Кореяи Ҷанубӣ бар рӯи як қаиқ дар имтидоди рӯди Сена ҳаракат мекард, як гӯяндаи франсавизабон гуфт: "Republique populaire democraticique de Coree" ва ба думболи он “Democratic People's Republic of Korea” (Ҷумҳурии халқи демократиии Корея), ки номи расмии англисии Кореяи Шимолӣ аст. Дар натиҷа, тим чандин шикоят ба таври ҳамзамон навишт, аз ҷумла ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (IOC).
Дар ин миён фақат куриёиҳо набуданд, ки норозӣ монданд. Баргузоркунандагон бо тамоюли худ барои таҳаммули ҳар чӣ бештар, тавонистанд теъдоди зиёде аз тамошогаронро озор диҳанд. Смурфик-Дионис, зани ришдор, рақсҳои аҷиб... Ва нуқтаи авҷ тақлиде аз “Шоми махуф” аст. Тамоми ин вежагиҳои ошкор як “воқеияти ҷадид” мушаххас тавассути усқуфи Фаронса, муовинони нахуствазири Италия ва Сербистон, Илон Маск ва бисёрии дигар маҳкум шуд. Ширкати мухобироти амрикоии “Си Спайр” (C Spire) дар пайи ин расвоӣ таблиғоти худро аз Олимпиада берун кашид.
Барафрошта шудани парчам қатраи охир бар ҷоми “иди таҳаммулпазирӣ” буд. Дуруст аст, монанди ҳар чизи дигаре дар маросим, ин лаҳза низ бидуни тардиду ихтилоф набуд. Панҷ ҳалқаи олимпӣ воруна овезон шуд... Хуб, аммо баргузоркунандагон дақиқан макони қаҳрамонони тоблуи маъруфи Да Винчиро медонанд.
Илова бар саргармӣ, Париж муваффақ шуд меҳмоннавозии худро ба варзишкорони омада нишон диҳад - аз замони шурӯъи мусобиқот то кунун панҷ сирқат дар деҳкадаи олимпӣ сабт шудааст. Регбибози ҷопонӣ ҷавоҳирот ва 3 ҳазор еврои худро аз даст дод. Мураббии тими хоккейи рӯи алафи Австралия низ ба вазъи мушобеҳе афтод: корти банкии ӯ гум шуд, ки аз он ҳудуди 900 евроро бардоштанд. Дар русто идораи пулис вуҷуд надорад. Парвандаҳо тавассути афсарони наздиктарин идораи пулис расидагӣ мешавад.
Худи мусобиқот низ доиман дар маърази хатари ихтилол ҳастанд: ба унвони мисол, барои тими баскетболи Судони Ҷанубӣ суруди кишвари дигареро пахш карданд.
Дар ивази он то чанд лаҳза суруди миллии Судон пахш шуд, ки хашми тамошогаронро ба вуҷуд овард. Пас аз ин, мусиқӣ қатъ шуд, муҷриён барои "мушкилоти фаннӣ " узрхоҳӣ карданд.
Мушкилоти ҷиддитар боиси ба таъвиқ афтодани мусобиқоти сегона (триатлон)-и мардон шуд. Далели он кайфияти пойини об дар руди Сена аст. Сатҳи болои чӯбаки рӯда (E. Coli) ба содагӣ иҷозаи вуруди шиногаронро ба он ҷо намедиҳад. Алорағми ин воқеият, ки қабл аз маросими ифтитоҳияи бозиҳо, Амели Удеа-Кастера, вазири варзиши Фаронса, шинои намодине дар имтидоди руди Сена анҷом дод то ҳамаро ба покии он мутақоид кунад. Қобили зикр аст, ки мусобиқоти сегонаи бонувон ҳамчунон баргузор шуд. Шояд ҳадди ақал обанбори Париж ҳанӯз байни ҷинсиятҳо фарқият қоил аст ва ба содаги нисбат ба ҷинси заифтар мулоимтар бархӯрд мекунад?
Ба таври хулоса, тамасхури Исои Масеҳ ва пайравонаш, ки дар наққошии маъруфи Да Винчи "Шоми охири Масеҳ бо шогирдон" таҷассум ёфтааст, зарбае ба эҳсосоти масеҳиён дар саросари ҷаҳон буд. Ҷойгузинии Исо ва пайравонаш бо гурӯҳе аз трансвиститҳо ва ҳамҷинсгароён куфри "фармоишӣ" аст ва чизе ҷуз расвоии таърихӣ ба думбол нахоҳад дошт. Ин як иқдоми аз пеш барномарезишуда тавассути ҷаҳонигароён-либералҳо дар Фаронса ва хориҷ аз он аст.
Ба ҳар ҳол, дар он шом, Исо ба пайравони худ гуфта буд: "Ба ростӣ ба шумо мегӯям, яке аз шумо ба ман хиёнат хоҳад кард." Ҳол мебинем, ки ҳанӯз ба ӯ хиёнат мешавад. Аммо нафрини ӯ бар баргузоркунандагони бозиҳои олимпии Париж бардошта нахоҳад шуд...