Чӣ гуна “ҷашни футбол” зери заррабини дастгоҳҳои амниятӣ ва бюрократия қарор гирифтааст?
Нависанда: Ҷаббор Воҳидӣ, махсус барои “Сангар”
Ҷоми ҷаҳонии футболи 2026, ки ба мизбонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад, аз ҳамон рӯзҳои нахуст на танҳо ба майдони рақобатҳои варзишӣ, балки ба саҳнаи кашмакашҳои сиёсӣ низ табдил шудааст. Рӯйдоде, ки қарор буд ҷашни бузурги футболи ҷаҳон бошад, акнун зери сояи "меҳмоннавозии амрикоӣ", сӯизанни ниҳодҳои амниятӣ, нотавонии мудириятии ФИФА ва расвоиҳои пурсадои ахлоқӣ қарор гирифтааст. Дар идома ба ҷанҷолитарин рӯйдодҳои ин мусобиқаҳо мепардозем.
"Меҳмоннавозии амрикоӣ": бозрасиҳои таҳқиромез ва ихроҷ аз кишвар
Шабакаҳои иҷтимоӣ мамлув аз тасвирҳо ва видеоҳое мебошанд, ки нишон медиҳанд мизбон чӣ гуна аз ситорагони футболи ҷаҳон истиқбол мекунад.
Дастаи мунтахаби Сенегал таҳти раҳбарии Садио Мане дар фурудгоҳи Сан-Антонио ҳатто рӯи банди парвоз бо дастгоҳҳои филизёб бозрасӣ шуд ва бозигарон маҷбур шуданд кафшҳои худро аз по берун оваранд. Бозигарони дастаи мунтахаби Белгия низ бо чунин муносибат рӯ ба рӯ шуданд; ба гунае ки Кевин Де Брюйне маҷбур шуд дар канори ҳавопаймоҳо ва дар худи маҳалли фурудгоҳ аз бозрасии дақиқ гузарад.
Дар Ню-Йорк, бору васоили дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо сагҳои омӯзонидашуда бозрасӣ шуд ва телефонҳои ҳамроҳи бозигарон низ мусодира гардид. Нерӯҳои марзбонии Иёлоти Муттаҳида бо ниҳояти сахтгирӣ амал карда, ба мақоми варзишии иштироккунандагон ҳеҷ таваҷҷуҳе нишон надоданд.
Умар Артан, беҳтарин довари футболи Африқо дар соли 2025, ки қарор буд нахустин довари сомалигии таърихи Ҷоми ҷаҳон гардад, пас аз ёздаҳ соат бозпурсӣ дар Майами ба боздоштгоҳ интиқол дода шуда, сипас аз Иёлоти Муттаҳида ихроҷ гардид. Бар асоси гузориши расонаҳо, иллати ин ҳодиса як иштибоҳи сарнавиштсоз буд: номи ин довар бо номи шахсе, ки дар феҳристи таҳримҳои Вазорати хазонадории Иёлоти Муттаҳида қарор дошт, яксон буд. ФИФА низ худро аз ин моҷаро канор кашид ва эълом кард, ки дар равандҳои муҳоҷиратӣ мудохила намекунад.
Авзоъ то он ҷо ба ҳадде аз пучӣ расидааст, ки Айман Ҳусайн, ҳамлагари дастаи мунтахаби Ироқ, ба сабаби иштибоҳ гирифтан бо як шахси террорист, ҳафт соат дар боздошт нигоҳ дошта шуд. Ҳамчунин Талол Салоҳ, аксбардори дастаи мунтахаби Ироқ, пас аз дувоздаҳ соат бозпурсӣ аз Иёлоти Муттаҳида ихроҷ гардид.
Инзивои геополитикии Эрон
Фишори вижае низ бар дастаи мунтахаби Эрон ворид мешавад. Афзун бар интиқоли маҳалли истиқрори даста ба Мексика, бозигарон бо барномаи бесобиқае рӯ ба рӯ шудаанд.
“Мо метавонем субҳ ворид шавем ва бояд ҳамон рӯз кишварро тарк кунем.”
Ин суханонро рӯзномаи De Telegraaf ба нақл аз Абулфазл Писандида, сафири Эрон дар Мексика, мунташир кардааст.
Илова бар ин, танҳо ду рӯз пеш аз оғози мусобиқаҳо, Иёлоти Муттаҳида тамоми саҳмияи билет (8 дарсад)-и ихтисосёфтаро барои ҳаводорони эронӣ лағв кард ва ҳазорон ҳаводорро, бо вуҷуди хариди пешакии билетҳо, аз ҳимоят аз дастаи мунтахаби кишварашон маҳрум сохт.
Расвоиҳои ахлоқӣ ва интизомӣ
Ин мусобиқаҳо на танҳо аз омилҳои берунӣ, балки аз танишҳо ва буҳронҳои дохилӣ низ ба шиддат таъсир пазируфтаанд.
Гурӯҳи расонаии фаронсавии L'Equipe хабарнигори худ, Франс Пйерронро пас аз изҳороти тундаш алайҳи Жереми Доку, бозигари дастаи мунтахаби Белгия, аз пӯшиши мусобиқаҳо канор андохт. Пйеррон ба сурати ошкор ин бозигарро ба сабаби хоҳиши тарки урдугоҳи дастаи мунтахаб барои ҳузур дар замони таваллуди фарзандаш мавриди интиқод қарор дод; изҳороте, ки мавҷи густурдаи эътироз ва интиқодро дар фазои расонаӣ барангехт.
Аз сӯи дигар, Ашраф Ҳакимӣ, мудофеи дастаи мунтахаби Марокаш, бо вуҷуди он ки парвандаи кайфарии марбут ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ алайҳи ӯ ҳамчунон дар ҷараён аст, дар Ҷоми ҷаҳон ба майдон мебарояд. Бо вуҷуди ин, ӯ бо вокуниши манфии ҳаводорон рӯ ба рӯ шудааст ва дар дидор бар зидди Шотландия бо ҳуштакҳои эътирозии тамошобинон истиқбол гардид.
Ҳамчунин, ихроҷи ҷанҷолбарангези Мигел Алмирон, бозигари дастаи мунтахаби Парагвай, дар бозии муқобили Туркия пас аз дахолати довари видеоӣ (VAR), бори дигар баҳсҳоро дар бораи довариҳои баҳсбарангез ва эҳтимоли сӯиистифода аз ихтиёроти доварон доғ кардааст.
Ошуфтагӣ дар маҳалли баргузории мусобиқаҳо
Афзун бар мушкилоти марбут ба контролҳои марзӣ, баргузоркунандагон ҳатто дар анҷоми ибтидоитарин вазифаҳои худ низ ноком мондаанд. Дастаи мунтахаби Ҷопон наздик буд ба сабаби вазъияти номусоиди замини тамрин, ки бештар ба як мазраи ноҳамвор бо чуқуриҳои фаровон шабоҳат дошт, аз идомаи рақобатҳо инсироф диҳад.
Ҳамчунин тасмими ФИФА мабнӣ бар мамнуияти ворид кардани об ба варзишгоҳҳо, он ҳам дар шароити гармии шадид, чунон мавҷи хашми ҳаводоронро барангехт, ки баргузоркунандагон ночор шуданд ба таври изтирорӣ иҷоза диҳанд, ки зарфҳои об то ҳаҷми 590 миллилитр ба дохили варзишгоҳҳо бурда шавад.
Дар посух ба пурсишҳо дар бораи сахтгириҳои беш аз ҳад, Эндрю Ҷулиани, намояндаи Кохи Сафед, сареҳан эълом кард:
“Мо иҷоза нахоҳем дод афроде, ки таҳдиде барои Иёлоти Муттаҳида маҳсуб мешаванд, чи ба баҳонаи Ҷоми ҷаҳон ва чи ба ҳар далели дигар, вориди хоки Амрико шаванд.”
ФИФА низ ҳамчунон дар баробари бештари ин рӯйдодҳо сукут ихтиёр карда, нотавонии худро дар тазмини шароити баробар барои ҳамаи иштироккунандагон ба намоиш гузоштааст.
Ба ин тартиб, Ҷоми ҷаҳонии 2026 ба ҷойи он ки ҷашни бузурги футбол бошад, ин хатарро дорад, ки дар таърих ҳамчун қонунмандтарин, маҳдудкунандатарин ва ҷанҷолитарин давраи ин мусобиқаҳо сабт шавад; мусобиқоте, ки дар он ҳатто шуҳрат ва мақоми як футболбоз низ ӯро на аз бозпурсӣ, на аз фишорҳои сиёсӣ ва на аз маъракаҳои ошкори бадномсозӣ ва озору таъқиби оммавӣ ҳифз намекунад.