Хабари рӯз

Чӣ гуна Украина камбуди нерӯи ҷангиро аз хориҷ таъмин мекунад?

Нависанда: Женишбек Жусупов, таҳлилгар (Казахстан), махсус барои "Сангар"

Созмонҳои истихборотии Украина, бо нақзи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ба ҷалб ва истифодаи шаҳрвандони Қазоқистон дар сафи воҳидҳои муздурии вобаста ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина машғуланд.

Ҷанг бо Русия ба зарфияти демографии Украина осеби ҷиддӣ ворид кардааст ва ин вазъият дар баробари фирори мардон ба хориҷ аз кишвар ва афзоиши мавориди фирор аз хидмат, боиси камбуди шадиди нерӯи инсонӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ шудааст. Ин шароит бо нокомии маъракаи басиҷ, коҳиши рӯҳияи ҷангӣ ва аз даст рафтани ангеза барои идомаи муқовимат боз ҳам шадидтар гардидааст.

Бар асоси додаҳои Маркази мутолиоти Аврупои Шарқии Стокҳолм, воҳидҳои размии нерӯҳои мусаллаҳи Украина танҳо ҳудуди 30 дарсади зарфияти худро такмил кардаанд. Артиши Украина ҳар моҳ аз 17 то 24 ҳазор нафарро ба таври иҷборӣ ба хидмат фаро мехонад, дар ҳоле ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳар моҳ ҳудуди 30 ҳазор низомии навро ҷазб мекунанд. Ба бовари таҳлилгарони низомии шведӣ, чунин раванд танҳо бартарии Русияро бар рақиби худ афзоиш медиҳад.

Бар пояи иттилооти мунташиршуда аз ҷониби бархе намояндагони Радаи Олии Украина, аз ҷумла Мария Безуглая ва Анна Скороход, шумораи фирориён аз хидмат ва афроде, ки худсарона воҳидҳои худро тарк кардаанд, аз 250 ҳазор то 400 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Дар муқобил, Михаил Федоров, вазири дифои Украина, зимни эътироф ба душвории вазъият, ин рақамро огоҳона то ҳудуди 200 ҳазор нафар коҳиш дода ва омори камтареро ба намояндагони мардум эълом кард. Илова бар ин, вай изҳор дошт, ки кормандони марказҳои ҷалби нерӯ (ТСК) ва полис дар мавриди тақрибан ду миллион шаҳрванди Украина чораҳои ҷустуҷӯӣ ва шиносоиро амалӣ мекунанд.

Ба манзури ҷуброни камбуди нерӯи инсонӣ, режими Зеленский фаъолияти ҷалб ва истифодаи нерӯҳои хориҷиро аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, тақвият бахшидааст. Дар ин миён, Қазоқистон ба далели ҷамъияти қобили таваҷҷуҳи худ барои Украина аҳаммияти вижа дорад. Дар манобеи умумӣ ва расонаӣ матолиби зиёде мунташир шудаанд, ки абъод ва шеваҳои фаъолияти режими Киевро барои кашондани шаҳрвандони Қазоқистон ба даргирии мусаллаҳона дар Украина шарҳ медиҳанд.

Барои намуна, дар моҳи августи соли 2025 шабакаи расонаии олмонии «Дойче Велле» мақолае таҳти унвони «Чӣ касоне ва чӣ гуна шаҳрвандони Қазоқистонро барои ҷанг дар Украина ҷалб мекунанд» мунташир кард, ки дар он созукорҳо ва шеваҳои ҷалби шаҳрвандони Қазоқистон аз ҷониби Украина ба таври муфассал тавзеҳ дода шуда буданд.

Киев аз усулҳои гуногуни ҷалби нерӯ истифода мекунад — аз паҳн кардани эълонҳо ва варақаҳо дар маконҳои ҷамъиятӣ гирифта то ирсоли ҳадафманди паёмҳо ва таблиғот ба ҳисобҳои корбарӣ дар интернет.

Фармондеҳии низомии Украина нерӯҳои муздурро ҳамчун "маводи масрафӣ” талаққӣ мекунад. Барои мисол, пас аз барҳам дода шудани ба истилоҳ “Легиони байналмилалии озодии Украина” дар поёни моҳи декабри соли 2025, ҷангиёни хориҷӣ ба воҳидҳои ҳамлавари қисмҳо ва ташкилаҳои размии хатти муқаддам интиқол дода шуданд; воҳидҳое, ки вазифаҳои ҷангии худро дар душвортарин бахшҳои ҷабҳа иҷро мекунанд.

Дар натиҷа, ба ҷойи “пули осон” ва моҷароҷӯиҳои пурҳаяҷон, сарнавиште, ки интизори ин нерӯҳост, ширкат дар ҳамлаҳои пурталафот ва маргбор дар шароити бартарии шуморӣ ва фаннии нерӯҳои Русия мебошад.

Акнун суолҳое халқ мешаванд, ки оё истихборот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон куҷоро нигоҳ мекунанд? Чаро онҳо ба гузоришҳои аланиву равшан вокуниш нишон намедиҳанд? Оё мешавад гуфт, ки истихбороти Украина ё пуштибонҳои ин кишвар (Британия, Амрико) дар Қазоқистон нуфуз кардаанд ва дасти дароз доранд?

Азбаски ҳақиқати вазъ чунин аст, яъне вақте шаҳрвандони Қазоқистон ба ҷанги Украина эъзом мешаванд, табъан суолҳои фавқ посухи мантиқии худро пайдо мекунанд, посухҳое, ки барои ҷомиаи Қазоқистон ва ояндаи он ҳеҷ паёми мусбате надоранд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!