Қорӣ Фасеҳуддин, ҳоло сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи “Толибон”, дар гузашта протоколии Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд ва аз сӯи амрикоиҳо икмол мешуд
КОБУЛ, 16 март – “Сангар”, Фарзом Козимӣ. Он замон ӯ волии номниҳод ва фармондеҳи умумии “Толибон” дар Бадахшон буд.
Як корманди баландпояи собиқ Раёсати амнияти миллии Афғонистон ба “Сангар” гуфт, Қорӣ Фасеҳуддин бахше аз барномаи бузурги Амрико барои толибонисозии Шимоли Афғонистон буд, ки тариқи кормандони Раёсати 024 – и амнияти миллӣ икмол мешуд.
“Тамоми заруриёти ӯ, аз қабили силоҳу пулро амрикоиҳо барояш фароҳам мекарданд ва ба тиҷорати лоҷуварде, ки вай сарукор дошт, ғараз намегирифтанд. Борҳо ҳам талоши нерӯҳои урдуи миллии Афғонистон ба хотири нобудии Қорӣ Фасеҳуддин аз сӯи амрикоиҳо маҳор мешуд. Дар акси ҳол, ӯ борҳо ба дом афтода буд”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъи дувуми Сангар аст, ки шаҳодат аз равобити Қорӣ Фасеҳуддин бо ҳукуматҳои пешин ва амрикоиҳо мекунад. Қаблан як корманди бахши сарҳадӣ ва ақвому қабоили Раёсати 024 – и амнияти миллии Афғонистон иттилоъ дода буд, ки дар замони раёсати Наҷибуллоҳ Аҳмадзай, як фарди аз Аврупо омада, як маъмури бадахшӣ (исмаш маҳфуз) тавониста буд хусурбура (бародари зан)-и Қорӣ Фасеҳуддинро истихдом ва аз он тариқ бо Фасеҳуддин иртибот барқарор кунад.
“Дар он замон Фасеҳуддин волии «Толибон» дар Бадахшон таъйин шуда буд. Раёсат 024 асноди зиёде дорад, ки Қорӣ Фасеҳуддин барои Раёсати амнияти миллӣ кор мекард ва садҳо ҳазор доллар аз тариқи ин идора аз амрикоиҳо барояш ирсол мешуд. Вақте АйЭсАй (ISI) – Созмони истихборотии Покистон аз моҷаро бохабар шуд, аз вилоят барканораш карда ва муддате ӯро дар Кветта таҳти назари толибон қарор дода буданд”, - омада буд дар хабар.
Аммо Фасеҳуддин ба зудӣ ба Бадахшон баргашт ва ба ҷанг алайҳи ҳукумати Афғонистон идома дод. Тобистони соли гузашта вай ба Қатар сафар кард ва аз сӯи раҳбарони дафтари сиёсии “Толибон” дар Доҳа фармондеҳи зун (минтақа) – и шимолу шимолу шарқ – вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Кундуз, Бағлон ва Панҷшер таъин шуд, ки бино ба иддаои ҳамсӯҳбати “Сангар”, дар тавофуқ бо амрикоиҳо сурат гирифтааст.
Вай афзуд, тарҳи амрикоии “Вазиристони дуввум” ба манзури табдил додани шимоли Афғонистон ба паноҳгоҳҳои амни созмонҳои террористии Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин ҳамоно рӯи даст аст.
“Ягона монеаи ин тарҳ тоҷикон ва муқовиматгарони тоҷиканд. Вазифаи Фасеҳуддин саркӯби онҳост. Ҷанги Андаробу Панҷшерро ӯ кард ва ҳоло ҳам мекунад. Луидиристиз – сардори Ситоди кулли артиш ҳам, ки таъин шуд, ҳамин аст маъмурияташ – саркӯби тоҷикон ва фароҳам сохтани шароит барои рушди созмонҳои террористӣ, он чӣ “Толибон” – у Амрико мехоҳанд. Вай гузинаи хуб барои онҳост, чун худаш тоҷик аст, аммо толиб”, - гуфт манбаъ.
Дар пайванд ба мавҷи эътирозоти мардумӣ дар Панҷшир Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли “Толибон” ба мардум ҳушдор дода буд, ки аз ошӯб, шӯриш ва сиёсӣ сохтани мавзӯъ даст бардоранд, дар акси ҳол, тавассути нируҳои амниятӣ саркӯб хоҳанд шуд.
Эътирозҳои Панҷшер 25 декабр дар пайи кушта шудани як сокини маҳаллӣ ба дасти нерӯҳои “Толибон” иттифоқ афтода буданд, ки се рӯз идома доштанд.
Пеш аз ин манобеъи Сангар дар Раёсати амнияти Толибон гуфта буданд, ки Махдум Олим, фармондеҳи аршади толибони ӯзбек дар вилояти Форёб ба далели ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои қаблӣ ва Иёлоти Муттаҳида боздошт шудааст.
Агар чунин пайвандҳои Қорӣ Фасеҳуддин собит шавад, як иддао мушаххас хоҳад шуд: ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ ва ҳамчунин худи амрикоиҳо пушти проекти толибонсозӣ дар шимоли Афғонистон буданд.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал аст.