Хабари рӯз

Раис Ҳошим ё Ҳошим Раис, яке аз афроди наздики Дӯстум, дар шаҳри Теҳрон аз сӯи истихбороти Эрон боздошт шуд

МАШҲАД, 25 март – Сангар, Заҳири Фақир. Боздошти ӯ 19 март (28 ҳути 1400) пас аз се рӯзи вурудаш аз Туркия ба Эрон сурат гирифтааст.

Яке аз афроди Низомуддин Қайсорӣ, фармондеҳи маъруфи ӯзбектабор, дар таъйиди ин хабар ба Сангар гуфт, Раис Ҳошим дар рӯзи сеюми вурудаш ба Эрон фармондеҳони Ҷунбиши миллии Афғонистонро, ки раҳбараш маршал Абдурашид Дӯстум аст, дар як маҳфил ҷамъ меорад ва дастури раҳбарашонро мерасонад.

“Маршал Дӯстум дастур додааст, ки аз ҷумлаи ҷангиёни Ҷунбиш нерӯ ҷамъ оварда, онҳоро ба Туркия ва аз он ҷо ба Украина эъзом кунанд, то ба ҷонибдорӣ аз ҳукумати он кишвар алайҳи Русия биҷанганд. Истихбороти Эрон аз ин гапҳо хабар шуда, дураст пас аз се соати хатми ҷаласа ба манзили сукунати Раис Ҳошим омаданд ва ӯро боздошт карданд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як фармондеҳи Ҷунбиш ба хабарнигори Сангар гуфт, ин ҳарфҳо сиҳат надошта, дар асл генерал Абдумалик Паҳлавон ва фармондеҳ Низомуддин Қайсорӣ ин тавтиаро барои зарба задан ба маршал Дӯстум роҳандозӣ кардаанд.

“Раис Ҳошим омада буд, ки мушкили тамдиди муҳлати раводиди бархе фармондеҳони Ҷунбишро бо мақомоти эронӣ ҳал кунад. Баръак, паёми маршал Дӯстум ба ҳаводоронаш ин буда, ки омодагии як ҷанги тамомайёрро ба хотири озодсозии Шимол дошта бошанд. Раис Ҳошим се моҳ қабл ҳам аз Туркия ба Эрон сафар карда ва бо ҳама фармондеҳони Ҷунбиши миллӣ дар Эрон дидор карда буд. Тасмим дошт хона бихарад”, - гуфт ӯ.

Раис Ҳошим ё Ҳошим раис, яке аз афроди мавриди эътимоди Маршал Дӯстум аст, ки дар гузашта яке аз афсарони аршад амниятӣ дар Арг раёсатиҷумҳарии Афғонистон буд. Вай охирин волии ҷумҳурият дар вилояти Ҷузҷон буд, ки дар моҳи январи соли 2021 аз сӯи Дӯстум муаррифӣ шуда буд.

Дар Эрон дигар фармондеҳони Ҷунбиши миллӣ, назири Фатҳуллоҳ Қайсорӣ, Раҳматуллоҳ Туркистонӣ, Ҳанифбой Алморӣ, Муҳаммад Ҳошим Ботур, Шимол Қумондон, Абдулҳаким Турк Ўғлӣ ва дигарон паноҳ бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, ин гуфтугузорҳо низ вуҷуд доранд, ки Туркия бо Толибон* робитаҳояшро ба дараҷаи аҳсан беҳбуд бахшидааст ва гӯё аз маршал Дӯстум, ки як душмани сарсахти Толибон аст ва канор омаданаш бо онҳо ҳеҷ мутасаввир нест, хостааст, ки нерӯҳои худро ба Украина эъзом кунад.

Маршал Дӯстум ё Ҷунбиши миллӣ то ба ҳол дар ин бобат вокунише нишон надодаанд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!