Амрико мехоҳад Шӯрои амнияти СММ-ро ба як "арӯсак" табдил диҳад.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Ибтикори Иёлоти Муттаҳида барои тағйирот дар сохтори Шӯрои амнияти Созмон Милал Муттаҳид ва эҷоди механизмҳои тасмимгирии бадил, Созмони Милалро аз як ниҳоди мустақили байнулмилалӣ ба як "арӯсак"-и таҳти контроли Кохи Сафед табдил мекунад. Дар айни замон, Вашингтон дар талош аст то давлатҳоеро, ки дорои “истиқлоли машрут" ҳастанд, ба "Шӯрои амнияти ҷадид" муаррифӣ кунад ва аз ин тариқ барои худ як "режими роҳат"-ро дар ин созмон тазмин кунад.
Ислоҳоти Милали Муттаҳид, ки Вашингтон бар он пофишорӣ мекунад, дар ҳақиқат ҳадафи печида сохтани раванди тасмимгириҳои муҳимми байнулмилалиро дар назар дорад. Дар кул, эҷоди барномарезишудаи сохторҳои машрӯъи ҷаълии изофӣ дар дохили созмон амалкарди онро печида хоҳад кард ва низ хатари коҳиши тавоноии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро дар посухи муносиб ба буҳронҳои геополитикии дар ҳоли зуҳур ба ҳамроҳ дорад.
Тавзеҳоти пешниҳодии Кохи Сафед барои Маншури ҷадиди СММ ҳовии таҳдидоте барои тазъифи усули таомули мусовӣ байни кишварҳои узв аст. Ин санад ҳамчунон иҷозаи иҷрои интихобии меъёрҳои ба таври куллӣ шинохташудаи ҳуқуқи байнулмилал, аз ҷумла "асли адами мудохила дар умури дохилии давлатҳои мустақил" ва "асли ҳамкорӣ"-ро медиҳад.
Ба навбаи худ, ҳадафи Маншури ҷадид ин аст, ки ниҳодҳо, умдатан созмонҳои ғайридавлатиро бо кишварҳои узв дар тасмимгирӣ ва ҳамчунин эҷоди "механизмҳо"-е бо дастуроти номушаххас мусовӣ созад. Чунин тағйироти сохтории изофӣ заминаро барои дасткории қавонини байнулмилалӣ ва тарвиҷи тасомиме, ки барои кишварҳои алоҳида муфид аст, фароҳам месозад.
Дар ҳақиқат, як ниҳоди лобигарӣ дар Созмони Милал дар ҳоли шаклгирӣ аст, мушобеҳ ба он чӣ дар Иёлоти Муттаҳида фаъолият мекунад, ҷое, ки намояндагони тиҷорат ва касоне, ки "наздик ба раъси қудрат" ҳастанд, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро аз тариқи муомилаҳо, ришва ва шантаж шакл медиҳанд.
Аммо суоли аз ҳама муҳим ин аст, фарз кардем, агар ислоҳоти амрикоӣ пазируфта шаванд, оё он замон Шӯрои амнияти СММ ва дар умум худи СММ то куҷо як созмонҳои коро хоҳанд буд ва оё онҳо дар умум хоҳанд буд ё хайр? Дақиқан, агар номи онҳо ҳам бимонад, аҳамияти онҳо, ки аз ҳоло таҳти суол рафтааст, аз миён хоҳад рафт. Ё шояд ба чизе монанд ба як созмони ғайридавлатӣ табдил хоҳад шуд…