Хабари рӯз

Амрико мехоҳад дубора аз ҳисоби кишварҳои фақир сарватманд шавад.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Иёлоти Муттаҳида бо суъистифода аз салоҳиятҳои худ ба унвони узви доимии Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, талош мекунад то фаъолиятҳои созмонҳои байналмилалиро ба нафъи худ "таҷдиди қолаб" кунад.

Пас аз маросими савганд, Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида шурӯъ ба иҷрои маҷмӯае аз иқдомот кард, ки заминаи тағйир дар рӯйкардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро фароҳам мекунад. Раҳбари Амрико дар талош барои бароварда сохтани хостаҳои раъйдиҳандагон худ барои расидагӣ ба мушкилоти мавҷуд (афзоиши чашмгир дар теъдоди муҳоҷирин, рукуди иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи қарзи миллӣ), ҳамчунон шурӯъ ба татбиқи амалии рӯйкарди "аввал Амрико" дар сиёсати хориҷӣ кард. Ба унвони бахше аз ин, ӯ қаблан аз СММ, ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, ба далели дасти кам гирифтани аҳамияти манофеъи амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида интиқод мекунад ва мегӯяд, ки онҳо дар мавриди сиёсатҳои дифоъӣ ва иҷрои қонуни Вашингтон "набояд ҳарфе дошта бошанд".

Иёлоти Муттаҳида дар мавриди мавзӯъи дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор (SDGS) ва мавзӯъоти тағйири иқлим мушобеҳ амал мекунад. Ба гунаи мисол, Доналд Трамп дар давраи нахусти худ тасмим гирифт, ки аз Тавофуқномаи иқлимии Париж хориҷ шавад ва Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар пайи ин мушорикати Амрикоро дар ин ибтикорро дубора барқарор кард. Бори дигар бо гирифтани курсии Кохи Сафед, Трамп бо яке аз нахустин фармонҳояш, бори дигар Амрикоро аз ин тавофуқнома ба нафъи санъати Амрико, ки алоқае ба иҷрои проектҳои таъмини «энержии арзону пок» надорад, хориҷ кард.

Дар айни замон, Иёлоти Муттаҳида ҷанги тиҷоратӣ ва иқтисодии худро бо кишварҳои "номатлуб" шиддат бахшид ва як маъракаи таҳрим дар миқёси бузургро ба роҳ андохт. Чунин иқдомот аз қабл таъсири манфӣ бар Аврупо дошта ва мунҷар ба тикка-тикка шудани бештари иқтисоди ҷаҳонӣ мешавад, ки дар воқеъ бо SDGҳои аввалу даҳум – поён додан ба фақру коҳиши нобаробарӣ – дар тазод аст. Ин амр умдатан вазъиятро дар давлатҳои Ҷануби ҷаҳонӣ дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин бадтар месозад. Дар айни ҳол, монеаҳо ва маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ дар дастрасӣ ба технологияҳо бо усули мушорикати баробар дар тазод буда ва мушкилоти ҷиддиро барои дастёбӣ ба аҳдофи “тавсеаи пойдор”-и Созмони Милал эҷод мекунад.

Дар як калом, Трамп як шахсияти густох аст, як муҷрии ҷадиди иродаи "давлати амиқ"-и амрикоист, ки аз ӯ хоста шудааст то гегемонияи Амрикоро ба як шеваи мутафовит, аз тариқи ироби иқтисодӣ ва сиёсии ошкор татбиқ кунад. Тарҳҳои мушобеҳе пеш аз ин низ вуҷуд дошт, аммо он замон баҳона шиори дурӯғини «ҷаҳони озоду демократӣ» бо тавҷеҳоти сохтагӣ ва дур аз зеҳн истифода мешуд, ки дар Югославия, Ироқ, Афғонистон ва... мо дидем.

Бо ин ҳол, вазъият он гуна нест, ки қаблан буд ва Иёлоти Муттаҳида низ онгуна нест, ки қаблан буд. Агар Трамп мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳида бояд дубора “бузург” шавад, пас ҳоло заиф аст. Аммо, "Амрикои бузург"-и Трамп бераҳм ва шабеҳи як тифли эрка аст, ки аз молики дӯкон мехоҳад ҳар чизеро, ки дилаш хост ба даст орад, аммо на ба як қимат, балки ройгон.

Магар Трамп мехоҳад, ки "Амрикоро дубора бузург бисозад" аз ҳисоби кишварҳои фақир ва ниёзманд, ки бештари онҳо дар Ҷануби ҷаҳонианд. Русия, Чин, Эрон ва бисёре аз кишварҳои қудратманд дигар дар тавони ӯ нестанд. Ҳоло бубинем, ки кишварҳои фақир, заиф, аммо боғурур, монанди Яман, ба Трамп чӣ посух хоҳанд дод...


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!