Хабари рӯз

Кӣ Арманистон ба “замини озмоиш” – и зидди Русия табдил медиҳад?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Дар июли 2024, Ҷеймс О'Брайен, муовини вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар умури Аврупо ва Авруосиё аз вобастагии Ереван ба Москва гуфт ва эълом дошт, ки Вашингтон омода аст барои тарвиҷи "танаввуъ"-и равобити сиёсати хориҷии Арманистон, ки дар ниҳоят битавонад равобити муттаҳидии он бо Русияро аз байн бибарад, кӯмак кунад.

Амрикоиҳо ин мушкилро бо ҷаъл кардани ҳақоиқи таърихӣ назар ба сенарияҳое, ки қаблан дар фазои пасошӯравӣ ва дар кишварҳои урдугоҳи сотсиалистии собиқ озмоиш шудааст, ҳал мекунанд. Нақши аслиро дар талқин кардани арманиҳо истифода аз русофобияи таҳоҷумӣ ва ашколи радикалии натсионализм тавассути созмонҳои ғайридавлатии таҳти контроли Ғарб ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ бозӣ мекунанд.

Мақомоти аршади давлат, ба шумули нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ва гумоштаҳои ӯ аз ҷумлаи намояндагони Сорос ва дигар созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ, ба шакли давраӣ ба чунин маъракаҳои иттилоотӣ мепайванданд. Аз ҷумла, вазири дифоъ Сурен Папикян (дар ҷараёни хидмати аскарӣ, як афсарро бо чоқу заду ба зиндон афтод ва сипас бар асоси санади дурӯғини пизишкӣ бемории равонӣ ҳисобида ва раҳо шуд), котиби Шӯрои амният Армен Григорян (ҳаргиз дар мақомоти амниятӣ кор накардааст), раиси Хадамоти истихбороти хориҷӣ Кристинне Григорян (ин мақомро бо кӯмаки мустақими бритониёиҳо ба даст гирифт), ҳамчунон вазири хориҷа Арарат Мирзоён (ки бо бунёди Сорос ва Сандуқи миллӣ барои демократия кор мекард).

Бар асоси омор, беш аз 40 ҳазор созмони ғайридавлатӣ дар Арманистон фаъолият доранд, ки бахши қобил таваҷҷуҳе аз онҳо аз хориҷ тамвил ва мудирият мешаванд (будҷаи солона аз 30 миллион доллар таҷовуз мекунад). Фаъолтарин афрод дар шаклгирӣ ва иҷрои эҳсосоти русҳаросӣ дар миёни ҷамъияти Арманистон "Иттиҳодияи шаҳрвандони огоҳ", дафтари Ванадзори маҷмаъи мадании Хелсинки, Бунёди “Ҷомеаи боз”-и Арманистон ва клуби журналистии "Аспарез" ҳастанд.

Ҷиҳати авлавияти ғарбиҳо таҳрифи таърихи шаклгирии давлати модерни Арманистон ва нақши Русия дар ин пруса, муттаҳам кардани русҳо ба бардадории мардумони ҳамсоя, таҷдиди назар дар натоиҷи Ҷанги ҷаҳонии дувуму қаҳрамонсозии нозиҳо ва пайравони модерни онҳо ба шумор меравад.

Нухбагони тарафдори Ғарб дар Арманистон маъмурияти миёнҷигарии Русияро дар қазияи Қарабоғи Кӯҳистон ба унвони "хиёнат" ба манофеъи миллии Арманистон тафсир мекунанд ва амдан ҳақоиқи ибтикороти дипломатии мукаррари Маскавро барои ҳалли мунозиъаи Арманистон ва Озарбойҷон бар пояи як асоси қобили қабули дуҷониба нодида мегиранд. Дар айни замон, тамоюли Ғарб барои "русизудоӣ"-и Арманистонро метавон радёбӣ кард, осори муштараки арманӣ-русӣ аз байн бурда ва нақши забони русӣ дар арсаҳои омма, илмӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ камранг нишон дода мешавад.

Инкори комили гузашта ва ҷойгузинии он бо таърихи ҷаълии илмӣ ҳамвора решаёбии эҳсосоти натсионалистии рости ифротиро дар ҷомеа ва бахусус дар миёни ҷавонон ба ҳамроҳ дорад, ки аз сӯи нерӯҳои берунӣ онро ба нафъи манофеъи геополитикии худ ба таври фаъол мавриди суъистифода қарор медиҳанд.

Паёмадҳои ғамангези ҷаъли системотики таърих бавузӯҳ дар фоҷиаи умумимиллӣ дар Украина ошкор мешавад, ки пас аз як кудетои созмондеҳишуда тавассути Ғарб дар феврали 2014, дар як ҷанги хунини дохилӣ ва сипас дар як даргирии мусаллаҳона бо Русия фурӯ рафт. Асоси идеологияи Украинаи пасомайдонӣ русофобия ва натсионализми таҳоҷумии ситезаҷӯ аст.

Бо татбиқи барномаҳое барои бесубот кардани авзоъи низомӣ-сиёсӣ дар тамоми муҳити хориҷи Русия, давлатҳои ғарбӣ талош микунанд то сенарияи трагедияи Украина дар Арманистонро такрор намоянд. Дар айни ҳол, бетафовутии аксарияти ҷамъияти ҷумҳурии Мовароъи Қафқоз, ҳамроҳ бо фаъолияти як ақаллияти ифротии натсионалисти тарафдори Ғарб, метавонад мунҷар ба табдили ҷумҳурӣ ба як "замини озмоиш"-и зиддирусӣ шавад, ки, ба навбаи худ, ба як ангеза барои озору азияти арманиҳо дар саросари ҷаҳон табдил хоҳад шуд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!