Хабари рӯз

Кадоме аз тасмимҳои гирифташуда барои Тоҷикистон низ муҳим аст?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Нишасти сарони СААД дар шаҳри Остона аз нуқтаи назари таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ як рӯйдоди муҳим гардид. Дар иҷлосия, ки таҳти раёсати Қазоқистон баргузор гардид, раҳбарони кишварҳои узв, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баррасӣ ва қабули қарорҳои муҳим барои минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми арзанда гузоштааст, ҷамъ омаданд.

 

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО

Санаи 20-уми ноябр дар шаҳри Остона Дабири кулли СААД бо Дабири Шурои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои муҳимми СААД, ки охири моҳи ноябр ба нақша гирифта шудаанд, зоҳир гардид. Санаи 27-уми ноябр президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон ташриф овард. Зимни ин сафар бо раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев музокироти сатҳи олӣ сурат гирифт. Сарони давлатҳо, ҳамчунин, дар як видеоконфронс дар Форуми XX ҳамкориҳои байниминтақавии Қазоқистон ва Русия ширкат варзиданд, ки дар он дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарии байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Санаи 28-уми ноябр дар шаҳри Остона таҳти раёсати президенти Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД, ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор гардид. Дар ин ҷаласаҳо раҳбарони кишварҳои узви СААД, дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмағамбетов, раиси ситоди муштараки СААД Андрей Сердюков ва дигар намояндагони воломақом ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД дар шаҳри Остона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронии пурмазмун намуда, муҳиммияти масъалаҳои баррасишаванда ва бо таҳдидҳои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ вобастабударо таъкид кард. Ӯ қайд намуд, ки қарорҳои қабулшаванда бояд ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа мусоидат намоянд, ва аз муҳимияти кӯшишҳои муштараки кишварҳои иштирокчӣ ёдовар шуд. Сарони давлатҳо вазъи кунунии низомию сиёсиро баррасӣ намуда, натиҷаҳои ҳамкориҳоро ҷамъбаст ва роҳҳои рушди минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъиро муайян карданд.

 

НАТИҶАИ ЧОРАБИНИҲО

Яке аз натиҷаҳои асосӣ тасдиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон барои солҳои 2025-2030 гардид. Ин иқдом барои Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ мавқеи муҳимми геополитикиро ишғол мекунад, аҳамияти стратегӣ дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба зарурати татбиқи фаъолонаи ин барнома барои баланд бардоштани сатҳи амният на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа бо назардошти чолишҳои аз марзҳои ҷанубии кишварамон бароянда таваҷҷуҳ кард.

Ниёз Мирзоев, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки ин чорабинӣ барои тамоми аъзои СААД як воқеаи таърихӣ гардид: “Қабули қарор дар бораи барномаи таҳкими марз бо Афғонистон саривақтӣ ва ниҳоят муҳим мебошад,  бахусус бо назардошти он, ки Тоҷикистон бо ин кишвар тӯлонитарин марз дорад. Мутаассифона, масъалаи амният дар қаламрави Афғонистон то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Аз он ҷо борҳо силоҳ ва ҷангҷӯён ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода шуда, ин кишвар то ҳол манбаи асосии қочоқи маводи мухаддир боқӣ мемонад. Аз рӯи ҳисобҳо, фоидаи солона аз фурӯши маводи мухаддир 5 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ҳамзамон ба субот дар минтақа ва берун аз он таҳдид мекунад.

Ҳанӯз дар охири асри ХХ Президенти мо миқёси таҳдидро дарк карда, пешниҳод карда буд, ки дар атрофи Афғонистон як камарбанди амниятӣ таъсис дода шавад. Қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар ба тамоми ҷаҳон таъсир мерасонад, вале ба ин нигоҳ накарда, бисёре аз қудратҳои ҷаҳонӣ, ба истиснои кишварҳои СААД, дар ҳалли ин мушкилот ғайрифаъол боқӣ мемонанд (мавқеи ғайрифаъолро ишғол мекунанд). Мо мефаҳмем, ки мушкилоти Афғонистонро ба танҳоӣ ҳал кардан ғайриимкон аст, чуноне ки барои худи афғонҳо бе кӯмаки беруна расидан ба субот душвор аст. Масалан, Русия, ки дар  барқарорсозии сулҳи тоҷикон кӯмаки назаррас расонидааст, метавонад дар барқарорсозии субот дар Афғонистон нақши муҳим бозад. Афғонистон ба шарофати захираҳои ғании табиии худ, аз қабили тилло, нуқра ва платина, дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ мебошад. Тараққиёти саноат ва инфрасохтори Афғонистон метавонад асоси барқарорсозии ин кишвар гардад.

Вобаста ба қарори СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон бояд гуфт, ки ин на танҳо масъалаи амнияти Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои ИДМ мебошад. Мустаҳкамкунии марз имкон медиҳад, ки содироти (интиқоли) ғайриқонунии силоҳ, ҷангҷӯён ва маводи мухаддир ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Русия, пешгирӣ карда шавад. Афғонистонро аз пеш “калиди Шарқ” меноманд, аз ин рӯ, ояндаи минтақа аз он вобаста аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то чӣ андоза дар ин кишвар суботро таъмин карда метавонад”.

Дар ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД дар шаҳри Остона 14 санади муҳим ба тасвиб расид. Дар байни онҳо - эъломияеро, ки мавқеъи муштараки кишварҳои иштирокчиро дар масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ инъикос мекунад, инчунин, қарорҳо оид ба азнавсозии ҳамкориҳои низомӣ ва муҷаҳҳазсозии неруҳои дастаҷамъиро ном бурдан мумкин аст. Ба протоколҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақл ва силоҳ тағйиротҳо ворид ва тасдиқ карда шуданд. Дар санад изҳори пойбандӣ ба таҳкими робитаҳои иттифоқӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва рушди ҳамкориҳои низомӣ зикр гардидааст.  Инчунин қарорҳо дар бораи таҷдиди нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ қабул ва намунаҳои аслиҳаи пешниҳодшаванда тасдиқ карда шуданд. Ҳамзамон буҷаи созмон барои соли 2025 тасдиқ гардида, тағйиротҳо дар буҷаи соли 2024 баррасӣ карда шуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи  омодагӣ ба таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир карда шуд. Президенти Русия Владимир Путин шахсан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги уюми ҷаҳонӣ даъват кардааст. Илова бар ин, санадҳо дар бораи чорабиниҳо ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим имзо карда шуданд, ки ин аз аҳамияти хотираи таърихӣ ва ҳифзи ҳувияти муштараки кишварҳои иштирокчӣ шаҳодат медиҳад.

Ҷумҳурии Қирғизистон афзалиятҳои худро дар давраи раёсати худ дар СААД дар соли 2025 муаррифӣ намуда, ба таҳкими амнияти минтақавӣ ва рушди иқтидори сулҳпарварии Созмон тамаркуз кард. Дар доираи ҷаласа санадҳои муҳими стратегӣ қабул карда шуданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои иштирокчӣ ва таъмини субот дар минтақаҳо нигаронида шудаанд.

Ҳайати Тоҷикистон, ки ба он мушовири Президент оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва дифоъ, инчунин, дабири Шурои амният шомил буданд, дар баҳсҳо фаъолона ширкат варзиданд. Ин мулоқотҳо барои муайян кардани қадамҳои минбаъда дар рушди СААД ва таҳкими нақши Созмон дар арсаи байналмилалӣ бисёр муҳиманд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!