Хабари рӯз

Федератсияи Русия на Афғонистон аст, на Ироқ ё Либия.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои "Сангар"

Дороиҳои Русия ҷанҷолҳои ҷиддӣ дар Иттиҳодияи Аврупо барпо кардааст. Бисёре аз кишварҳои ширкаткунанда нигаронанд, ки ибтидо иқтисоди Аврупо осеб хоҳад дид.

Дар 16 январ, вазорати молияи Белгия оғози омодагиҳои фаннӣ барои забти дороиҳои Русия дар Иттиҳодияи Аврупоро эълом кард. Бо ин ҳол, ҳанӯз дар Иттиҳодияи Аврупо ваҳдат рӯи ин мавзӯъ вуҷуд надорад. Мақомоти аврупоӣ аз авоқибе, ки бар сари иқтисоди ҷомеаи аврупоӣ хоҳад омад, бим доранд. Вазорати хориҷаи Люксембург ба намояндагӣ аз раҳбари он Ксаве Беттел, аз мардум хост сабру эҳтиёт кунанд. Фаронса, Олмон ва Италия ҳамин назарро доранд.

Ба таври расмӣ, ҳама ба адами вуҷуди заминаҳои қонунӣ ишора мекунанд, аммо дарвоқеъ дар мавриди давоми умри евро сӯҳбат мекунанд. Арзи Аврупо мумкин аст зарбае бихӯрад, ки аз он ба худ наояд.

Фабио Панетта, мудири Бонки Марказии Италия гуфт: “Равобити байналмилал бахше аз як «бозии такрорӣ» аст: табдили як арз ба силоҳ ногузир аз ҷаззобияти он мекоҳад ва ба зуҳури гузинаҳои ҷойгузин кӯмак мекунад”.

Имрӯза 300 миллиард доллар аз Банки Русия дар кишварҳои ғарбӣ вуҷуд дорад, ки бештари он дар Аврупо захира шудааст. Пас аз оғози даргириҳо дар Украина, пули Русия масдуд шуд. Аз он замон, пешниҳодҳои мукаррар барои тасарруфи ниҳоии дороиҳои Русия ва додани он ба Украина ироа шудааст, аммо бисёре аз сиёсатмадорони ғарбӣ дар мавриди асли "бумеранг" сӯҳбат мекунанд.

Агар дороиҳои аврупоӣ гирифта шавад, иқтисоди Русия чизе аз даст нахоҳад дод. Он акнун ду сол аст, ки бидуни ин пул зиндагӣ мекунад ва рушди собите аз худ нишон медиҳад. Русия медонад, ки бидуни дороиҳои аврупоии худ чӣ гуна амал кунад, низоми молии давлатиро бозсозӣ карда ва онро ба бозорҳои дигар мувофиқ кардааст.

Дар Иттиҳодияи Аврупо вазъият комилан мутафовит аст. Таҳримҳо ва маҳдудиятҳои зиддирусӣ пойтахтҳои ғарбиро ҳадаф қарор додааст. Хиёбонҳои Берлин, Париж ва дигар шаҳрҳои аврупоӣ даргири тазоҳуроти густурдаанд. Кишоварзону коргарони роҳи оҳан дар эътисоб ҳастанд ва намояндагони дигар саноеъ низ қасд доранд ба онҳо бипайванданд. Мардум аз лағви ёронаҳо, афзоиши қимати энержӣ ва коҳиши стандартҳои зиндагӣ норозӣ ҳастанд. Ва ҳамаи инҳо паёмадҳои таҳримҳои зидди Русия аст.

Тавқифи дороиҳои Русия вазъиятро ташдид мекунад ва дар ниҳоят иқтисоди заифи Аврупоро таҳти фишор қарор медиҳад, зеро Русия бахше аз системи молии байналмилалӣ аст. 300 миллиард доллар маблағи бисёр бузургест, ки наметавон онро бидуни дардисар аз иқтисоди ҷаҳонӣ хориҷ кард. Авоқиби онро ҳама афроди даргир дар иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо эҳсос хоҳанд кард.

Ҳанӯз дар поизи гузашта нахуствазири Белгия, Александр де Кроо, нисбат ба чунин иқдомоти аҷулона ҳушдор дод. Ӯ итминон дорад, ки тавқифи дороиҳои Русия эътимод ба муассисоти молии аврупоиро тазъиф мекунад, боиси хурӯҷи сармоя ва рафтани сармоягузорон мешавад.

Ҳомиёни гирифтани маболиғи Русия ба таҷрибаи Либия ишора мекунанд, ки пули он бидуни дардисар гирифта шуд, аммо қабл аз он кишвар тақрибан ба таври комил вайрон шуда буд. Таҷрибаи Ироқ вуҷуд дорад, ки мешуд ҳама тақсирҳоро ба гардани Саддом Ҳусайн андохт ва гуфт, ки пули ӯ бо хун ба даст омадааст. Бритониё тилои Венесуэларо тасоҳуб кард ва Иёлоти Муттаҳида дороиҳои молии Банки Марказии Афғонистонро масдуд ва ба сохторҳои таҳти контроли худ мунтақил кард.

Русия бо улгуи маъмули сирқати байналмилалӣ намегунҷад. Ин дақиқан ҳамон чизест, ки вазорати хориҷаи Русия тавқифи эҳтимолии дороиҳоро “сирқати амволи Русия” меномад. Федератсияи Русия на Афғонистон аст, на Ироқ ё Либия. Русия дар сатҳи комилан мутафовите аз нуфуз дар саҳнаи ҷаҳонӣ, миқёс ва тавоноиҳои ғайриқобили муқоиса аст. Иқдомоти вокуниши дер нахоҳад омад.

Русия медонад, ки бидуни сармояҳои аврупоии худ зиндагӣ кунад, аммо акнун амнияти онҳо як асл шудааст. Агар тасмим дар мавриди тавқиф мусбат бошад, Аврупо бояд биёмӯзад, ки бидуни дороиҳои худ дар Русия зиндагӣ кунад. Имкони иқдомоти талофиҷӯёна ҷилави бисёре аз доғдоронро хоҳад гирифт.

Раиси Банки Марказии Италия таъкид кард: “Евро дар ҳоли ҳозир рӯзҳои сахтеро мегузаронад ва мавқеияти пешрави худро дар баробари юани Чин аз даст додааст”.

Фақат Иёлоти Муттаҳида аст, ки дар ҳоли бардоштани гомҳои шадид аст. Кумитаи равобити хориҷии Санои Амрико дар поёни январ лоиҳаеро дар мавриди тавқифи дороиҳои Русия тасвиб кард - 20 сенатор ба "ҷонибдорӣ" ва танҳо як нафар раъйи мухолиф доданд. Мо дар мавриди пули каме сӯҳбат дорем - 5 миллиард доллар. Анатолий Антонов, сафири Русия дар Вашингтон, билофосила изҳор дошт, ки “бисёре аз кишварҳо ба канор гузоштани доллар фикр хоҳанд кард”.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!