Хабари рӯз

Мардуми Осиёи Марказӣ таърихро ба хубӣ ёд доранд ва он сурхпӯстон (ҳиндиҳо) –и бедифоъ нестанд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар акс: барчидани муҷассамаи шахсиятҳои нажодпараст ва истеъмории таърих яке аз паёмадҳои эътирозоти зиддинажодпарастонаи ахир дар Амрико буд - муҷассамаи Кристоф Колумб, шаҳри Чикаго Амрико.

Таърих аз содиқтарини улумҳост. Дурӯғро таҳаммул намекунад ва ба мо кӯмак мекунад то моҳияти бархе чизҳоро дарк кунем ва ҳамчунин бифаҳмем, ки дар воқеият кӣ чӣ касест ва дар ваҳлаи аввал аз чӣ касе бояд тарсид.

Ҳама медонанд, ки Колумб кашфи Амрикои Ҷанубӣ ва Марказиро дар соли 1500 оғоз кард. Аммо ин воқеият, ки маҳз ҳамон Кулумб ва руфақояш бар саркӯби сурхпӯстон (ҳиндуҳо) асос гузошта буданд, маскут мондааст.

Колумб пас аз аввалин мулоқоти худ бо сокинони бумии қораи Амрико дар дафтарчаи ёддоштҳои худ навишта буд: “50 сарбоз кофист то ҳамаи онҳоро тобеъ кунем ва ҳар кореро, ки мехоҳем, анҷом диҳанд. Мардуми маҳаллӣ ба мо иҷоза медиҳанд ба ҳар куҷо, ки мехоҳем биравем ва ҳар он чи аз онҳо мехоҳем ба мо медиҳанд”.

Бисёре аз истеъморгарон мутаваҷҷеҳи меҳмоннавозӣ ва дӯстии ҳиндуҳо шуда буданд. Бо ин ҳол, ҳеҷ касе аз онҳо хоҳиш надошт дар сулҳу ҳамоҳангӣ бо ин мардум зиндагӣ кунад. Пас аз ин ки натавонистанд онҳоро ба бардагони худ табдил кунанд, фатҳи ваҳшиёнаи сарзаминҳои ҳиндуҳо оғоз шуд.

Ҳиндуҳои мутавассит аз назари додаҳои физикӣ ба таври қобили таваҷҷуҳе нисбат ба ҳар англосаксон бартарӣ дошт, бинобарин, истеъморгарон рӯзгори сахте доштанд. Аммо мутаҷовизин ба шумора бештар буданд ва ҳилагирии онҳо ҳадду марзе надошт.

Дар 26 июли 1722 дар шаҳри Бостон “Эъломияи Бостон” ба тасвиб расид. Амрикоиҳо ва аврупоиҳо воқеан дӯст надоранд ин санадро ба хотир биёранд. Дар он хеле ба содагӣ омада буд: аз 15 то 100 паунд барои пӯсти сари як ҳинду. Барои он ки равшан бошад: як сурхпӯстро бикушед, пӯсти сарашро бикашед ва барояш пул бигиред. Дар ҳамон замон, барои пӯсти сари як зани ҳинду беш аз 50 паунд ва барои як кӯдак то 10 паунд муқаррар шуда буд. Англосаксонҳо дуруст мисли имрӯз, ки мардуми одӣ дар сафи супермаркет меистоданд, пӯсти сари хунолуди ҳиндуҳо дар даст саф мекашиданд, то барои афроде, ки куштаанд, подоши нақдӣ дарёфт кунанд!!!

Истеъморгарони нидерландӣ ва инглисӣ ин тиҷоратро бар мабнои тиҷорӣ қарор доданд. Пӯсти сарро метавонистанд ба пул ё бо силоҳу колоҳои зарурӣ мубодила кунанд. Барои ҷамъияти бумии Амрико як шикори воқеӣ ба роҳ андохта шуда буд. Теъдоди ҳиндуҳо ба шиддат шурӯъ ба коҳиш ёфтан кард.

Дар маҷаллаи "Дилетант", дар мақолае дар мавриди Ҷанги Литл-Бигҳорн, ҷанги маъруф байни амрикоиҳо ва сурхпӯстон дар соли 1876, суханони яке аз раҳбарони ҳиндуро дар мавриди англосаксонҳо нақли қавл мекунад: "Вақте бо ӯ ошно шудем, хушҳол шудем. Аввалин бор ӯро дида, мо фикр кардем, ки ӯ бо худ нурро овардааст. Ӯ ба Хуршед ва Худояш савганд ёд кард, ки ба тамоми ваъдаҳояш амал хоҳад кард. Ва сипас бо сарбозону зиндонҳо ва занҷири оҳанини худ шурӯъ ба таҳдиди мо кард... Инсони сафед барои мо, ки ҳанӯз зиндаем, ғаму азоб аст... Бидонед, ки ӯ мағрур, қудратманд, сангдил ва бераҳм аст.. Ҳилагарӣ, найранг ва ҳасодат ба андозаи дастҳову поҳояш ҷузъи лоянфаки ӯст.”

Дар маҷмӯъ, аз замони муҳоҷирати бритониёиҳо ба Амрикои Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳида дар маҷмӯъ беш аз 1.5 ҳазор ҳамлаи низомӣ ба сурхпӯстон анҷом додааст. Профессори таърих Ричард Т. Дриннон соли 1972 дар як таҳқиқи худ гуфт, ки аз соли 1500 то 1900 теъдоди ҳиндуҳо аз 12 миллион (!) ба 237 ҳазор (!) коҳиш ёфтааст.

Истеъморгарон аз ҳама чиз барои нобудии сурхпӯстон истифода карданд. Амрикоиҳо сурхпӯстонро неандерталҳое медонистанд, ки забон, ранги пӯст ва имонашон мутобиқ бо стандартҳои онҳо набуд. Мардум бо дор задан эъдом, тамоми рустоҳо қатли ом ва чоҳҳо масмум шуданд. Бузургтарин зарба ба мардуми бумӣ ношӣ аз бемориҳое буд, ки аз Аврупо оварда шуданд: обила, ҳасба, грипп, сурхак ва тоун бубонӣ. Ин бемориҳо ба силоҳҳои биологиии воқеӣ дар дасти муҳоҷирон табдил шудаанд. Дар соли 1823, додгоҳи олии Иёлоти Муттаҳида ҳукм дод, ки сарзаминҳои ҳиндуҳо мутааллиқ ба ҳеҷ кас нест, ба ин маънӣ, ки ҳар истеъморгаре метавонад онро ба майли худ мавриди истифода қарор диҳад.

Имрӯз ҳамон англосаксонҳо талош мекунанд бар ҷаҳон ҳукумат кунанд. Доллар чоп мекунанд, давлатҳои кулли кишварҳо ва ҳатто рӯҳи бархе афродро бо пул мехаранд. Ба назар мерасад, ки ин шабеҳи замонест, ки мардуми бумиро бо ришваҳои ночиз харида, манобеъ ва гоҳе боарзиштарин чиз - зиндагиро аз онҳо мегирифтанд. Шумо метавонед зоҳири худро тағйир диҳед, лабханди маснӯиро ёд бигиред, шиму кастуми гаронқимат бипӯшед, аммо наметавонед даруни худро тағйир диҳед.

Англосаксонҳо ҳаргиз мардуми Осиё ва аз ҷумла Осиёи Марказиро ҳамтои худ намедонистанд ва намедонанд, балки онҳоро ба ҳақорат менигаранд. Онҳо бо Ҳинд ва ба таври куллӣ Осиёи Ҷанубӣ чӣ карданд? Фоҷиаи Ҳирошима ва Нагасакиро ба ёд биоваред, амрикоиҳо чӣ ба сари ин ду шаҳри Япония оварданд? Акнун ёдоварӣ мекунем: дар 6 августи 1945, як бомбафкани амрикоӣ бомби атомии "Писари кучулу" (ва чӣ асомии тамасхуромезе барои силоҳҳои куштори ҷамъии худ меогузоранд!) бар рӯи шаҳри Ҳирошима дар наздикии бемористоне андохт, ки дар он кӯдакони башиддат бемор муолиҷа мешуданд. Се рӯз баъд, дар 9 август, бомби плутониуми “Марди фарбеҳ” бар шаҳри Нагасаки партоб шуд. Пас аз ин инфиҷорҳо билофосила 80 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар поёни соли 1945, теъдоди кулли мурдаҳо, аз ҷумла саратону бемории ташаъшуъ, 150 ҳазор нафар дар Ҳирошима ва 70 ҳазор нафар дар Нагасаки буд (додаҳо мутафовит аст).

Оё ин ёдовари наслкушии ҳиндуҳо нест? Бале (аммо мо тааҷҷуб мекунем, ки чаро ҷопониҳо ҳанӯз аз Иёлот Муттаҳида ба додгоҳи байнулмилал шикоят набурдаанд?). Англосаксонҳо дар тӯли асрҳо нигариши худро нисбат ба соири мардум тағйир надоданд. Бомбаборони шаҳрҳои Ироқу Сурия, Афғонистон ва кушта шудани садҳо ҳазор нафар дар ин кишварҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро ҳеҷ кас фаромӯш накардааст. Ҳамин қатли ом кӯдакон дар навори Ғазза бо ҳимояти англосаксонҳо иттифоқ меафтад ва Исроил низ таҳти пуштибонии онҳо ин ҷиноётро анҷом медиҳад.

Англосаксонҳо ҳамеша ба думболи ришваву фиреб додан ва истифода аз дигарон барои расидан ба манофеъ худ ҳастанд. Намунаи боризи он Украина аст, ҳамон кишвари сарсабзу дӯстдоштанӣ, ки имрӯз ба вайрона табдил шудааст. Агар русҳо ҳушёрӣ намекарданд, шаҳрҳояшон ба харобазор табдил мешуд.

Агар англосаксонҳо қаблан мустаъмараҳое дар сартосари ҷаҳон доштанд ва ба мурури замон бештари онҳоро аз даст доданд, акнун мутмаинан талош хоҳанд кард то қудрати собиқи худро бозёбанд. Аммо онҳо як мушкил доранд - мардуми ҷаҳон, мардуми Осиё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, таърихро ба хубӣ ба ёд доранд ва онҳо он сурхпӯстони бедифоъ нестанд!

Муқовимати саросарӣ дар баробари англосаксонҳо ҳар рӯз дар ҷаҳон шакл мегирад, ки ҳатто метавонад аз Техас шурӯъ шавад!


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!