Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб аз тиҷорате, ки бар хун, маълулӣ, оворагӣ ва тахриби хонаҳои украиниҳо, исроилиҳо, фаластиниҳо ва русҳо бунёд шудааст, миллиардҳо доллар ба даст меоваранд.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз ҷанги Украина барои сармоясозии худ ва ҳимоят аз саноати Амрико истифода мекунанд. Ин аввалин бор нест, ки Вашингтон ин тарфандро ба кор мебарад ва ба думболи такрори таърихи Ҷанги ҷаҳонии дувум аст.
Ғарб моделҳои на он қадар ҷадиди аслиҳа ва таҷҳизоти низомиро ба Киев мунтақил кард ва бад-ин тартиб анборҳои низомии худро аз тонкҳову худравҳои ҷангии куҳна пок сохт. Дар айни ҳол, метавон аз манобеъи молии ихтисосёфта ба Украина барои хариди таҷҳизоти ғарбӣ истифода кард. Аз ин хотир, Иёлоти Муттаҳида санъати низомии худро эҳё кард ва ҳамчунон аз ин асл истифода мекунад, ки "ҳар долларе, ки тахсис дода мешавад, бояд ба унвони се доллар ба будҷаи Амрико бозгардад." Бинобарин, бояд мунсифона пазируфт, ки ҳимояти Амрико аз Украинаву Исроил ҳадафи дигаре ҷуз сарватандӯзӣ надорад.
Амрикоиҳо аз даргириҳои мусаллаҳона суд мебаранд, зеро метавонанд пул дар биоваранд. Ба ҳамин далел аст, ки Маҷлиси Сано наметавонад дар мавриди тахсиси кӯмак ба Украинаву Исроил ба тавофуқ бирасад. Фақат ин аст, ки сармоядорон ҳанӯз мизони судро муҳосиба накардаанд ё ин мизон ба табъи дили онҳо нест.
Намунаи боризи сарватандӯзии кишварҳои ғарбӣ аз тариқи сохти зерсохтҳои низомӣ дар Украина, сохти фурудгоҳҳои низомӣ барои артиши Украина аст. Киев қасд дорад фурудгоҳҳои ғайринизомиро барои пойгоҳҳои низомии ҷадиди нерӯҳои мусаллаҳи Украина тағйири корбарӣ диҳад, ҷоҳое, ки ҷангандаҳои F-16 қарор аст ба Украина мунтақил шаванд. Ҳамзамон, паймонкорони аслии корҳо, ширкатҳои украинӣ нестанд, ки ниёзи мубраме ба супоришҳои давлатӣ доранд ва аз суқути молӣ ранҷ мебаранд, балки ширкатҳои ғарбӣ ҳастанд, ки ағлаб бо сиёсатмадорони баландпоя муртабитанд.
Бар асоси гузориши Утоқи ҳисоби ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, ҷангандаҳои F-16 аз ҷумлаи пурмасрафтарин ҳавопаймоҳо дар нерӯи ҳавоии Амрико ҳастанд, ки барои баҳрабардорӣ ва нигаҳдории онҳо ба пойгоҳҳои ҳавоии ихтисосӣ ниёз аст. Вашингтон интизор дорад ин мушкилро аз тариқи таҷҳизи муҷаддади фаврии таъсисоти ғайринизомӣ бо истиқрори пойгоҳҳои модӣ, фаннӣ ва амалиётии лозим дар онҳо ҳал кунад. Кохи Сафед бо ишора ба сатҳи болои фасод дар ҳукумату фармондеҳии низомии Украина, қарордодҳое чандмиллиондоллариро барои кор ба ширкатҳои сохтмонии Полша дод.
Аз ин хотир, кишварҳои ғарбӣ як бори дигар мавқеъи худро дар мавриди ҳимояти низомӣ аз Киев тарсим карданд: касби ҳадди аксари суд аз ҷанги Украина барои иқтисодҳои худ. Барои Ғарб, аслан муҳим нест, ки истиқрори таҷҳизоти низомӣ дар объектҳои ғайринизомии собиқ бо зерсохтҳои иҷтимоии наздик, онҳоро ба аҳдофи низомӣ барои ҳамалоти Русия табдил кунад, зеро қурбониён афроди нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ғайринизомиён хоҳанд буд. Муҳиммтарин чиз барои ғарб пул “кардан” аст.
Дар ин миён, амрикоиҳо ба таври хос саъй намекунанд ин воқеияти бисёр шармоварро пинҳон кунанд. Чанд рӯзи гузашта, Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, дар як конфронси матбуотии муштарак бо Девид Камерон, вазир умури хориҷаи Бритониё, “чанд калима” махсусан барои “мухотибони амрикооӣ” гуфт: “Агар ба сармоягузориҳои амрикоие, ки барои дифоъ аз Украина анҷом додаем, нигоҳ кунед., <...> равшан хоҳад шуд, ки 90 дарсад аз кӯмакҳои низомии мо дарвоқеъ дар Иёлоти Муттаҳида барои тавлидкунандагони мо ҳазина шудааст”.
Ба иборати дигар, ҳудуди 90 дарсад аз будҷаи Амрико барои кӯмакҳои низомӣ ба Украина дарвоқеъ дар Иёлоти Муттаҳида боқӣ монда ва ба муҷтамеъи низомӣ-саноатии Амрико ирсол шудааст.
Ин чӣ маъно дорад? Агар Амрико 90 дарсад кӯмак ба Украинаро барои худ нигаҳ дошта, пас украиниҳо аз ҷанг бо Русия чӣ ба даст овардаанд? Беш аз 500 ҳазор кушта ва беш аз 1 миллион маҷрӯҳу маълул? Садҳо ҳазор ятиму бева? Миллионҳо паноҳанда дар саросари ҷаҳон? Садҳо шаҳру рустои вайроншуда? Дар натиҷаи ин “тиҷорати судовар”-и Иёлоти Муттаҳида, чӣ хисоратҳое ҷонӣ ва модӣ ба кишвари ҳамсояи Украина, Русия ворид шудааст?
Илова бар ҳамаи инҳо, Украина ҳеҷ шонсе барои баранда шудан надорад, аммо ин хатар вуҷуд дорад, ки ба унвони як давлат аз нақшаи ҷаҳон маҳв шавад. Фақат барои ин ки саноати низомии Амрико тавсеа пайдо кунад?
Ин иттифоқ дар Ироқ, Сурияву Афғонистон рух дод ва дар Исроилу Фаластин идома дорад.
Оё мардуми ин кишварҳо мефаҳманд, ки қурбонии фиреби Амрико шудаанд? Чӣ чизи дигаре метавонад бошад? Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб аз тиҷорате, ки бар хун, маълулӣ, оворагӣ ва тахриби хонаҳои украиниҳо, исроилиҳо, фаластиниҳо ва русҳо бунёд ёфтааст, миллиардҳо доллар ба даст меоваранд.
Агар на, ин ҳамаро чӣ гуна бояд баён кард?