Хабари рӯз

 

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ду фармондеҳи матраҳи худро дар ҷанг бо Толибон аз даст дод

ҲИНДУКУШ, 12 май – Сангар, Ҳасиб Сангар. Ин талафот дар пайи як амалиёти густардаи Толибон алайҳи нерӯҳои муқовимат тайи се рӯзи ахир дар Панҷшеру Андароб ва Тахор иттифоқ афтодааст.

Дар акс: Шермуҳаммад Андаробӣ (аз чап) ва Асадуллоҳ Андаробӣ (аз рост)

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба вебсайти Сангар гуфт, шаби 11 май дар пайи як даргирии 8 – соатаи нобаробар дар минтақаи Сердараи Кишанободи шаҳристони Бану ду фармондеҳи матраҳи ҷабҳа ба номҳои Асадуллоҳи Андаробӣ ва Шермуҳаммади Андаробӣ ба шаҳодат расиданд.

“Ин ду фармондеҳ дар як ҷанги сахт, дар вазъият муҳосира, нобаробар ва рӯ дар рӯ бо беш аз чаҳорсад нерӯи “Қитъаи Сурх” – и Толибон размиданд ва ҳаволии соати дуи шаб бо ҷамъе аз сарбозонашон ба шаҳодат расиданд”, - гуфт Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ.

Бино ба иттилоъи ӯ, дар ин ҷанг чаҳор сарбози дигари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо ҳамроҳии ин ду фармондеҳ ба шаҳодат расида, дар ҷараёни даргирӣ 17 толиб кушта ва теъдоди номаълуме ҳам захмӣ шудааст.

“Вақте сарбозон аз онҳо тақозо мекунанд, ки сангарро раҳо карда, ба маҳалли дигар паноҳ баранд, ин ду фармондеҳ розӣ намешаванд ва ба бақия сарбозонашон фармон медиҳанд, ки маҳалро тарк кунанд. Ҳангоми рахна кардани муҳосира онҳо зарбаро худ қабул мекунанд ва ба бақия имкон медиҳанд, то аз маҳал хориҷ шаванд”, - гуфт сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъе, ки аз маркази шаҳристони Деҳсалоҳи вилояти Бағлон, Толибон аҷсоди ин ду фармондеҳ ва сарбозонашонро ба бозор оварда, дар маҳзари ом гузоштаанд ва иҷоза намедиҳанд, ки онҳоро дафн кунанд (аксҳое аз ин манзара ба далоили маълум нашр намешавад).

Фармондеҳ Асадуллоҳ, маъруф ба Асади Андаробӣ дар гузашта корманди вазорати корҳои дохилии Афғонистон ва як муддат фармондеҳи пулиси шаҳристони Бану буд. Фармондеҳ Шермуҳаммад, маъруф ба Шери Андаробӣ, низ аз фармондеҳони вазорати дифоъи даврони ҷумҳурият ба ҳисоб мерафт. Дар даврони Муқовимати Аввал (1996-2001) ҳарду таҳти фармондеҳии раҳбараш Аҳмадшоҳи Масъуд меҷангиданд.

Шаҳодати ин ду фармондеҳ дар ҳолест, ки Толибон тайи се рӯзи ахир ҳудуди 10 ҳазор нерӯи изофӣ барои ҷанг бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд ба вилоятҳои Панҷшеру Бағлону Тахор, хостгоҳи асосии Муқовимати Дуввум фиристодаанд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.

 


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!