Хабари рӯз

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба хотири нашри як ёддошти зиддирусӣ дар сафҳаи фейсбукиаш мавриди накӯҳиши корбарони тоҷик қарор гирифт

Душанбе, 14 март – Сангар, Толиб Алиев. Ёддошти сафорат “Тазоҳуроти зидди ҷанг дар Русия: шаҳрвандон бо вуҷуди боздоштҳо ба эътирозҳо идома медиҳанд” унвон дорад ва ба таърихи 13 март нашр шуда, аммо то ҳамин лаҳазот ҳудуди 120 вокуниши манфӣ зери он навишта шудааст.

Идомаи матни ёддошт аз ин қарор аст: “Ҳазорон русиягӣ дар беш аз 140 шаҳр дар саросари кишвар бо тазоҳуроти мусоламатомез алайҳи ҷанги бедалел дар Украина, ки тавассути раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба роҳ андохта шудааст, озодии худро ба хатар меандозанд.

“Ин қавонини ҷадид бо талошҳои мустамари Русия барои саркӯби мухолифон мутобиқат дорад.Онҳо ба думболи қатъи дастрасии мардум ба ҳар додае ҳастанд, ки бо он чӣ Кремл дар мавриди таҳоҷум ба Украина гузориш мекунад муғойират дорад”, - гуфт Ҳюг Вилямсон аз Дидабони Ҳуқуқи Башар дар 7 март”.

Аз шарҳҳое, ки зери ин ёддошт навишта шудаанд, шуруъ аз тақозои ин ки парчами зебои Тоҷикистон аз он ҳазф шавад, то даъват ба блок кардани сафҳаи сафорат ва даст кашидан аз таблиғи русҳаросӣ дар Тоҷикистон дида мешавад ва чанд ҷое ҳам ба корномаҳои Амрико дар Афғонистону шаҳрҳои Ҳирошимаву Нагасакии Ҷопон низ ишора рафта, Иёлоти Муттаҳидаро “имперотурии дурӯғ” низ унвон кардаанд.

Яке ҳам аз вазорати хориҷаи Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки алайҳи ҳамчунин маводи мақомоти дипломатии Амрико дар Тоҷикистон тадбир андешад.

“Cафорати мӯҳтарами Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон. Шумо ин ҷо дар мавриди фаъолиятҳо, барномаҳо, боздидҳо аз Тоҷикистон ва ғайра менависед, на Русия! Шумо моро ба Русия нахоҳед фиристод. Фаъолият шумо дар Тоҷикистон комилан мутафовит аст. Ё ин ки вазифаи шумо тарвиҷи нафрат ва хусумат нисбат ба кишвари дигаре аст? Ҳадаф аз ин ки ҳар бор пусти манфӣ дар мавриди Русия нашр мекунед, чист? Шумо дар Тоҷикистон ҳастед, Русия чӣ рабте ба он дорад? Аз русҳаросӣ даст бардоред! Ё барномаи ускони муҷаддад ё муҳоҷиратро ҳам дар пеш гирифтаед? Ба кори дипломатики худ идома диҳед. Сафорати Русия дар Тоҷикистон чизҳои баде дар бораи шумо пост намекунад, ин тур нест? Нанавишт, ки чӣ гуна аз Афғонистон фирор кардед ва даҳҳо миллион афғонро ба оғӯши террористҳо андохтед ва тамоми силоҳҳояшонро гузоштед!”, - навиштааст як корбар.

Дигаре ҳам ин ёддоштро “рақсидан рӯи устухонҳо” унвон карда, меафзояд: “Виҷдони худро комилан аз даст додаанд”.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ин комментҳо аслан вокунише нишон надодааст. Ҳадди ақал то лаҳзаи омода шудани ин гузориш ягон вокунише набуд.

Тоҷикистону Русия шарикони стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳудуди 2 миллион, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва кишвар аз ҳисоби онҳо қариб нисфи тавлиди нохолиси миллии худ (солона аз 3 то 4 миллиард доллар) - ро ба даст меорад.

Яке аз кишварҳое ҳам, ки зуд аз ҷанги Украина садама хӯрд, Тоҷикистон буд. Ба гунаи мисол, коҳиши қурби рубли русӣ дар Русия садҳо ҳазор нафар муҳоҷирро низ ҳадаф қарор дод ва иқтисоду мардуми кишварро аз миллионҳо доллар маҳрум кард.  

Амрико бузургтарин кӯмакрасони Тоҷикистон аст ва аз соли 1991 ба ин сӯ ҳудуди 1,5 миллиард доллари амрикоӣ ба ин кишвар кӯмаки билоиваз кардааст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!