Мавлавӣ Нуриддин, волии Тахор, яке аз фармондеҳони аршади толибҳои ӯзбек дар шимоли Афғонистон, аз мақомаш барканор шуд
ҚУНДУЗ, 14 март – Сангар, Ҷамшеди Бадахшӣ. Мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза, муовини ӯ, ки аз толибони маҳаллии паштун буд, низ барканор шудааст.
Як манбаъи расмии Толибон* дар Тахор бо таъйиди ин хабар ба Сангар гуфт, ба ҷои онҳо Қорӣ Муҳаммад Исмоил, муовини қули урдуи 217 – и “Умарӣ”, волӣ ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Козим, муовини волӣ, ҳарду аз паштунҳои ин вилоят, интисоб гардидаанд.
“Мавлавӣ Нуриддин муовини яке аз раёсатҳои вазорати дохила ва Ҷонмуҳаммад Ҳамза ба ҳайси муовини сипоҳи 217 – и “Умарӣ”, марбути вазорати дифоъи Иморати исломӣ дар Кундуз таъйин шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Ба ҳамин минвол, зимоми умур дар вилояти Тахор ва ҳам сипоҳи 217 – и “Умарӣ” дар Қундуз комилдан ба дасти намояндагони як қавм – паштунҳо мегузарад. Фармондеҳи ин сипоҳ шахсе ба номи Мулло Раҳматуллоҳ Муҳаммад, аз паштунҳои ноқили маҳаллист.
Мавлавӣ Нуриддин, аз фармондеҳони аршади Толибони ӯзбектабор дар шимолу шарқи Афғонистон буд, ки дар суқути вилоятҳои ин паҳно нақши барҷастае дошт.
Яке аз наздикони Мавлавӣ Нуриддин ба хабарнигори Санггар гуфт, ки овозаи барканории ӯ дар Тахор ҳанӯз дар охири моҳи феврал афтод, он замон, ки Толибон ӯро ба Кобул хостанду қариб 20 рӯз аз ӯ дараке набуд ва фақат 12 март ба Тахор баргашт.
“Рӯзи 5 март як гуруҳи Толибон ба хонаи Мавлавӣ Нуриддин дар вулусволии Баҳорак рафта, аз се анбори ӯ ба теъдоди 140 мил ПК, 260 қабза ракета, миқдоре зиёд хумпора ва дигар аслиҳаву муҳимотро дар се борбари артиши собиқ ба шаҳри Толиқон, маркази Тахор интиқол доданд”, - гуфт ӯ.
Ин манбаъ мегӯяд, Мавлавӣ Нуриддин тайи 20 рӯзе, ки ҳузур надошт, як муддат дар Кобул ва чанд рӯз ҳам дар Қандаҳор буда, бо “амирулмуъминин” Мулло Ҳайбатуллоҳ мулоқот кардааст.
“Ба ӯ гуфта шудааст, ки аз мақомаш истеъфо дода, ба Кобул ояд ва дар симати наваш кор кунад. Ӯ муовини молӣ ва идории Раёсати хадамоти оммаи вазорати дохила таъйин шудааст, ки як вазифаи намоишист”, - гуфт ӯ.
Барканории Мавлавӣ Нуриддин идомаи барномаи халъи силоҳу салоҳияти фармондеҳони ғайрипаштун аз сӯи Толибон аст. Тайи як моҳи ахир як теъдод аз фармондеҳони матраҳи ғайрипаштуни Толибон аз вазифаҳои худ барканор ва дар симатҳое гумошта шуданд, ки онҳоро аз марокизи тасмимгирӣ, бахусус, амалиёти ҷангӣ дур медорад.
Қаблан Қорӣ Салоҳуддин Аюбӣ, фармондеҳи аршади толибҳои ӯзбек, ки муовини сипоҳи 203 – и “Тундар” буд, муовини вазорати эҳё ва инкишофи деҳот таъйин шуд. Мавлавӣ Атоуллоҳ Умарӣ, фармондеҳи ӯзбектабори сипоҳи 209 – и “Фатҳ” дар Мазори Шариф низ барканор ва муовини лужистик ё бахши хоҷагии вазорати дифоъ муқаррар гардид. Ба ҷои ӯ Мавлавӣ Амирхон Ҳаққонӣ, узви аршади Шабакаи Ҳаққонӣ* омад.
Ҳамчунин Ҳоҷӣ Молихон, яке аз хешовандони Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон ва раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ, муовини Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Иморати исломӣ таъин шуд. Ин таъинот дастҳои Қорӣ Фасеҳуддини тоҷикро низ хоҳад баст ва аз ӯ ибтикори амалро хоҳад гирифт. Интисоби Мавлавӣ Нуриддин низ дар як вазифаи намоишӣ дар вазорати дохила ба таври худкор ӯро таҳти назари Шабакаи Ҳаққонӣ қарор медиҳад.
Қаблан Махдуми Олим, яке аз фармондеҳони матраҳи толибон ӯзбек, низ боздошт шуда буд. Ӯ ба ҷосусӣ ба нафъи ҳукуматҳои қаблӣ ва Амрико муттаҳам мешавад.
Мавлавӣ Наҷиб, як фармондеҳи аршади толибони тоҷик, ки дар Бадахшон нерӯи азиме дорад, аз ҳамон оғози ба қудрат расидани Толибон дар Кобул амалан дар ҳасри хонагӣ нигаҳ дошта мешавад. Ба ӯ иҷоза намедиҳанд, ки ба Бадахшон баргардад.
10 март гурӯҳе аз неруҳои Толибон як захирагоҳи аслиҳаву муҳиммоти марбут ба Мавлавӣ Амонуддин Мансур, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии вазорати дифоъи худро аз вулусволии Кишми вилояти Бадахшон кашфу забт карданд. Ҳоло гумони ғолиб бар ин аст, ки ин фармондеҳи аршади толибони тоҷик низ бо вазифааш падруд бигӯяд ва дар ягон вазифаи намоишӣ дар Кобул муқаррар шавад ва ба ҷои ӯ ягон паштун ояд.
Ин тағйироти куллӣ ҳам дар ҳоле иттифоқ меафтанд, ки Толибон бештар аз пеш аз минбарҳои ҷаҳонӣ дар бораи ҳамашумулии ҳукуматашон ҳарф мезананд, аммо дар амал онро рӯз ба рӯз паштуншумултар мекунанд. Аз сӯи дигар, қиссаи толибони ғайрипаштун, ки худро “фотеҳони шимол” мехонанд, ба поёни худ наздик мешавад.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.