Хабари рӯз

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон як фармондеҳи худро дар ҷангҳои ахири Андароб аз даст дод

ҲИНДУКУШ, 28 март - Сангар, Ҳасиб Сангарӣ. Толибон тайи чанд рӯзи ахир нерӯҳои зиёдеро ба Андаробҳо эъзом кардаанд ва бино ба охирин хабар, чанд фарванд чархбол.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба Сангар гуфт, Абдулматини Андаробӣ, яке аз фармондеҳони мубориз ва некноми ҷабҳа буд, ки бо нерӯи хеле кам ҳудуди чаҳор соат алайҳи Толибон истодагарӣ кард ва ҷоми шаҳодат нӯшид.

“Вай дар гузашта дар ниҳодҳои пулис ва урдуи миллии Афғонистон шуруъ аз Андароб то Ҳилманду Кандаҳор адои хизмат намуда, пас аз суқути ҷумҳурият дар Кобул ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваст. Дар ҷангҳое, ки дар Андаробҳо сурат гирифтанд, аз худ мардонагиҳо нишон дод ва ниҳоят дар як ҷанги нобаробар барои озодиву истиқлоли ватан ҷони худро аз даст дод. Ёдаш гиромӣ бод!”, - гуфт Аҳмадӣ.

Даргирие, ки субҳи имрӯз, 29 март, дар Андаробҳо иттифоқ афтод, бо шикаст ва талафоти ҷонии қобили мулоҳизаи Толибон ба поён расид, аммо онҳо дигарбора ба минтақа нерӯ эъзом карданд ва бино ба иттилои ахир, чанд фарванд чархбол аз Кобул ба самти Бағлон барои бомбаборони мавозеъи нерӯҳои муқовимат ҳаракат кардаанд.

Ғании Андаробӣ, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба сомонаи Сангар гуфт, пас аз шикасти субҳи имрӯз Толибон ба Андаробҳо аз Хусту Фиринг ва маркази Бағлон нерӯҳои кӯмакӣ фиристода, талош доранд минтақаро муҳосира кунанд.

“Ин ҷанг нишон дод, ки толиб ҳеҷкорае нест. Онҳо аз фишорҳои муқовиматгарон ба қарияҳо ақибнишинӣ карда, дӯкондорону касабакоронро ба гаравгон мегиранд ва аз онҳо сипари зинда месозанд. Ҳоло ҷанг идома дорад ва ба зудӣ толиб шикаст хоҳад хӯрд”, - гуфт Ғании Андаробӣ.

Қаблан дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дода буд, ки соати чаҳори субҳи имрӯз, 29 март, неруҳои қитъаи интиҳорӣ ва Қитъаи сурхи Толибон барои саркӯби нерӯҳои муқовимат як амалиётеро роҳандозӣ карданд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба Сангар гуфт, онҳо аз кӯҳҳои атроф болои муқоваматгарон дар қарияҳои Хайрдара ва Косатароши вулусволии Деҳсалоҳи минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон ҳамла карданд.

“Дар соатҳои аввали ҷанг хутути ҷабҳа ба нафъи душман тағйир кард, аммо бо пайвастани неруҳои мардумӣ ва зидди ҳамлаи Ҷабҳаи муқовамати миллӣ, душман ақиб зада шуд”, - гуфт Аҳмадӣ.

Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар ҷангҳои имрӯзи Андароб ҳашт толиб кушта ва шаш нафари дигарашон захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Толибон аз кушта шудани чаҳор муқовиматгар, шумули фармондеҳ Абдулматини Андаробӣ хабар додааст.

Андаробҳо як минтақаи вилояти Бағлон буда, номи умумии вулусволиҳои Деҳсалоҳ, Бану ва Пули Ҳисор мебошад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!