Хабари рӯз

Толибон дар ҷангҳои имрӯзи Андароб талафоти зиёни ҷонӣ диданд ва овозаи кушта шудани як фармондеҳи маъруфи онҳо низ дар минтақа сайр мекунад

ҲИНДУКУШ, 28 март - Сангар, Ҳасиб Сангарӣ. Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дода буд, ки як фармондеҳи худро дар ҷангҳои ахири Андароб аз даст додааст.

Хабарнигори сомонаи Сангар дар Ҳиндукуш, ки алъон дар Андаробҳо қарор дорад, хабар медиҳад, ки дар набардҳои имрӯз дар марбутоти вулусволии Деҳсалоҳ, дараҳои Қосону Хайдара ва қарияи Косатарош Толибон талафоти зиёд диданд.

“Бино ба иттилое, ки аз фармондеҳии ҷанг барои мо расид, ҷанг ҳанӯз идома дорад ва то ба ҳол 19 тан аз Толибон ба ҳалокат расида, 8 тани дигарашон амиқан захмӣ шудаанд. Аммо иттилое, ки мо аз шифохонаи емерҷенсӣ (ёрии таъҷилӣ) – и вулусволии Деҳ Салоҳ ва шаҳри Пули Хумрӣ мегирем, нишон медиҳад, ки теъдоди захмиёни толиб хеле зиёд буда, ҷасадҳои мурдагонашон ба Кобул интиқол меёбад”, - гузориш медиҳад хабарнигори Сангар.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ӯ, овозае дар Деҳсалоҳ сайр мекунад, ки Сайид Ёқутшоҳ, фармондеҳ ливои Келагай дар набард имрӯз ҳалок шудааст.

“Сайид Ёқутшоҳ аз золимтарину муфсидтарин фармондеҳони Толибон аст, ки бо 200 ҷангӣ ба Андаробҳо омадааст. Аммо ин иттилоъ то ба ҳол таъйиди худро наёфтааст. Бархе ҳам мегӯянд, ки ӯ шадидан захм бардоштааст”, - гуфт ӯ.

Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз кушта шудани Абдулматин Андаробӣ, яке аз фармондеҳони ҷабҳа хабар дод. Вай дар гузашта дар ниҳодҳои пулис ва урдуи миллии Афғонистон шуруъ аз Андароб то Ҳилманду Кандаҳор адои хидмат намуда, пас аз суқути ҷумҳурият дар Кобул ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваст ва шаби гузашта дар ҷангҳои Андаробҳо ҷони худро аз даст дод.

Манобеъи Толибон аз кушта шудани чаҳор муқовиматгар, шумули фармондеҳ Абдулматини Андаробӣ хабар додаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Сангар хабарҳо дар бораи чархболҳои ҷангии Толибонро таъйид карда гуфт, онҳо аз фазои Деҳсалоҳ ба самти дараи Қосон парвоз кардаанд.

Андаробҳо як минтақаи вилояти Бағлон буда, номи умумии вулусволиҳои Деҳсалоҳ, Бану ва Пули Ҳисор мебошад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!