Толибон* боз як фармондеҳи ӯзбектабори худро боздошт ва якеи дигарро аз вазифа барканор карданд
КУНДУЗ, 27 март - Сангар, Ҷамшеди Бадахшӣ. Дар гузашта низ фармондеҳони саршиноси ӯзбектабори Толибон аз вазифаҳо барканору боздошт шуда буданд.
Як манбаъи сомонаи Сангар дар идораи вилояти Тахор гуфт, Мавлавӣ Абдулқодир, фармондеҳи ӯзбектбори Толибон, ки фармондеҳи амнияти вулусволии Дашти Қалъаи вилояти Тахор буд, боздошт шуд.
“Дирӯз ба хотири дастгирии Мавлавӣ Қодир шахсан Мулло Фозил, муовини вазири дифоъи Толибон ба Тахор омада, ӯро дар вулусволии Хоҷа Баҳоуддин пайдо мекунад. Миёни онҳо як даргирии кӯтоҳ сурат мегирад, ки дар пайи он ду муҳофизи Мавлавӣ Қодир кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд. Вайро аввал ба Толиқон, маркази Тахор бурданд ва сипас, Кобул”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Толибон Мавлавӣ Қодирро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ барканор карданд, аммо ӯ бо радди ин иттиҳом дар баробари Иморат нофармонӣ ва бағоват кард ва даст ба қиём зад.
“Вақте Толибон барои боздошти ӯ омаданд, ба Хоҷа Ғор ва аз он ҷо ба Хоҷа Баҳоуддин фирор кард. Аммо Мавлавӣ Қодир охирин нафар нест, ки бояд боздошт шавад. Дар рӯйхати дастгириҳои Толибон, номи Исмоил Форуқ, вулусволи Чоҳоб низ вуҷуд дорад”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи сомонаи Сангар дар Бомиён, вилояти марказӣ ва ҳазоранишини Афғонистон, аз барканории Мавлавӣ Абдулҳодӣ Фурӯтан, шаҳрдори Толибон дар Бомиён хабар медиҳанд.
“Ӯ низ аз фармондеҳони ӯзбектабори Толибон аст, ки пас аз ба қудрат расидани ин гурӯҳ шаҳрдори Бомиён, маркази вилояти ҳамном таъйин шуда буд”, - гуфт манбаъ.
Боздошту барканории толибони ӯзбек моҳи январ оғоз шуд. 13 январ Махдуми Олим, яке аз фармондеҳони матраҳи онҳо дар вилояти Форёб боздошт гардид. Дар пайи ин фармондеҳони дигари ӯзбек – Салоҳуддин Аюбӣ, муовини сипоҳи 203 – и “Тундар” дар Пактиё ва Мавлавӣ Атоуллоҳ Умарӣ, фармондеҳи сипоҳи 209 – и “Фатҳ” дар Мазори Шариф низ барканор ва ба вазифаҳои дигар – аввалӣ, муовини вазорати эҳё ва инкишофи деҳот ва дуввумӣ, муовини лужистик ё бахши хоҷагии вазорати дифоъи Толибон мансуб шуданд. 14 март Мавлавӣ Нуриддин, ки волии Тахор буд, низ барканор ва муовини молӣ ва идории Раёсати хадамоти оммаи вазорати дохила муқаррар гардид.
Ин фармондеҳон, ки худро “фотеҳони шимол” мехонданд ва вилоятҳои худро барои Толибон суқут дода буданд, ҳамагӣ аз вазифаҳои масъул барканор ва дар вазифаҳои намоишӣ интисоб шуданд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.