Хабари рӯз

Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон дар пайи як ҳамла дар вилояти Кобул талафоти зиёдеро бар Толибон ворид кард

КОБУЛ, 24 апрел – Сангар, Фарзом Козимӣ. Ин ҳамла ҳамзамон бо як аввалин нишасти аъзои ин ҷабҳаи зиддитолибонӣ дар Аврупо сурат гирифт.

Абдулфаттоҳи Адиб, раҳбари сухангӯи Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон, ба вебсойти Сангар гуфт, нерӯҳои мо дар натиҷаи як амалиёти аз қабл тарҳшуда ҳаволи соати 7 – и шоми рӯзи гузашта, 3 саври 1401 (23 апрел) болои манзили Қорӣ Зайнуллоҳ, фармондеҳи амнияи Толибон барои вулусволии Истолифи вилояти Кобул сурат гирифт.

“Қорӣ Зайнуллоҳ яке аз фармондеҳони Толибон аст, ки алайҳи мардуми бумии Истолиф зулму шиканҷаҳои гуногунеро раво дошта, беҳуда хонаҳои мардумро талошӣ мекарданд, ҷавононро бегуноҳ боздошт ва баъд аз латукӯб аз онон аххозӣ мекунад (пул меситонад)”, - гуфт Абдулфаттоҳи Адиб.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, дар пайи ин ҳамла 7 тан аз муҳофизини Қорӣ Зайнуллоҳ кушта ва захмӣ шуда, тамоми силоҳу таҷҳизот онон, ки аз манзили вай дарёфт шуд, ба дасти сарбозони Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон афтодааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъе, ки аз дигар манобеъ ба Сангар дастрас шуд, худи Қорӣ Зайнуллоҳ дар оғози ҳамла шадидан захмӣ шуда, аз соҳа хориҷ карда шудааст. Аз зинда ё мурда будани ӯ иттилоъи дақиқе дар даст нест.

Ин амалиёт дуруст соате баъд аз хатми як маҳфили сиёсӣ ва фарҳангии Ҷабҳаи миллии Озодагон дар кишвари Ҳоланд иттифоқ афтод, ки ба ширкати даҳҳо тан аз фарҳангён ва нухбагони сиёсии Афғонистони муқими ин кишвар баргузор шуд.

Дар ин маҳфил, рӯзҳои 23 ва 24 апрел таҳти унвони “Буҳрони Афғонистон ва роҳҳои берун рафт аз он” дар шаҳри Урмонди Ҳоланд баргузор гардид, теъдоде аз намояндагони мардум дар парлумони пешини Афғонистон, шоирон, нависандагон ва нухбаҳои сиёсии Афғонистони муқими Аврупо ширкат доштанд.

Ин маҳфил аввалин нишасти сиёсӣ - фарҳангии ҷабаҳоти зиддитолибонӣ ба мизбонии комиссияи фарҳангии Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон аст, ки вазъияти ҷории Афғонистонро ба баррасӣ гирифт ва ҳукумати толибониро рад кард.

Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон дуввумин ҷабҳаи зиддитолибонӣ пас аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд аст, ки ба қавли масъулинаш, ҳанӯз моҳи октябр ба раҳбарии Доктар Сулаймон, шахси ошно барои доираҳои хос, аммо ба ҳадди кофӣ ноошно барои ҷомиаи Афғонистон бунёнгузорӣ шудааст.

Бино ба иттилое, ки Сангар аз манобеъи хос пайдо кард, Доктар Сулаймон аз тоҷикони вилояти Парвон буда, солҳои ахир асосан дар Аврупо зиндагӣ мекард ва ҷабҳаеро, ки ӯ таъсис дод, умдатан аз низомиёни собиқ ва чеҳраҳои фарҳангиву сиёсии ғайри танзимҳои ҷиҳодӣ ташкил ёфтааст.

Маҳфили Ҳоланд, аз сӯи дигар, чеҳраҳоеро аз ин ҷабҳаи сиёсиву низомӣ, аз қабили Гулнур Баҳман, Сардор Раҳмон Ўғлӣ, Нимо Суратгар, Муҳаммад Оҷон Ғилҷоӣ, Карим Кӯҳёр, Самад Корманд, Зарғуна Валӣ ва дигаронро низ муаррифӣ кард.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!