Хабари рӯз

Манобеъ аз як инфиҷори муҳиб дар маҳалли сарконсулии Эрон дар шаҳри Мазори Шариф хабар медиҳанд

МАЗОРИ ШАРИФ, 23 апрел – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Як рӯзи пеш маркази вилояти Балх шоҳиди ду инфиҷори дигар шуда буд, ки якеро ҳам гуруҳи террористии ДОИШ ба уҳда гирифта буд.

Манобеъи маҳаллӣ аз ҳавзаи панҷуми шаҳри Мазори Шариф ба хабарнигори Сангар хабар доданд, ки ҳаволии соати 11 – и шаби гузашта як инфиҷори муҳибе дар маҳалли сарконсулии Ҷумҳури исломии Эрон дар шаҳри Мазори Шариф иттифоқ афтод.

“Пас аз инфиҷор тақрибан ним соат аз ин минтақа садои шиллики гулӯлаҳо шунида шуд, ки зоҳиран ду гуруҳ ба ҳам даргир буданд. Толибон маҳалли атрофро бастаанд ва иҷозаи вуруд ба ин маҳаллро намедиҳанд”, - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилоъи манбаъ, сарконсулии Эрон дар байни се ҳавза – ду, чаҳор ва панҷи шаҳри Мазори Шариф воқеъ шудааст. Тафсилоти бештаре аз ин инфиҷор ҳанӯз дар даст нест. Мақомоти вилоятии Толибон ҷо доштани инфиҷорро таъйид карданд, аммо ироаи ҷузъиятро ба субҳ гузоштанд.

Ду рӯзи пеш, 21 апрел, дар як масҷиди шиаёни шаҳри Мазори Шариф як интиҳорӣ худро дар миёни намозгузорон инфиҷор дод, ки дар пайи он даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Инфиҷори дувум бегоҳи ҳамон рӯз дар минтақаи Заҳируддини Бобури маркази Балх рух дод, ки талафот ба ҷой надошт.

Масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаёнро гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.

Он чӣ марбути Балх мешавад, ҳамлаи мушакии ин гуруҳи террористӣ дар 18 апрел ба марзҳои Ӯзбекистон аст, ки дар посух Тошканд барои тарассуди марзҳояш ҳудуди 60 тайёраву чархболи ҷангӣ эъзом кард.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!