Аз манотиқи марзии миёни Эрону Афғонистон гузоришҳо дар бораи таҷаммуъи нерӯҳои низомӣ аз ду тараф мерасад
МАЗОРИ ШАРИФ, 24 апрел – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Толибон* ба Эрон ду моҳ ба ин сӯ ба ҳар баҳона сар ба сар мешавад ва аз лаҳни хушунату таҳдиду зӯр кор мегирад.
Як манбаъ дар посгоҳи марзии Исломқалъа, воқеъ дар вилояти Ҳирот, аз нуқоти асосии убуру мурури афроду молу коло миёни Эрону Афғонистон, ба хабарнигори сомонаи Сангар гуфт, нерӯҳои Толибон аз сӯи Ҳироту дигар манотиқ тонку тӯп ва нерӯҳои пиёдагардро тариқи “ренҷер” – у “ҳомвей” – ҳо интиқол медиҳанд ва ороиши низомии худро тақвият медиҳанд.
“Эрон ҳам аз ҷониби худ лашкари зиреҳии 88 – и артиши Эрон дар Зоҳидонро ба марзи Исломқалъа эъзом карда, ҳузури худро бо васоити сангини зиреҳӣ қавӣ мекунад ва зоҳиран, дар ду сӯи марз вазъ хеле муташанниҷ шудааст”, - гуфт манбаъ.
Эрону Афғонистон 921 км марзи муштарак доранд. Эрон яке аз кишварҳои пуштибони Толибон барои расидан ба қудрат буд ва тайи 20 соли ҳузури Амрикову НАТО тамоми ҳамкориҳоро барои ин гуруҳи террористӣ анҷом дод.
Аввалин даргирии мусаллаҳона байни марзбонони эронӣ ва ҷангҷуёни Толибон дар марзи Афғонистону Эрон 1 декабри 2021 рух дод, ки мунҷар ба кушта шудан чанд нафар аз ду ҷониб ва ишғоли ҳафт посгоҳи марзии Эрон аз сӯи Толибон шуд.
5 апрели соли равон як шаҳрванди Афғонистон бо чоқу се руҳонии эрониро дар Ҳарами Разавии Машҳад ба ҳалокат расонд, ки дар пайи он саҳнаҳои таҳқиру озор ва ҳатто куштори ваҳшиёнаи шаҳрвандони Афғонистон дар саросари Эрон ба шабакаҳои иҷтимоӣ рехт. То ин ки ин кори ДОИШ* ва тавтиаи Саудиву Амрико эълон нашуд, Толибон ҳам таҳдидҳое ба Эрон ва лашкаркашӣ ба марзи он кишвар иқдом карданд.
23 апрел Толибон сарбозони эрониро гаравгон гирифтанд. Ин ҳам баъд аз он буд, ки марзбонони афғон қасди асфалти як ҷода дар марзи миёни ду кишвар дар хок Афғонистонро доштанд, ки бо мухолифати марзбонони эронӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар пайи ин, марз Эрону Афғонистон дар гузаргоҳи Исломқалъа ба таври комил масдуд шуд.
Иддае ҳам иттифоқот дар марзи Эрону Афғонистонро ҳисоббаробаркуниҳои гуруҳҳои қочоқбар унвон мекунанд, ки дар ин бора ҳеч тафсилоте нест. Исломқалъа нуқтаи асосии интиқоли маводи мухаддир ба Эрон маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатони Сангар бар инанд, ки Толибону Эрон аслан майле ё зӯре барои даргирӣ бо ҳам надоранд, аммо иқдомҳои зиддиэронии Толибон аз сӯи Амрикову Арабистони Саудӣ таҳрик мешаванд.
“Аз ҷумла ҷолиб аст, ки толиб нони хӯрдан надорад, аммо дар марзи Эрон посгоҳ ё сарак месозад. Ин амали амдӣ барои таҳрик додани Эрон аст”, - гуфт яке.
Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон, низ чанд рӯзи қабл дар як маросим эълон кард, ки ҳамсояҳо Толибонро зиёд азият медиҳанд, аммо сабри онҳоро ҳам поёне ҳаст.
Дар таърих ҳеҷ ҷанге ба номи ҷанги Афғону Эрон набудааст. Чунин як вазъияти ҷангӣ соли 1998 дар замони ҳукумати аввали Толибон дар Афғонистон (1996-2001) дар пайи кушта шудани 11 дипломат ва як рӯзноманигори эронӣ дар Мазори Шариф ба вуқуъ омада буд. Он замон Эрон ҳудуди 150 ҳазор нерӯ ба марзи Афғонистон оварда буд, аммо ба зудӣ шиддати ихтилоф ба поён расид.
20 соли ахир Толибону Эрон дар ҷанг алайҳи Амрикову НАТО ду ҳамкори хеле ба ҳам наздик буданд ва иттифоқоти ахир аз тағйироте дар ин равобит ривоят мекунанд. Ба назар мерасад, Эрон аз ҳосили ҳамкориҳояш бо Толибон "баҳра мегирад".
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст