Хабари рӯз

Раис Фирӯз, як тан аз саргуруҳҳои Ҷамъияти исломии Устод Атомуҳаммади Нур, дар вилояти Самангон аз сӯи Толибон ба шаҳодат расид

МАЗОРИ ШАРИФ, 15 май – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Ин чаҳорумин фармондеҳи ҳизби мазкур аст, ки тайи беш аз як моҳи ахир аз сӯи Толибон ба шаҳодат мерасад.

Як манбаъ дар пулиси Толибон дар Самангон ба Сангар гуфт, Раис Фирӯз яке аз афроди хатарнок барои Иморати исломӣ дар минтақа буд, ки мехост афроди Устод Ато (Атомуҳаммади Нур) - ро мунсаҷим карда, зидди давлат биҷангад.

“Вай аз афроди Омир Азизуллоҳ, фармондеҳи Устод Ато буд, ки дар шаҳристони Рӯи Дуоби вилояти Самангон пойгоҳ дорад. Раис Фирӯз аз қавми тотор буд. Истихбороти мо хабари омадани ӯро ҳанӯз аз гузаргоҳи Исломқалъа (миёни Эрону Афғонистон) дода буд. Вақте омад, ба хонааш дар минтақаи Ҷавкори Паскӯча юриш бурда, хостем ӯро боздошт кунем, ки муқовимат кард ва ба ҳалокат расид”, - гуфт манбаъ.

Омир Азизуллоҳхони Тотор дар замони ҷумҳурият як муддат фармондеҳи пулиси вулусволии Рӯи Дуоби вилояти Самангон ва баъдтар раҳбари хезишҳои мардумӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони Раис Фирӯз ба Сангар гуфт, мавсуф пас аз суқути Мазори Шариф ба Эрон рафта, ҳамон ҷо кору фаъолият дошт ва се рӯз қабл аз омаданаш ба Афғонистон бо мо тамос гирифта буд.

“Гуфтем, ки набиё, аммо гуфт, чанд рӯз Кобул мебошам ва ба Самангон намеравам. Кобул, ки омад, боз гуфтем, Самангон набиё, аммо омад. Қаблан Толибон чанд маротиба ба хонааш омада, ӯро суроғ карда буданд. Дирӯз (14 май) омаду Толибон ҳам хонаро муҳосира карданд ва ӯро ба шаҳодат расонданд. Ду бародараш ва ҷасадашро ҳам бо худ бурданд. Панҷ фарзандаш ятим монданд”, - гуфт ӯ.

Дар минтақаи Ҷавкори Паскӯчаи шаҳристони Рӯи Дуоби вилояти Самангон дар замони ҷангҳои дохилӣ қароргоҳи нерӯҳои Шӯрои Наззори таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳ Масъуд мустақар буд. Он замон Устод Атомуҳаммади Нур фармондеҳи ин қароргоҳро бар дӯш дошт ва бо нерӯҳои Ҷунбиши миллии Абдурашид Дӯстум, ки шомили Шӯрои ҳамоҳангии Афғонистон буд, меҷангид. Ин Шӯро аз сӯи Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр, Ҳизби Ваҳдати Абдулалии Мазорӣ ва Ҷунбиши миллии Абдурашид Дӯстум ташкил ёфта, алайҳи ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ меҷангид.

Дар замони Муқовимати аввал (1996 – 2001) ин минтақа таҳти амри Мавлавӣ Ислом Муҳаммадии Тотор, фармондеҳи Толибон дар Дараи Каёну вулусволии Толаву Барфаки вилояти Бағлон ва он замон волии Толибон дар Бомиён қарор дошт, ки бо Устод Ато, фармондеҳи муқовимат дар минтақа дар амри парвози амни чархболҳо аз Панҷшер ба Дараи Суф ва расондани силоҳу хӯрокаву либос ҳамкорӣ мекард. Мавлавӣ Ислом пас аз суқути Толибон узви парлумон интихоб ва баъдтар ба таври мармуз террор шуд.

Дар шаҳристони Рӯи Дуоби вилояти Самангон ду қавм – тоторҳо ва ҳабашҳо зиндагӣ мекунанд, ки лаҳҷаи монанд ба ҳазорагии форсӣ доранд, суннимазҳаб ҳастанд ва худро тоҷик мехонанд. Онҳо бо деҳқониву чорводорӣ машғуланд.

Дар ҳамин ҳол, Раис Фирӯз чорумин фармондеҳи марбути Ҷамъияти исломии Устод Атомуҳаммади Нур аст, ки тайи беш аз як моҳи ахир аз сӯи Толибон ба шаҳодат мерасад. 10 апрел Файзуллоҳ Қумандон, яке дигар аз фармондеҳони ин ҳизб дар вулусволии Чоҳоби вилояти Тахор ва 21 апрел Суҳайл Змарай, хоҳарзода ва аз фармондеҳони Устод Атомуҳаммади Нур, дар шаҳри Мазори Шариф аз сӯи Толибон ба шаҳодат расида буданд.

Панҷ рӯзи қабл, 10 май, Аҷабхони Самангонӣ, яке аз фармондеҳони ӯзбектабори Ҷамъияти исломӣ дар ҳаволии шаҳри Айбак, маркази вилояти Самангон, дар як камини Толибон низ ба шаҳодат расид.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!