Хабари рӯз

Дар остонаи баргузории Луйи Ҷиргаи Толибон* даргириву ҳамлаҳои нерӯҳои муқовимат афзойиш ёфт

КОБУЛ, 2 июл - Сангар, Фарзом Козимӣ. Ин гуруҳ барои ҳифозат аз маҳалли баргузории Луйи Ҷирга ҳудуди 12 ҳазор нерӯ эъзом кардааст.

Бино ба иттилои хабарнигори Сангар аз Кобул, ҷаласаи уламои динии Толибон дар Кобул, ки ду рӯз қабл аз Луйи Ҷирга идома ёфт, ҳанӯз дар рӯзи аввал мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт.

“Ҷабҳаи миллии Озодагони Афғонистон бо пахши як иттилоияи расмӣ ин ҳамларо ба дӯш гирифт, аммо Толибон онро ҳамлаи ДОИШ* арзёбӣ карданд. Ин ҳамла ҷаласаи уламои дини Толибонро қатъ карда, аммо пас аз рафъи ҳамла ва кушта шудани ҳамлаварон дигарбора ба кораш идома дод”, - гуфт ӯ.

Дар хабарномае, ки Ҷабҳаи миллии Озодагон нашр кард, омадааст, нируҳои вежаи ин ҷабҳа ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз маҷлис ва тасомими башарситезонаи гурӯҳ террористии Толибон маҷлиси олимони динии ин гуруҳро мавриди ҳамалоти худ қарор доданд.

“Дар ду рӯзи гузашта бо пахшу нашри шабномаҳои мутааддид дар манотиқи ҳавзаҳои 17, 6, 5 , 3 ва чаҳори шаҳри Кобул неруҳои вежаи амалиётии Ҷабҳаи миллии озодагон афроди мулкиро аз ширкат дар ҳар гуна маҳофили толибони террорист манъ намуда буданд. Имрӯз (30 июн) неруҳои вежаи амалиётии ҷабҳа ба хотири аз байн бурдани ҳалақот, ҳомиён ва ҷангҷуёни гурӯҳи террористи Толибон аз се нуқта ҳамалот худро болои посгоҳҳои террористони толиб роҳандозӣ карданд”, - омадааст дар хабарнома.

Ҷабҳаи миллии Озодагон гуфтааст, посгоҳҳои Толибонро дар маҳаллоти Девонбегӣ, муқобили раёсати Ҳилоли Аҳмар ва чаҳорроҳии Кортаи маъмурини шаҳри Кобул мавриди ҳамла қарор дода, ҳамчунон бар бинои Луйи Ҷирга рокет андохтааст.

“Бино ба гузоришҳои кашфӣ, чандин тан аз аъзои кобинаи худхонда гурӯҳ террористии Толибон ва даҳҳо тан аз ширкаткунандагони ҷаласаи уламои дини Толибон бар асари асобати ракетаҳо дар дохили хаймаи Луйи Ҷирга кушта ва захмӣ шуданд. Толибон аҷсоди худро аз маркази таълимии амнияти миллии пешин аз минтақаи Қалъаи Вазир бо чархболҳо ба бемористонҳои Сесадбистар ва Чорсадбистари Кобул интиқол доданд”, - омадааст дар хабарнома.

Ҷабҳаи миллии Озодагон аз ширкати 15 сарбоз ва кушта шудани ду муҳоҷим, ки аз нерӯҳои вижаи ин Ҷабҳа буданд, хабар дода, гуфтааст, захмиён аз сӯи ҳамсангаронашон ба ҷойи амн интиқол гардида ва таҳти муроқибати ҷиддӣ қарор доранд.

Хабарнигори Сангар аз Кобул мегӯяд, манобеъи наздик ба Толибон бо пахши як навори видеоӣ ҷасади се муҳоҷим ба хаймаи Луйи Ҷиргаро тасбит кардаанд.

“Ин овозаҳо вуҷуд дорад, ки тайи ин ҳамла Абдуҳаким Ҳаққонӣ, қозиюлқуззот ё раиси Додгоҳи олии Толибон ҳам кушта шудааст. Аммо ҳеҷ манбаъи Толибон ин хабарро расман ё ғайрирасмӣ таъйид накард”, - гуфт ӯ.

Рӯзи дуюми ҷаласаи олимони дини Толибон бо ширкати Мулло Ҳайбатулло Охундзода, “амирулмуъминин” – и Толибон гузашт, аммо ҳеҷ акс ё наворе, ба ҷуз садо аз ӯ расонаӣ нашуд. Аксари огаҳони ҳол бар инанд, ки ӯ зинда нест ва касе, ки ба ҷои ӯ кор мекунад, нусхаи ӯст. Дар ин ҷаласа низ Мулло Ҳайбатулло ба ҳозирин пушт гардонда, суханронӣ кард.

Аммо дар рӯзи дуюми ҷаласаи мазкур низ чанд ҳодисаи ҳамла ба Толибон иттифоқ афтод.

Хабарнигори Сангар иттило медиҳад, ки ҳаволии соати 5 -и асри ҷумъа, 1 июн, дар соҳаи чаҳорроҳии Қамбар, аз марбутоти ноҳияи Панҷуми амниятии шаҳри Кобл ба хаймаи Луйи Ҷирга чаҳор адад ракета шиллик шудааст.

Ҷабҳаи миллии озодагон дар як хабарнома аз инфиҷори як посгоҳи террористони толиб дар соҳаи Кутаи сангӣ дар кӯчаи Ҳалабисозӣ хабар дод, ки аз сӯи нерӯҳои вежаи амалиётии ин ҷабҳа анҷом шудааст.

“Замоне, ки нерӯҳои кумакии Толибон ба маҳал расид, инфиҷори дувуми низ анҷом шуд. То кунун 25 толиб дар ин ду инфиҷор кушта ва захмӣ шуданд. Даргирӣ ҳанӯз идома дорад”, омадааст дар хабарнома.

Толибон гуфтаанд, ки ин ду инфиҷор аз балонҳои газ буд.

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳое аз даргириҳо миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон дар дараи Панҷшеру Андаробҳо низ мерасанд, ки тафсилоташонро баъдтар ироа хоҳем кард.

Дар лаҳзаҳои охирине, ки ин гузориш омода мешуд, ДОИШ бо пахши як эъломия масъулияти ҳамлаҳои ҳар ду рӯзи ҷаласаи уламои Толибонро бар уҳда гирифт. Аммо ин мавриди аввал нест, ки ҳам Ҷабҳаи озодагон ва ҳам ДОЪИШ даъвои як ҳамларо мекунанд. Қаблан ҳарду ҳамла ба маросими солгарди марги Мулло Умар, асосгузори Толибонро бар дӯш гирифта буданд.

Сӯиқасд ба Мулло Яъқуб: Ҷабҳаи озодагон, ДОИШ ё Шабакаи Ҳаққонӣ?

Толибон ба хотири машруъияти миллӣ Луйи Ҷирга, маҷлиси бузурги раҳбарони ақвом ва руҳониёнро роҳандозӣ мекунанд. Ду рӯзи гузашта онҳо ҷаласаи олимони динро баргузор карда, барномаи Луйи Ҷиргаро, ки фардо, 2 июн бо ширкати беш аз 3 ҳазор нафар аз саросари Афғонистон дар назар аст, тартиб додаанд.

Ташдиди даргириҳо ва ҳамлаҳо нишон медиҳад, ки ҷабаҳоти муқовимати зиддитолибонӣ, ҳатто ДОИШ, Луйи Ҷиргаи Толибонро қабул надоранд ва ба гумон аст, ки панҷ рӯзи баргузории он низ бидуни иттифоқоти нохуш барои ин гуруҳе, ки дар гузашта худ ба ин гуна маҷолис ҳамла анҷом медод, сипарӣ шавад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!