Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Сироҷуддин Ҳаққонӣ супоришгари ҳамлаи 22 май дар Кобул ва ҳадафи аслии ин ҳамла, мухолифи аслии вай Мулло Яъқуб будааст.
Нависанда: Андрей Серенко,
Манбаъ: канали телеграми "Андрей Серенко"
1 - Бо қазоват бар асоси гузоришҳои аввалия, яке аз қурбониёни эҳтимоли ин ҳамлаи террористӣ, вазири дифоъи Толибон* Мулло Яъқуб буд. Бархе манобеъ иддао мекунанд, ки ӯ фақат захмӣ ва бархе дигар мегӯянд, ба шиддат захмӣ шудааст.
2 - Ба гуфтаи нерӯҳои муқовимати зиддитолибонӣ, иллати инфиҷор дар нишасти масъулини Толибон дар 22 май, як василаи инфиҷории насбшуда дар мошини Мулло Яъқуб будааст. Ба иддаои ДОИШ*, ин ҳамла тавассути як террористи интиҳорӣ анҷом шудааст. Шояд набояд ин ривоятро рад кард, ки ҳам неруҳои муқовимат ва ҳам ДОИШ ҳамзамон барои мунфаҷир кардани нишасти Толибон дар Кобул омода мешуданд. Ба ҳар ҳол, метавон фарз кард, ки Мулло Яъқуб яке аз аҳдофи аслии ҳамла (балки ҳадафи аслӣ) будааст.
3 - Бар асоси гузоришҳо, Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон, рақиби аслии Мулло Яъқуб дар мубориза барои қудрат дар дохили хунтаи толибонӣ, дар нишасти Толибон дар Кобул ширкат надоштааст. Метавон тасаввур кард, ки ғайбати Ҳаққонӣ як тасодуфи маҳз набуд.
4 - Маҳз Шабакаи Ҳаққонӣ аст, ки гурӯҳи интиҳории Толибонро дар Афғонистон контрол мекунад.
5 - Пеш аз ин мушаххас буд, ки гурӯҳи Ҳаққонӣ ағлаб ҳамалоти террористиро дар Афғонистон, аз ҷумла бо истифода аз бомбгузорони интиҳорӣ таҳти парчами ДОИШ анҷом медод (хилофатчиҳо масъулияти иқдомоти созмондеҳишуда ё ба дастури ҳаққониҳоро бар ӯҳда мегирифтанд).
6 - Маҷмӯъи ин зарофатҳо ба назари мо ҳокӣ аз он аст, ки эҳтимолан Сироҷуддин Ҳаққонӣ супоришгари ҳамлаи террористии 22 май дар Кобул буда ва ҳадаф аслии ин ҳамла мухолифи аслии вай Мулло Яъқуб будааст. Омили ин ҳамла як бомбгузори интиҳорӣ буд, ки таҳти контроли Шабакаи Ҳаққонӣ ба номи ДОИШ аст.
7 - Ҷолиб ин аст, ки дақиқан чӣ гуна яке аз гурӯҳҳои муқовимат ба номи Ҷабҳаи миллии Озодагон дар амалиёти террористӣ алайҳи Мулло Яъқуб ширкат доштааст. Агар ин тасодуфӣ набошад (, ки наметавон онро рад кард - ҷаласаҳои чеҳраҳои аслии Толибон як ҳадафи матлуб барои ҳамаи мухолифони онҳо аст), пас метавон фарз кард, ки Шабакаи Ҳаққонӣ ва истихбороти вазорати умури дохилаи Толибони таҳти контроли Сироҷуддин Ҳаққонӣ ҳадди ақал дар бархе аз гурӯҳҳои муқовимати зидди Толибон дорои имконоти ҷосусии ҷиддӣ аст ва метавонад бар тасмимгирии раҳбарони ин гурӯҳҳо (аз назари интихоби амалиёту аҳдоф) таъсир бигузорад.
8 - Раҳбарии гурӯҳи Ҳаққонӣ ин тавоноиро дорад, ки натанҳо аз гурӯҳҳо ва бренди ДОИШ, балки эҳтимолан бархе аз гурӯҳҳои муқовимати зидди Толибон ва бренди онҳоро ба нафъи худ дар мубориза барои нуфузу қудрат дар даруни Толибон истифода кунад.
9 - Агар дар натиҷаи сӯиқасди 22 май Мулло Яъқуб ҷони солим ба дар бурд ва агар ба ривояти "бахти тасодуфӣ" – ву ДОИШ ё нерӯҳои муқовимат дар мавриди созмондеҳии ҳамлаи террористии рӯзи якшанбе бовар надорад, бояд интизор дошт, ки иқдомоти ҷавобӣ аз тарафи ӯ дар робита бо супоришгари ҳамла - Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар роҳанд.
10 - Шиддати тазодҳои дохилӣ дар раҳбарии Толибон ва мубориза барои қудрат дар ҳукумати хунтаи толибонӣ дар ҳоли расидан ба сатҳи сифатии ҷадиде аст. Шояд Кобул дар остонаи “рӯйдодҳое” бошад, ки бо тағйироти қобили таваҷҷуҳе дар мувозинаи қудрати мавҷуд дар раҳбарии Толибон ҳамроҳ аст.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.