Ҷомиаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва расонаҳои ҷаҳонӣ ба ҷиноёти башарии Толибон дар Панҷшеру Андаробҳо ва дар умум тоҷикони Афғонистон, ки дар шаҳрҳо, бахусус, шаҳри Кобул, пеши чашмони даҳҳо созмони хориҷиву байнулмилалӣ сурат гирифт, хомӯшӣ ихтиёр карданд. Ҳоло он ҷиноятҳоро ҳамчун абзори фишор ва ба хотири ба даст овардани судҳои сиёсии худ истифода мекунад.
Аммо ҳама дар баробари ҷиноёти башарӣ – қатли оми мардуми ҳазора, ки имрӯзҳо дар Балхоб ҷараён дорад, об ба даҳон гирифтааст, дар ҳоле ки барои осебдидагони зилзилаи вилоятҳои ҷанубии паштуннишин – Хусту Пактиё миллионҳо доллар ихтисос дода, аз ин мусибати мардум низ аз Толибон суди сиёсӣ ба даст меорад.
Рӯйхате, ки дар зер оварда мешавад, нокомил, аммо субути бармалои ҷиноёти башарии Толибон ё қатли оми мардуми ҳазораи Афғонистон аз сӯи ин гурӯҳ дар шаҳристони Балхоби вилояти Сарипул, воқеъ дар маркази Афғонистон аст. Оё ин ҷинояти ҷангӣ эҳсоси ҷомиаи ҷаҳониро бедор хоҳад кард ё хайр? Ё созмонҳои ҳуқуқи башар ва расонаҳои “ҷаҳонӣ” он гуна ки дар баробари фаҷоеъи Украина вокуниш карданд, ин ҷиноятҳоро хоҳанд дид?
Ин рӯйхат аз сӯи Ғулом Ҳусайн Назарӣ, яке аз фаъолони мадании ҳазора тартиб шудааст.
РӮЙХАТИ ШУҲАДОИ БАЛХОБ,
КИ ТО ИМРӮЗ ШИНОСОӢ ВА БА ХОК СУПУРДА ШУДААНД:
1 – Сайид Ҳусайн валади Сайид Аббос, 58-сола, чӯпон, рустои Қалъагак
2 – Сайид Азим валади Сайиднур 82-сола, мардикор, рустои Тахшор
3 - Сайид Алиоқо валади Сайид Муҳаммад Ҳусайн, 22-сола, мардикор, рустои Тахшор
4 - Сайид Алӣ валади Сайид Ризо, 21-сола, мардикор, рустои Тахшор
5- Халифа Муқаддам валади Абдурраҳим, 63-сола, оҳангар, рустои Чойла
6 - Ҷаббор валади Муқаддам, 32-сола, оҳангар, рустои Чойла
7- Ҳусайн валади Алӣ Муҳаммад, 28-сола, деҳқон, рустои Ялтаркак
8 - Мусаллам валади Алӣ, 17-сола, мардикор, рустои Ялтаркак
9 - Нодир валади Раҳим, 17-сола, чӯпон, рустои Чинорак
10 - Иброҳим валади Абдулҳусайн, 34-сола, деҳқон, рустои Чинорак
11 - Яъқуб валади Исмоил, 22-сола, чӯпон, рустои Чинорак
12 - Мир валади Девона, 35-сола, мардикор, рустои Бозори Кӯҳна
13 - Аҳмад валади Ходим, 31-сола, деҳқон, рустои Шерқалъа
14 - Сайид Ҳамид Балхӣ валади Сайид Исмоил, 27-сола, донишҷӯ, рустои Парушон
15 – Амонуллоҳ, 40-сола, мардикор, рустои Ҳуш
16 - Ғулом Набӣ, 45-сола, мардикор, рустои Ҳуш
17 - Муҳаммад Амин, бародари Мавлавӣ Ато, 50-сола, мардикор, рустои Тахшор
18 - Муҳаммад Алӣ, шавҳари хоҳари Мавлавӣ Ато, 35-сола, мардикор, рустои Тахшор
19 – Бибӣ Нозука, хонуми Ҳоҷӣ Абдулҳусайн, 75-сола, рустои Кӯшкак
20 - Ғулом Сахӣ фарзанди Ғулом Набӣ, 72-сола, мардикор, рустои Гулварз
22 - Ҷавод фарзанд Ҷумъаалӣ, 65-сола, мардикор, рустои Гулварз
23 - Маҷид фарзанди Муҳаммадалӣ, 28-сола, мардикор, рустои Гулварз
24 – Ғуломалӣ, фарзанди Аваз, 23-сола, рустои Гулварз
25 - Шаҳиди шиносоинашуда, ки ба таърихи 5 саратон дар Хаволсиёгак дафн шудааст.
26 - Шаҳиди шиносоинашуда, ки ба таърихи 5 саратон дар Хаволсиёгак дафн шудааст.
27 - Шаҳиди шиносоинашуда, ки ба таърихи 5 саратон дар Хаволсиёгак дафн шудааст.
28 - Шаҳиди шиносоинашуда, ки ба таърихи 7 саратон дар Хаволсиёгак дафн шудааст.
29 - Шаҳиди шиносоинашуда, ки ба таърихи 7 саратон дар Хаволсиёгак дафн шудааст.
30 – Насруллоҳ, ҷавони мардикор, рустои Тархуҷ
31 - Муҳаммад Ризо, ҷавони мардикор, рустои Тархуҷ
32 - Сайид Мирҳусайн валади Сайидризо, 21-сола, мардикор, рустои Даҳана
33 - Хонум Суман, ҳамсари Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайн (ҷарман) 80-сола, пиру хонанишин, рустои Ҳуш
34 - Падари Ҳоҷӣ Ҳайдарии Ҳушӣ, 90-сола, пиру хонанишин, рустои Ҳуш
35 - Кӯдаки хурдсол, ки бо падари Ҳоҷӣ Ҳайдарӣ якҷо шаҳид шудааст.
ШУҲАДОЕ, КИ ГУФТА МЕШАВАД ПАЙКАРАШОН ДИДА ШУДА,
ВАЛЕ ҲАНӮЗ ШИНОСОӢ ВА ДАФН НАШУДААНД:
1 - Пайкари 6 шаҳид дар Шерқалъа дида шуда, ки ҳама афроди мулкӣ ва мардикоранд.
2 - Пайкари 3 шаҳид дар айлоқи Гарав дида шуда, ки ҳама мардикор будаанд.
3 - Пайкари 13 шаҳид аз мардуми мардикор, ки аз тарси Толибон дар як масҷид дар айлоқи Чинорак паноҳ бурда буданд ва ҳама шаҳид шудаанд.
***
Гуфта мешавад, ки дар рустоҳои Ҳуш, Парушон, Ларкард, Тӯғай ва Даҳана низ шуморе аз шуҳадо дафннашуда боқӣ мондаанд ва дар миёнашон занону кӯдакон низ шомил ҳастанд. Мардуми маҳал ба кӯҳҳо фирор карда ва Толибон ҳанӯз иҷоза надодааст, ки шуҳадо шиносоӣ ва дафн шаванд.
Шуҳадое, ки дирӯзу имрӯз дафн шудаанд, бо подармиёнии ришсафедон ва бо иҷозаи мактуби волии Толибон буда, аммо бо он ҳам иҷоза ташйиъ ва такрим дода нашудааст ва бо тавҳину таҳқир дафн шудаанд.
- Шуҳадои Гулварз дар як гӯри дастаҷамъӣ дафн шудаанд.
- Мардуми маҳал ва Толибон дар масҷиди ҷомеъи Тархуҷ барои шаҳид Муҳаммад Амин, бародари Мавлавӣ Ато маросими фотиҳахонӣ гирифтанд.
- Талошии хона ба хона дар манотиқи Ҷарм, Душох, Ҷаҳ, Устувон, Чӯби Ҳусайнӣ, Зу, Чоҳзамин ва Чашмаи Гарм дар поин Балхоб ва рустоҳои Туғай, Ҳуш, Парушон, Ларкард, Даҳана ва атрофи Тархуҷ оғоз шудааст. Касоне дар хона набуда, қуфли дарвозаҳоро шикастонда ворид шудаанд.
- Дар манотиқи ёдшуда боздошт ва дастгириҳое низ аз мардуми мулкӣ гузориш шудааст, ки ҳувияташонро иҷоза надорам фош кунам.
- Волии Толибон ба намояндагӣ аз раҳбарашон афви умумӣ эълом кардааст.
- Мардум аммо ҳамчунон дар кӯҳҳо овора ҳастанд ва ба кӯмакҳои оҷил ва дору ниёз доранд.
- Толибон ба Юнамо, Салиби Сурх ва гузоришгарони ҳуқуқи башар иҷозаи рафтан ба Балхобро надодаанд.