Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон як конфронси умумиафғонӣ баргузор хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 04 июл – Сангар, Фирдавси Низом. Қарор аст дар ин нишаст Толибон низ даъват шаванд.
Як манбаъ дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба вебсойти Сангар гуфт, дар ин нишаст намояндагон аз тамоми қишрҳои сиёсиву қавмӣ, ба шумули гуруҳи Толибон даъват хоҳанд шуд.
“Ҳадаф баррасии роҳҳалҳои сиёсӣ барои бурунрафт аз буҳрони кунунӣ ва эҷоди як ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон аст. Бо гузашти 10 моҳ Толибон собит намуданд, ки қудрати муттаҳид кардани мардуми Афғонистонро надоранд. Онҳо қодир ба эҷоди як ҳукумати фарогир ба намояндагӣ аз тамоми ақшори кишвар нестанд”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ гуфт, барои баргузор кардани ин конфронс як кумитаи техникӣ Масъуд эҷод шуда, корҳои созмондеҳии он, аз ҷумла тартиб додани феҳристи ширкаткунандагон ҷараён дорад.
“Ҳоло мушаххас нашудааст, ки дар ин конфронс чанд нафар ширкат хоҳад кард ва чанд рӯз бояд давом ёбад. Ададҳои зиёд аз 50 то 100 нафарро ба баррасӣ гирифтаем. Аммо дақиқ аст, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ақвом, қишри занон ва маҳофили равшанфикри Афғонистон даъват хоҳанд шуд”, - гуфт манбаъ.
Ҳафтаи гузашта бо ибтикори Толибон дар шаҳри Кобул Луйи Ҷирга, маҷлиси бузургони Афғонистон бо ширкати беш аз 3,5 ҳазор мутанаффиз ва олими дини аз саросари кишвар баргузор шуд, аммо мавриди интиқолҳои шадиди мухолифини Иморати исломӣ қарор гирифт.
Ҳамсӯҳбати Сангар мегӯяд, Луйи Ҷирга як ҷаласа ба хотири гирифтани байъат барои “амир ул-муъминин” – и худхондаи Толибон баргузор шуд ва ба мушкилоти Афғонистон, аз ҷумла фақру бекорӣ ва ноамниву нақзи ҳуқуқи башар, пеш аз ҳама, занону духтарон посух нагуфт.
“Толибон бо ҷамъ кардани як тӯдаи аксаран пиру барҷомонда хостанд машруъияти дохилӣ ба даст оранд, ки тирашон хок хӯрд. Бо ин вуҷуд, Ҷабҳаи муқовимат ба ҳалли қазияи Афғонистон аз роҳи гуфтушунид пойбанд аст. Ҷанг роҳи ҳал ва расидан ба як сулҳу суботи пойдор нест”, - гуфт ӯ.
Аз сӯи дигар, ҳарфи конфронсе, ки қарор аст Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанбе баргузор кунад, пас аз сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ба миён омад.
Бино ба гузоришҳои дарёфтии Сангар, яке аз мавзӯъҳои аслии мулоқоти Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон баррасии афзойиши фаъолиятҳои созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар қаламрави Афғонистон аст, ки баъди ба қудрат расидани Толибон мушоҳида мешавад.
Маҳофили огоҳ дар Русия ва Осиёи Марказӣ бар инанд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд ва дигар нерӯҳои зиддитолибонӣ, бахусус дар шимоли Афғонистон, муҳимтарин нерӯи зидди терроризм ҳастанд ва кишварҳои минтақа бояд аз онҳо пуштибонӣ кунанд.
Хабару овозаҳо дар бораи мулоқоти Владимир Путин ва Аҳмади Масъуд то ба ҳол расман таъйиди худро пайдо накардаанд, аммо аз сафари раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон маҳофили хос дар минтақа ба ин натиҷа расидаанд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамчун як нерӯи сиёсиву низомии зиддитолибонӣ ва зиддитеррористӣ ҷойгоҳи худро дар “Бозии бузурги ҷадид” тасбит кардааст.