Раҳбарони муқовимати зиддитолибонӣ аз саросари Афғонистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон ҷамъ меоянд
МАШҲАД, 10 апрел – Сангар, Заҳири Фақир. Бино ба гузоришҳои пешакӣ, қарор аст дар ин ҷаласаи бузург раҳбарони аҳзобу танзимҳо ва ҷабаҳоти низомии зиддитолибонӣ сохтори ояндаи муқовимати саросарӣ алайҳи Толибонро мушаххас кунанд.
Як манбаъи огоҳ аз ин ҷараёнот ба Сангар гуфт, рӯзҳои оянда дар шаҳри Машҳад ва ё Теҳрони Эрон тамоми сарони муқовимати зиддитолибонӣ аз дохилу хориҷи Афғонистон ҷамъ омада, сохтори ягонаи муқовимат алайҳи Толибонро ба вуҷуд орад, ки фарогири тамоми танзимҳои сиёсиву низомӣ, ақвом ва нерӯҳои равшанфикр бошад.
“Пешниҳодҳои аввал ин аст, ки сари ду шӯро ё як шӯрои дуқабата файсала сурат бигирад. Яке шӯрои калон хоҳад буд, ки ҳудуди 100 нафар, аз ҷумлаи раҳбарони сиёсиву низомиро муттаҳид мекунад. Дигарӣ, шӯрои хурд, ки камтар аз 15 нафарро дарбар мегирад ва доим фаъол мебошаду бештар машвара мекунад. Ҳамзамон ба ин шӯро ҳам ҳузурӣ ва ҳам онлайн аз вилоёту ҷабҳаҳо ширкат хоҳанд кард. Кулли ин талошҳо барои саросарӣ кардани ҷанг алайҳи Толибон дар Афғонистон ва баргардонидани ҳаққи мардум ба таъйини сарнавишти худ аст”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои ибтидоӣ, дар ин ҷаласаи бузург сарони тамоми аҳзобу танзимҳои сиёсиву низомӣ, аз қабили Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Устод Атомуҳаммади Нур, Салоҳуддин Раббонӣ ва Амир Исмоилхон, раҳбарони Ҷамъияти исломӣ, Абураб Расули Сайёф, раҳбари Иттиҳоди исломӣ, маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллӣ – ислом, Абдукарим Халилӣ ва Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбарони Ҳизби ваҳдати исломӣ, Тодинхон, раҳбари муқовимати Қандаҳор, Муҳаммад Ёсин Зиё, раҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон ва дигарон шахсан ё тариқи афроди мавриди эътимоди худ ширкат кунанд.
Ҷузъиёти бештар аз ин ҷаласа то ба ҳол ба даст наомадааст. Таърихи дақиқи баргузории ҷаласа маълум нест.
Ин аввалин ҷаласаи бузурги нерӯҳои зиддитолибонӣ пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон дар моҳи августи соли гузашта хоҳад буд. Дар ин миён дар кишвар чандин ҷабҳа барои мубориза бо Толибон эҷод шуд, ки аввалини он Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Муқовимати аввал (1996 – 2001) буд.
Тайи моҳҳои ахир Ҷабҳаи озодагон, раҳбараш Доктор Сулаймон, Таҳрики исломӣ – миллии озодии Афғонистон, раҳбараш Абдулматин Сулаймонхел, Ҷабҳаи озодии Афғонистон, раҳбараш Муҳаммад Ёсин Зиё, Ҷабҳаи Нур, ё Ҷамъияти исломии Устод Атомуҳаммади Нур, Ҷабҳаи озодӣ ва мардумсолории “Ҳазористон”, роҳбараш номаълум ва Сипоҳи Озодӣ, ки раҳбараш Масъуди Андаробӣ гуфта мешавад, аз мавҷудияти худ дарак доданд.
Ҷаласаи Эрон дар ҳоли ба ҳадаф расидан ин ҷабаҳоти титу парокандаи зиддитолибониро қарор аст муттаҳид ва ба як нерӯи воҳид табдил ва ҷангро дар Афғонистон саросарӣ кунад, дар акси ҳол, ҳоло вазнинии ҷангро танҳо ду минтақа – Панҷшеру Андаробҳо мекашанд.
Бадахшон, ки интизор буд, ба ҷабҳаи қавии сеюм табдил ёбад, тайи як ҳафтаи ахир заработи шадидеро мутаҳаммил ва то ҷое пароканда шуд. Ҳамин рӯзҳо Толибон дар вилояти Тахор низ ба як амалиёти тасфиявӣ алайҳи нерӯҳои зиддитолибонӣ даст задаанд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст