Собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, дар нишасти ахири Маскав иродаи минтақавӣ барои ҳимоят аз муқовимати Афғонистон зуҳур кард
Маскав, 10 феврал - Сангар, Толиб Алиев. 8 феврал панҷумин нишасти чандҷонибаи дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар бораи Афғонистон дар меҳмонхонаи “Метропол”-и Маскав баргузор шуд.
Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, дар сафҳаи фейсбукии худ навишт, ки ин нишаст аввалин гом дар ҷиҳати намоиши иродаи давлатҳои минтақа дар ҳимоят аз муқовимат барои тағйири вазъ дар Афғонистон аст.
“Мумкин аст таърифи фароянди ҳимоят барои ҳар як аз давлатҳо мутафовит бошад, аммо дар мавқифгирии ҳамаи онҳо як ваҷҳи муштарак ва ғайри қобили инкор вуҷуд дорад, ки толиб ҳукумат нест ва нахоҳад шуд, магар ин ки ба хости мардуми Афғонистон ва давлатҳои минтақа гӯш диҳад. Дар мавқифгирии ҳар як аз ин кишварҳо возеҳ шудааст, ки онҳо аз бофти иҷтимоӣ – сиёсии Афғонистон бохабаранд ва ривояти толибро, ки аз Афғонистон намояндагӣ мекунад, намепазиранд”, - мегӯяд Солеҳ.
Вай меафзояд, таҳлили мусаллат дар нишаст ин буд, ки аслиҳаи раҳошуда тавассути НАТО ва Амрико ба Толибон фақат ду истифода дорад: ё ин ки бар зидди мардуми Афғонистон ва барои саркӯб кор гирифта мешавад ва ё ҳам ба гурӯҳҳои террористӣ ба фурӯш мерасад.
“Ин бахш аз мавқифгирии онҳо возеҳ месозад, ки қувваи қаҳрияи толиб машрӯъият надорад ва амалкарди он ҷинояткоронаву террористӣ пиндошта мишавад. Идомаи вазъияти асафноки кунунӣ боиси фирори бештари мардум аз кишвар, ташдиди фақр, бечорагӣ ва заминасози густариши гурӯҳакҳои террористӣ мешавад”, - гуфтааст собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон.
Ба бовари Амруллоҳ Солеҳ, иштироккунандаҳои нишасти Маскав чӣ возеҳу чӣ талвеҳӣ ва дар лифофа толибро мизбон ва ёри гурӯҳҳои террористӣ медонанд ва ҳеҷ ишорае ба тавофуқномаи бадноми Қатар, ки дар воқеъ дасисае барои вогузории Афғонистон ба Толибон буд, нашудааст.
“Ин адами зикри тавофуқномаи Доҳа нишон медиҳад, ки агар қарор аст мушкил аз роҳи музокира ҳал гардад, ба ҳеҷ ваҷҳ дар чорчӯби қарордоди Доҳа буда наметавонад”, - навиштааст ӯ.
Собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон инро барои ҳавза муқовимат як хабари ниҳоят хуш ва мусбат арзёбӣ карда, меафзояд, ривояти сиёсии баромада аз нишасти Маскав заминаи дарёфти ҳимояти воқеӣ дар абъоди мухталиф шуруъ аз ахлоқӣ, сиёсӣ, молӣ ва ҳатто низомиро барои нерӯҳои зиддитолиб ба сурати марҳалавор фароҳам хоҳад сохт.
“Зуҳури ин блоки қудратманди минтақавӣ, ки таваҷҷуҳи хос ба пурсиши ҳалношудаи Афғонистон маътуф доштааст, паёмест бар зидди ривояти тардиди чӣ хориҷӣ ва чӣ ҳам дохилӣ, ки гӯё муқовимат натиҷа намедиҳад ва иштиҳое барои ҳимоят аз он вуҷуд надорад”, - афзудааст Амруллоҳ Солеҳ.
Вай меафзояд, муқовимат бархоста аз дили мардуми Афғонистон аст ва ҳимоят низ мешавад, зеро зарфияти сиёсӣ ва манобеъи молии Толибон барои мудирияти буҳроне, ки ҳар рӯз амиқу густурда мешавад, хеле кӯчаку нокофӣ аст ва аз ин ҷост, ки ҳеҷ ақли салим иҷоза намедиҳад, ки дар Афғонистон зери контроли ин гурӯҳ сармоягузории стратегӣ сурат гирад.
“Толиб фоқиди ҷаззобияти стратегӣ ва машрӯъияти миллӣ аст ва асри ҳамсӯии баъзеҳо бо толиб низ дар ҳоли поён ёфтан аст. Ба ҳайси касе, ки худро фаъол дар муқовимат медонам, аз паёмади нишасти Маскав хушбин ва боздеҳи онро истиқбол мекунам. Иншоаллоҳ”, - хулоса мекунад Амруллоҳ Солеҳ.
8 феврал дар Маскав, пойтахти Русия, дабирони Шӯроҳои амнияти нуҳ кишвари минтақа - Русия, Чин, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон – баргузор шуд, ки мушаххасан рӯи қазияи Афғонистон баҳсу табодули назар карданд. Дар ин нишаст Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, низ ширкат ва аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ намуд.