Хабари рӯз

Мулло Ҳайбатуллоҳ як артиши 56 – ҳазорнафараро барои муқобила “бо як таҷовузи хориҷии дигар” омода кардааст.

Қандаҳор, 29 январ - Сангар, Мирвайс Шерзай. Яке аз раҳбарони муқовимати зиддитолибонӣ дар Туркия мегӯяд, ки то ду – се моҳи дигар дар Афғонистон тағйири ҷиддӣ хоҳад омад.

Як манбаъ аз атрофиёни Мулло Ҳайбатуллоҳ, ки номашро зикр намекунем, ба хабарнигори “Сангар” гуфт, артиши Мулло Ҳайбатуллоҳ аз фармондеҳони вафодор, умдатан, паштунҳои Луи Кандаҳор комилан таҷҳизу омода шуда, худи ӯ гуфтааст, ки онро барои як ҷанги дигар алайҳи таҷовузи хориҷӣ ҷамъ кардааст.

“Шахси “амирулмуъминин” аз кишваре ном набурда, аммо атрофиёнаш бар инанд, ки манзури ӯ Покистон ва Амрико ҳастанд, ки дар садади аз миён бурдани ӯ ба дасти Шабакаи Ҳаққонӣ ва гуруҳи Мулло Яъқуб мебошанд”, - гуфт манбаъ.

Қаблан “Сангар” хабар дода буд, ки бо фармони Мулло Ҳайбатуллоҳ як Шӯрои амният ба раҳбарии Садр Иброҳим, фармондеҳи матраҳи Толибон ва узвияти се фармондеҳи аршади дигар – Мулло Ширин, Мулло Фозил ва Мулло Қаюм Зокир таъсис ёфтааст. Ин Шӯро амалан ҳоло зимоми умури ниҳодҳои қудратӣ дар Афғонистонро дар даст дорад.

"Кудатои нарм"-и Ҳайбатуллоҳ алайҳи Ҳаққониҳо ва Қандаҳориҳо

Пас аз нашри ин хабар наворҳое аз Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила, Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ва Абдусалом Ҳанафӣ, муовини ӯзбектабори раисулвузарои Толибон пахш шуданд, ки бидуни зикри ном аз Мулло Ҳайбатуллоҳ интиқод карданд.

Иттилои дигаре, ки аз фармондеҳии амнияи Толибон ба хабарнигори “Сангар” расид, тайи ҳафтаи гузашта ба асоси ҳидояти Мулло Ҳайбатуллоҳ тамоми қитаоти нерӯҳои интиҳории марбути Шабакаи Ҳаққонӣ аз Кобул ба вилояти Кандаҳор интиқол ёфтааст.

“Онҳоро дар яке аз таъсисоти марбут ба пойгоҳи ҳавоии Кандаҳор ҷойгир карданд. Ин нерӯҳо аз ин ба баъд мустақим аз худи Ҳайбатуллоҳ фармон хоҳанд бурд”, - гуфт манбаъ.

Зоҳиран, Мулло Ҳайбатуллоҳ қадам ба қадам ҳукумати худро тақвият ва мухолифонаш, аз ҷумла Шабакаи Ҳаққониро тазъиф мекунад, ки ба навбаи худ нишонае аз доғ шудани рақобатҳои қудратҳои дахил дар умури Афғонистон низ ҳаст.

Аз таҳлилҳое, ки расонаҳои муътабари амрикоӣ ба нашр расонданд, чунин маълум мешавад, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ дар бозии Амрико нест ва Вашингтон сари Шабакаи Ҳаққонӣ ва Мулло Яъқуб ҳисоб мекунад.

Афғонистон дар соли 2023: “дидгоҳи амрикоӣ”

Бархе иттифоқоти дигар, аз ҷумла ширкат накардани намояндаи Толибон дар нишасти Маскав ва ҳамчунин созишномаи миёни як ширкати покистонӣ бо Лаҳистон дар мавриди ироаи силоҳ ба Варшава нишон медиҳад, ки Покистон, пуштибони Шабакаи Ҳаққонӣ ва дар умум холиқи Толибон, низ дар нимаи амрикоии майдон қарор дорад.

Раддипои Покистон дар ҷанги Украина

Огаҳони аҳвол бар инанд, ки Исломобод ташдиди фаъолиятҳои Таҳрики Толибони Покистон (ТТП)-ро аз Ҳинду Русия медонад. Таҳрики Толибони Покистон, ки дар вилоятҳои Кандаҳор, Ҳилманд ва Зобул паноҳ бурдааст, бино ба иттилоъи манобеъи мувассақ, бо Мулло Ҳайбатуллоҳ робитаи танготанг дорад ва аз сӯи Ҳинд тамвилу таҷҳиз мешавад.

Аммо иттилоъи мувассақе дар бораи ин нест, ки Мулло Ҳайбатуллоҳро чӣ кишваре пуштибонӣ мекунад. Магар бархе шавоҳид ва далоили равшан бар ин ишора мекунанд, ки пушти ӯ Эрон, Ҳинд ва Русия қарор доранд. Аз ҷумла Садр Иброҳим ва Мулло Қаюм Зокир, аз “толибони эронӣ” ё таҳти ҳимояи Эрон ба ҳисоб мераванд.

Бино ба як гузориши тоза, ки аз манобеъи “Сангар” дар Эрон ба даст расид, вазорати хориҷаи ин кишвар сарпарасти сафорати Афғонистонро эҳзор намуда, аз ӯ хостааст, ки дарвозаи сафоратро бандад ва калиди онро супорад. Як санаде ҳам ба имзои Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, нашр шуд, ки бино ба он, касе ба номи Фазлмуҳаммад Ҳаққонӣ ба ҳайси сарпарасти сафорати Афғонистон дар Теҳрон муқаррар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, яке аз раҳбарони собиқи ҷиҳодӣ (номаш маҳфуз аст) дар Туркия ба манбаъи “Сангар” гуфт, ки то ду моҳи дигар дар вазъи Афғонистон тағйир хоҳад омад.

“Покистону Амрико бояд Мулло Ҳайбатуллоҳро аз миён баранд. Барномаи онҳо ин аст, ки як ҳукумати фарогирро бо ширкати қисмати як кам муътадили Толибон, назири Шабакаи Ҳаққонӣ ва Мулло Яъқуб ва ҳам аҳзобу созмонҳои рӯ ба Амрико ва бархе чеҳраҳои Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон ташкил кунанд”, - гуфт манбаъ.

Гузоришҳои таъйидношудае низ вуҷуд доранд, ки аз ташдиди ихтилофҳои миёни Толибон дар Кобул ривоят мекунанд. Аз ҷумла ду рӯзи қабл Толибони мансуб ба гурӯҳи Ҳаққонӣ ба ҳавзаи 21-и марбути толибони гурӯҳи Ҳайбатолла ҳуҷум бурда, асокири ҳавзаи марбутаро халъи силоҳ кардаанд. Дар посух толибони гурӯҳи Ҳайбатуллоҳ ба ҳавза 5 – и марбути гурӯҳи Ҳаққонӣ ҳамла бурда, пас аз даргирии кӯтоҳ ҳавзаро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Аз маҷмӯъи ин гузоришҳо метавон ба ин натиҷа расид, ки майдони рақобати қудратҳо дар Афғонистон рӯз ба рӯз доғ мешавад. Аз як сӯ, Амрикову Покистон мехоҳанд на фақат ҳузури худро дар Афғонистон ҳифз кунанд, балки идораи умурро ба даст гиранд. Аз сӯи дигар, Русия, Ҳинд, Эрон ва Чин талош доранд, ки на фақат умури Афғонистонро дар даст дошта бошанд ва Амрикоро барои ҳамеша ронанд, балки Покистонро низ ҳамчун “маркази шарорат” аз байн баранд.

Зоҳиран, “таҷовузи хориҷӣ” – е, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ дар назар дорад, ба ҳамин барномае рабт дорад, ки чаҳор кишвари ахир рӯи даст доранд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!