Хабари рӯз

Ба фармони Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд, раҳбари Толибон, амалиёте барои тазъифи мавозеъи “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва гурӯҳи Қандаҳор роҳандозӣ шудааст.

Қандаҳор, 29 январ - Сангар, Мирвайс Шерзай. Қарор аст ин амалиёт, ки ба баҳонаи “поксозии суфуф” дар Кобул шуруъ шуда, ба тамоми шаҳрҳо ва вилоёти Афғонистон густариш ёбад.

Як манбаъи наздик ба раҳбарии Толибон дар Қандаҳор ба “Сангар” гуфт, Мулло Ҳайбатуллоҳ, Садр Иброҳим, яке аз фармондаҳони аршади Толибонро ба унвони сарпарасти нерӯҳои амниятӣ ё раиси Шӯрои амнияти Толибон ва се фармондеҳи вафодор ва қудратманд - Мулло Ширин, Мулло Фозил Мазлум ва Мулло Қаюм Зокирро ба унвони аъзои ин шӯро таъйин кард.

“Ин се нафар дар ҳузури шайх Ҳайбатуллоҳ бо Садр Иброҳим байъат карданд. Ҷолиб аст, ки қабл аз маросими савганди вафодорӣ, ба Муҳаммад Юсуф Вафо, волии Қандаҳор дастур дода шуд, ки аз маҳалли ҷаласа хориҷ шавад”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, ба салоҳдиди раҳбари Толибон Мулло Яъқуб Охунд аз тамоми ихтиёроти вазири дифоъ салб шуда ва Мулло Фозил дарвоқеъ фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳро бар ӯҳда хоҳад дошт.

“Дар ҷаласае дар вазорати дохилаи Толибон, яке аз фармондеҳони маъруфи гуруҳи Садр Иброҳим (ном ӯро намегӯям), ба Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила тавҳин кард, ки вай дар посух сукут кард ва даҳони худро бо дастмол пӯшонд. Акнун Ҳаққонӣ низ радди салоҳият шудааст, ӯ аз шӯрои Садр Иброҳим итоат хоҳад кард”, - гуфт ӯ.

Пеш аз ин манобеъи “Сангар” аз Кобул гузориш дода буданд, ки Мулло Яъқуб се бор истеъфономаи худро навишта, аммо Мулло Ҳайбатуллоҳ онро напазируфтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, вазири дифоъи Толибон ба наздиконаш гуфтааст, ки аз тамоми ихтиёрот салб шудааст ва ҳеҷ маъние барои ҳузур дар ин курсӣ намебинад.

Манбаъ афзуд, ки Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Толибон низ акнун як раиси намоишӣ хоҳад буд ва салоҳиятҳои вай низ ба гурӯҳи Садр Иброҳим мунтақил шудааст.

“Тарҳ ин аст, ки суфуфро бо истифода аз қудрати сахту нарм пок кунанд. Поксозии суфуф бо халъи силоҳи Толибони тоза мусаллаҳшуда оғоз шуд. Ин кор боиси шикаста шудани сутуни фуқароти Шабакаи Ҳаққонӣ ва гурӯҳи Восиқ мешавад ва ҳар дуи онҳо ба таври худкор тазъиф хоҳанд шуд", - гуфт манбаъ.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, яке дигар аз аҳдофи амалиёти мавсум ба "поксозии суфуф" ҳифз горди куҳнаи Толибон дар қудрат аст ва толибони ҷадид метавонанд пас аз таъйиди Садр Иброҳим ва се узви дигари шӯрои ӯ ба суфуф бпайванданд.

Вай афзуд, толибони ҷадид тавассути Шабакаи Ҳаққонӣ ва Мулло Яъқуб барои тақвияти қудрат ва нерӯҳои худ бо пули будҷаи умумӣ истихдом шуда буданд.

“Садр Иброҳим ба ҳардуи онҳо гуфт, ки дар кори ӯ ва афродаш дахолат накунанд. Агар ин корро анҷом диҳанд ба бағоват ё ҳамкорӣ бо ДОИШ муттаҳам ва саркӯб хоҳанд шуд. Зоҳиран Ҳаққонӣ ва Яъқуб аз фармони Мулло Ҳайбатуллоҳ итоат хоҳанд кард ва ба ҷоҳталабиҳои худ поён хоҳанд дод, зеро наметавонанд “байъат” бо “амирулмуъмнин”-и худро нақз кунанд”, - гуфт манбаъ.

Пеш аз ин, Мулло Ҳайбатуллоҳ, Абдулманнон Умарӣ, амаки Мулло Яъқуб ва бародари Мулло Умар, бунёнгузори Толибонро аз симмати худ ба унвони вазири фавоиди омма барканор кард ва ӯро ба симмати поинтар ва камтар судовар - вазири кор ва ҳифи иҷтимоӣ мансуб намуд.

Манбаъи “Сангар” мегӯяд, дар лаҳни Нидомуҳаммад Надим, вазири таҳсилоти олӣ, ки нафари Шабакаи Ҳаққонӣ маҳсуб мешавад, дар масъалаи донишгоҳҳои занон низ нармиш омадааст.

“Ин воқеият, ки Толибон гоҳе бар Ҳамид Хуросонӣ, ба истилоҳ, толиби ҷадид, яке дигар аз аъзои Шабакаи Ҳаққонӣ фишор меоваранд, низ ба ин поксозиҳо муртабит аст”, - гуфт ӯ.

Манбаъ афзуд, рӯйдодҳои ахир Муҳаммад Юсуф Вафо, волии бонуфузи Қандаҳорро низ мутазалзил кардааст, ки метарсад аз симмати худ барканор шавад ва акнун мӯътақид аст, ки шайх ба ҳарфи ӯ гӯш намедиҳад.

“Шаби гузашта Ҳофиз Ҳамдуллоҳ, намояндаи парлумони Покистон дар Испинбулдак меҳмони Ҳоҷӣ Муллодод Нурзай буд. Ҳоҷӣ Муллодод яке аз сарватмандтарин мардони ҷануб Афғонистон аст. Ҳар ду ба шайх Ҳайбатуллоҳ тавсия карданд, ки волии Қандаҳорро барканор кунад. Ҳоҷӣ Муллодод дар гузашта ба Толибон кӯмаки зиёде кардааст ва раҳбарони Толибон аз ӯ қадрдонӣ мекунанд ва ба ӯ эҳтиром мегузоранд”, - гуфт манбаъ.

“Кудатои нарм”-и Ҳайбатуллоҳ Охунд, бақо ва қудрати дигар раҳбарони Толибонро таҳдид мекунад. Ӯ дар воқеъ “амирулмуъмнин”-и Толибон аст, ки қудрати мутлақ дорад ва ҳар коре мехоҳад анҷом медиҳад.

Аммо пас аз тасарруфи Кобул тавассути Толибон, қудрати амалӣ ба дасти ду гурӯҳ расид - Қандаҳориҳо ба раҳбарии Мулло Бародар ва Мулло Яъқуб ва Шабакаи Ҳаққонӣ ба раҳбарии Сироҷуддин Ҳаққонӣ. Ин ду гурӯҳ дар Кобул ва вилоёт қудратро тақсим карда буданд.

Мулло Ҳайбатуллоҳ барои ҳифзи қудрати худ, Шӯрои олии уламоро бо маркази он дар Қандаҳор таъсис кард, ки идороти он дар ҳар вулусволиву вилоят вуҷуд дорад ва онҳо ҳаққи комили назорат бар ҳама ниҳодҳои давлатиро доранд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи дигар дар миёни Толибон дар Қандаҳор ба Сангар гуфт, ки чанд рӯз пеш як ҳавопаймои бидуни сарнишин ба самти Спинбулдак шиллик кард, ки маҳалл он ва ин ки оё ин паҳпод амрикоӣ ё покистонӣ буд, мушаххас нашуд. Аммо билофосила пас аз он Мулло Ҳайбатуллоҳ ба Садр Иброҳим дастур дод то амалиётро дар Кобул ва соири вилоёт оғоз кунад. Ба гуфтаи вай, ин амалиёт ё оғози амалиёт алайҳи Доъиш хоҳад буд ва ё ҷанги дохилӣ миёни худи Толибон оғоз хоҳад шуд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!