Хабари рӯз

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз шаҳодати 4 узваш, ба шумули як фармондеҳ ва куштаву захмӣ шудани 45 ҷангҷӯи Толибон дар Бадахшон хабар дод.

Кундуз, 19 август - Сангар, Ҷа​мшед Бадахшӣ. Даргириҳо миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон тайи 12 рӯзи ахир дар ду вулусволии ин вилоят ба вуқуъ пайвастанд.

Бино ба иттилое, ки дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ихтиёри “Сангар” гузошт, Толибон 12 рӯз пеш ҳамалоти густурда ва ваҳшёнаеро бар мавозеъи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар шаҳристонҳои Шуҳадо ва соҳаи Шеваи Арғанҷхоҳ оғоз карданд.

Манбаъ гуфт: “Дар ин набардҳо 18 толиб аз сӯи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба ҳалокат расид ва 27 тани дигар захмӣ шудд. Ҳамчунин 4 воситаи низомии Толибон мунҳадим гардид”.

Бино ба ин манбаъ, дар ин набардҳо ҷангҷуён аз қулурдуи Кундуз, ки фармондеҳии онро Мавлавӣ Амонуддини бадахшӣ ба дӯш дорад, қитаоти вежаи “Бадрӣ” ва нерӯҳои сарҳадии Толибон ширкат доштанд, то рӯъбу ваҳшати бештаре дар миёни мардум эҷод кунад.

Манбаъ афзуд: “Тибқи гузориши манобеъи иттилоотии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, рақами талафоти душман дар ин набардҳо бамаротиб бештар аз омори бадастомада аст, аммо ба далели номусоид будани ҷуғрофияи ҷангу талоши душман дар пинҳонкории талафот, омори фавқуззикр таъйид гардидааст”.

Дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимат шаҳодати 4 тан аз размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба шумули фармондеҳ Тоҳир ва захмӣ шудани 2 тани дигарро таъйид кард.

Бино ба иттилое, ки “Сангар” аз манобеъ дар маҳал ба даст овард, фармондеҳ Тоҳир ва як нафари дигар ба номи Мусаддиқ, бошандагони аслии рустои Бушти вулусволии Шуҳадо, ду тани дигар – Шукруллоҳ ва Наим, бошандагони аслии рустои Малангоби шаҳристони Баҳорак буданд.

Аз ҷониби Толибон як фармондеҳ ба номи Фаттоҳ Яфталӣ, бошандаи аслии вулусволии Яфтал низ кушта шуда, гузоришҳое аз кушта шудани чанд ҷангҷӯи қулурдуи Кундуз ва қитъаи “Бадрӣ”, ки ҳувияташон маълум нест, низ вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, чандин гузориши дигар аз Бадахшон, минҷумла шаҳристонҳои Ҷурм, Арғанҷхоҳ, Баҳорак, Дарвоз ва Роғистон мерасад, ки таҳаррукоте аз сӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба роҳ андохта шудааст, аммо тафсилоти онҳо дастрас нашудааст.

Бадахшон ба ин далел, ки бо чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Чин ва Покистон ҳаммарз аст, як ҷуғрофиёи аз нигоҳи стратегӣ муҳим ба шумор меояд. Шева як минтақаи хоси бузурги ҷуғрофиёи ин вилоят аст, ки қисматҳое аз 7 шаҳристони он – Дарвоз, Роғ, Ишкошим, Шуғнон, Шуҳадо, Арғанҷхоҳ, Баҳорак ва Яфталро дарбар мегирад. Ба назар мерасад, ҳам Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҳам Толибон талош бар ин доранд, ки бар ин минтақа тасаллут дошта бошанд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!