Хабари рӯз

Мавлавӣ Амонуддин дар як таҷаммӯъи мардумӣ гуфтааст, ки аз шарҳи амалкарди Қорӣ Қадир шарм мекунад.

Кобул, 13 январ – Хабаргузории “Муқовимат” - Сангар. Расвоиҳои ҷадиди Толибон - аз тақозои онлайни тасовири бараҳна то таҷовузи ҷинсиву ливотат - идома дорад.

Ба тозагӣ бори дигар таҷовуз бар як духтари ҷавон тавассути муовини шаҳристони Ишкамиш дар вилояти Тахор, дархости онлайни тасовир ва клипи тасвирии бараҳна аз як духтархонум тавассути як фармондеҳи Толибон дар Бадахшон ва таҷовузи ҷинсии як муллои масҷиди Толибон болои як зани шавҳардор дар вилояти Форёб сархати хабарҳо шудааст.

Расвоиҳои ҷинсии мсъулини гурӯҳи Толибон дар рӯзҳои ахир сужаи шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Манобеъи расонаӣ гузориш карданд, ки Қорӣ Аҳмадуллоҳ, муовини вулусволи Толибон дар шаҳристони Ишкамиши вилояти Тахор, бар як духтари ҷавон таҷовузи ҷинсӣ кардааст.

Манобеъ рӯзи шанбе, 4 сунбула, ба хабаргузории “Муқовамат” гуфтаанд, ки Қорӣ Аҳмадуллоҳ, ҳудуди як моҳ пеш як духтари ҷавонро аз шаҳристони Баҳораки вилояти Тахор рабуда ва ба шаҳристони Ишкамиш бурда ва бар ӯ бор-бор таҷовуз кардааст.

Ба гуфтаи манобеъ, замоне ки волии Толибон дар Тахор дар ин маврид огоҳ мешавад, дастури боздошти Қорӣ Аҳмадуллоҳро содир мекунад, аммо як ҳафта пас аз боздошт, ӯ дубора аз зиндон озод шудааст.

Манобеъ меафзоянд, Қорӣ Аҳмадуллоҳ акнун дар шаҳри Толиқон озодона гаштугузор мекунад ва таҷҳизоти низомии Толибонро низ дар ихтиёр дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба тозагӣ видеоҳое аз тамоси тасвирии бараҳнаи Қорӣ Қадир, фармондеҳи Толибон дар маъдани лоҷуварди Бадахшон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст.

Дар ин видео дида мешавад, ки Қорӣ Қадир бо як духтари ҷавон ба сурати паиҳам тамоси тасвирӣ гирифта ва дар бораи масоили ҷинсӣ сӯҳбат мекунад ва чандин бор олати ҷинсии худро ба ин духтар нишон медиҳад. Дар идомаи ин Қорӣ аз духтар низ мехоҳад то олати ҷинсии худро ба ӯ нишон диҳад, аммо ин хост ӯ аз сӯи духтар пазируфта намешавад.

Ин видео замоне сабт шудааст, ки Қорӣ Қадир, масъули таъмини амнияти маъдани лоҷуварди шаҳристони Карону Мунҷони вилояти Бадахшон будааст.

Телевизиони Афғонистон интернешнал, ки ин видеоро аввалин бор мунташир кард, гуфтааст, ки ин видеоҳоро мақомҳои Толибон ҳам дида ва ба ҳамин далел ин фармондеҳро барканор кардаанд.

Ин расона иддао мекунад, ки ба 6 видеои ҷудогона дастрасӣ пайдо карда, ки дар маҷмӯъ муколимаи ҳаштдақиқаи ҷинсии ин мақоми Толибон бо як духтарро нишон медиҳад.

Бо ин ҳол, видеое аз ҷараёни суханронии Мавлавӣ Амонуддин Мансур, волии собиқи Бадахшон ва фармондеҳи кунунии ин гурӯҳ барои қулурдуи Шимолу Шарқ, низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, ки дар як таҷаммӯъи мардумӣ дар вилояти Бадахшон аз расвоии Қорӣ Қадир сӯҳбат мекунад.

Дар ин суханронӣ Мавлавӣ Амонуддин аз Қорӣ Қадир низ ном мебарад ва кори ӯро шармовар тавсиф мекунад.

Мавлавӣ Амонуддин дар ин таҷаммӯъи мардумӣ мегӯяд: “Барои ман шарм аст, ки амалкарди Қорӣ Қадирро аз ин баландгӯ барои шумо баён кунам.”

Расвоииҳои ҷинсии фармондеҳон ва масъулини гурӯҳи Толибон ба ин ҷо хатм намешавад.

Шаҳвати туғёнгар, ё расвоиҳои ҷинсии Иморати исломӣ

Манобеъи дигар аз вилояти Форёб ба хабаргузории “Муқовамат” мегӯянд, ки Мулло Ҳабибуллоҳ, узви гурӯҳи Толибон ва имоми масҷиди Қизилҷар, дар минтақаи Кайковуси шаҳристони Гурзивони вилояти Форёб чандин бор болои як зани шавҳардор таҷовуз кардааст.

Манобеъ меафзоянд, ки ин мулло шабҳо ба хонаи ин зан рафта ва бо ӯ ҳамбистар шудааст.

Пас аз гузашти чанд шаб мардуми маҳал аз ин қазия огоҳӣ пайдо мекунанд, Мулло Ҳабиб бо ин зан боздошт мешавад, аммо дубора озод мегардад.

Пас аз гузашти як моҳ ва бо васотати мардуму дарёфти пули ҳангуфт зан низ аз банди Толибон озод мегардад. Ин зан соҳиби ду фарзанд низ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки чанд моҳ пеш низ фармондеҳи амнияи Толибон дар вилояти Тахор ва мудири сиҳати оммаи ин гурӯҳ дар шаҳристони Дашти Қалъаи ин вилоят, ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ бар ду духтар аз сӯи нерӯҳои истихбороти Толибон боздошт, аммо дубора озод шуданд. Ҳамин гуна филм аз ҳамхобагии раиси “Брешно” - и Толибон дар Кобул бо як бачаи ҷавон низ сархати хабарҳо шудааст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!