Хабари рӯз

Ному ҳувияти фарде, ки Фаҳим Даштӣ ва генерал Абдулвадуд Зара, аз аъзои раҳбарии Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистонро ба қатл расондааст, мушаххас шуд.

Кундуз, 6 август - Сангар, Ҷа​мшед Бадахшӣ. Ӯ ошкоро эътироф кардааст, ки хоҳарзодаҳои Аҳмадшоҳ Масъуд ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро куштааст.

Як манбаъ дар истихбороти Толибон дар вилояти Кундуз, ки номаш ба далоили маълум зикр намешавад, ба “Сангар” гуфт, ки Ҷумъагул (дар акс), мулаққаб ба "Низомӣ", яке аз фармондеҳони Толибон, ки акнун муовини раиси амнияти вилояти Кундуз аст, шахсан ба куштани ду раҳбари Ҷабҳаи муқовимат эътироф кардааст.

“Вай фарзанди Ғафур, маъруф ба "Ғафури Ҳалво", бошандаи аслии вулусволии Хонободи вилояти Кундуз ва аз қабилаи паштуни ҳусайнхел аст ва 28 сол син дорад”, - гуфт манбаъи “Сангар”.

Ба гуфтаи вай, Ҷумъагул ба ҳамкорони худ гуфтааст, ки дар ҳамон рӯзе, ки вай бо гуруҳаш вориди Панҷшер шуд, шахсан хоҳарзодаҳои Аҳмадшоҳ Масъуд ва доктар Абдуллоҳро тирборон карда, ба ҳалокат расондааст.

Манбаъи “Сангар” афзуд: “Замоне, ки ӯ ва гурӯҳаш аз масири ҷодаи аслӣ вориди дараи Панҷшер шуданд, бо як мутари сурхранг бо се сарнишин дучор омаданд. Аммо дар он замон вай мутаваҷҷеҳ нашуда буд, ки онҳо воқеан чӣ касоне ҳастанд. Ҳангоми талошӣ аз мутар миқдори зиёди пул, тақрибан ним миллион доллар пайдо мешавад. Пас аз он, ҳар серо тирборон карда, аҷсоди онҳоро ба канори ҷода партоб мекунанд”.

Ба гуфтаи вай, Ҷумъагул баъдан аз расонаҳо фаҳмид, ки афроди муҳиммеро куштааст ва пули мавҷуд дар мутари онҳо мутааллиқ ба Ҷабҳаи муқовимат будааст.

Манбаъ гуфт: “Аз он замон, ӯ бо ифтихор достони ин куштор ва пули калони Ҷабҳаи муқовиматро, ки ба унвони ғанимати ҷангӣ дарёфт кардааст, дар маҳофили Толибон таъриф мекунад”.

Фаҳим Даштӣ, сухангӯй ва Абдулвадуд Зара, маъруф ба генерал Вадуд, масъули низомии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 5 сентябри 2021, рӯзи вуруди Толибон ба дараи Панҷшер дар наздики рустои Даштаки вулусволии Руха ба шаҳодат расиданд.

Даштӣ хоҳарзодаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроиияи собиқи Афғонистон ва генерал Вадуд, хоҳарзодаи Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон буданд. Фаҳим Даштӣ ҳамчунин домод ё шавҳари хоҳари Абдулвадуд буд.

Расонаҳои он рӯз чандин ривоят аз марги онҳоро матраҳ карданд, ки се маврид аз онҳо ба воқеият наздик буд. Тибқи ривояти аввал, ҳар ду пас аз иқомаи намози мағриб аз хонаи Фаҳим Даштӣ дар рустои Даштак хориҷ шуда ва дар ҳоли ҳаракат ба самти поини дара буданд, ки гулӯлаи ҳовон ба худрави онҳо асобат кард.

Бар асоси ривояти дувум, паҳподҳои покистонӣ, ки дар ҷустуҷӯи Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ буданд, бо тасбити маҳалли телефони ӯ, ки дар дасти Фаҳим Даштӣ буд, мавқеияти ӯро собит намуда, ҳамла анҷом доданд.

Бар асоси ривояти севумӣ, ки тавассути Раззоқ Маъмун, рӯзноманигори маъруф ироа шуд, ҳар ду ба дасти афроди генерал Динмуҳаммад Ҷуръат, яке аз чеҳраҳои шинохташудаи Панҷшер кушта шудаанд.

Террори Фаҳим Даштӣ ва Абдулвадуд Зара тавассути Ҷумъагул, яке аз фармондеҳони Толибон дар Кундуз, чандин моҳ аз сӯи “Сангар” мавриди баррасӣ қарор дошт то ин ки ҷараёноти аслӣ аз сӯи манобеъи мувассақи истихборотии Толибон таъйид шуд.

Дар айни ҳол “Сангар” муддаӣ нест, ки ривояташ ҳақиқати мутлақ аст. Ҷузъиёти дигари ин куштор дар дасти баррасӣ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!