Дар шаҳри Душанбе даври даҳумини конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” баргузор мешавад. Нӯҳ нишасти қаблӣ солҳои гузашта дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баргузор мешуд ва ин бори аввал аст, ки дар хориҷ аз ин кишвар ба роҳ андохта мешавад.
Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нишаст таҳти унвони “Низоми сиёсии ҳамашумул: улгуҳо ва нақшаи роҳ” қарор аст бо ибтикори Институти мутолиоти стратегии Афғонистон дар таърихи 29 ба 30 ноябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шавад.
“Ба далели ин ки Афғонистон таҳти султаи Толибон қарор дорад ва ин гурӯҳ эътиқоде ба нишасту музокирот, дар умум ҳалли мусолиматомез ва аз роҳи гуфтушуниди буҳрони кишварро надорад, нишасти мазкур бори аввал дар шаҳри бостонии Ҳирот баргузор намешавад”, - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Силсилаи конфронсҳои “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” бори аввал соли 2014 дар шаҳри Ҳирот, маркази вилояти ҳамноми Афғонистон бо ҳадафи эҷоди фазое барои гуфтугӯ дар ростои эҷоди дарки беҳтар аз далоили аслии мунозиъаи 50-солаи Афғонистон ба роҳ андохта шуда буд.
Мубтакири ин чорабинӣ, Институти мутолиоти стратегии Афғонистон, эълом дошта буд, ки тайи радду бадали афкори мухталиф талош талош мешавад то иҷмоъи фикрии байни донишмандон, сиёсатгузорони Афғонистон, минтақа ва фароминтақа ба вуҷуд оварда шавад.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, бар мабнои рӯйкарди солҳои пеш, имсол низ коршиносон ва намояндагони тамоми гурӯҳҳо ва кишварҳои даргиру алоқаманд дар мунозиъаи Афғонистон ба конфронс даъват хоҳанд шуд.
“Дар ташкили ин маҳфил сафорати Афғонистон ва Академияи улуми Тоҷикистон низ саҳм хоҳанд гирифт”, - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” яке аз даҳҳо конфронсҳои сатҳи милливу минтақа ва ҷаҳон аст, ки дар робита бо буҳрони нимасраи Афғонистон гирифта мешавад, аммо ҳеҷ нест, ки ин кишвар ба як сулҳи пойдор бирасад.