Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар пайи як ҳамла шаҳристоне дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро фатҳ ва сипас раҳо кардаанд
Кундуз, 03 октябр – Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Ин аввалин шаҳристон аст, ки дар қаламрави муқовимати Афғонистон фатҳ ва раҳо мешавад.
Яке аз наздикони Абдулхабир, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар шаҳристони Шикайи вилояти Бадахшон ба вебсайти “Сангар” гуфт, пас аз зӯҳри 3 октябр размандагони муқовимат дар пайи даргирии начандон шадид бинои идораи шаҳристонро фатҳ намуда, 10 толиби соҳибмансаби маҳаллиро асир гирифтанд.
“Мавлавӣ Акрам, вулусволи Шикай (дар акс), бо иттифоқи додситон ва як қатор маъмурони дигари шаҳристон асир афтоданд ва теъдоди зиёде аз силоҳу муҳимоти Толибон, аз қабили м4 ва ПиКо (пулемёти Калашников) низ ба ғанимат гирифта шуд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, асирони толибро аз рустои Жарф, маркази шаҳристон ба Даргак, наздиктарин русто интиқол дода, сипас раҳо кардаанд.
“Ба онҳо ҳеҷ ғараз гирифта нашуд, аммо ба далели ин, ки як шахси шоистабарои размандагони муқовимат интиқол додану кӯҳ ба кӯҳ гардондани онҳо як дардисари дигар нашавад, раҳояшон кардем. Тибқи дастури раҳбари Ҷабҳаи муқовимат, ҳеч бархӯрди ғайриинсонӣ, он гуна ки Толибон бо муқовиматиҳо мекунанд, бо асирон сурат нагирифт”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, вулусволиро ҳам ба далели кам будани афроди ҷабҳа раҳо карданд, аммо силоҳу муҳимоти ба ғанимат гирифташуда имкон медиҳад, ки дар ҳоли ҳамлаи Толибон як муқовимати шадид сурат гирад.
“Мо иттилоъ ёфтем, ки аксари нерӯҳои Толибон ба ҷангҳои дохил рафтаанд ва Толибон дар мақарри шаҳристон нерӯи кофӣ надоранд. Аз ин хотир, барномаи фатҳи он рӯи даст гирифта шуд. Ҳадаф силоҳу муҳимот буд, ки ба даст омад”, - гуфт манбаъ.
Манбаъи дигар аз миёни толибони шаҳристони Нусай ба вебсайти “Сангар” гуфт, бо фармони Қорӣ Фасеҳуддин, сардори ситоди кулли артиши Толибон, аз шаҳристонҳои ҳамҷавор ба Шикай нерӯи кӯмакӣ фиристода шудааст.
“Аз шаҳристони Нусай ҳудуди 150 нафар аз афроди Ҷумъа Талбон ва вазорати дифоъ ва аз Куфоб ҳам, бино ба иттилоъи мо, ҳудуди 100 толиб ба Шикай эъзом шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо аз Бадахшон ҳокиянд, ки Мулло Яъқуб, вазир, Қорӣ Фасеҳуддин, Мулло Фозил, муовини вазир ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори ситоди вазорати дифоъи Толибон дар шаҳри Файзобод қарор доранд. Онҳоро даргириҳои ахир, ки дар шаҳристонҳои Яфталу Роғ ва Кӯҳистон ҷараён дорад, ба ин вилоят кашонда буд. Фатҳи Шикай аз сӯи Ҷабҳаи муқовимат барои онҳо зоҳиран ғайриқобили пешбинӣ буд.
Шикай дар қатори Нусай, Куфоб, Моҳмай ва Хоҳон аз шаҳристони панҷгонаи Дарвозҳои вилояти Бадахшони Афғонистон аст. Ин шаҳристон бо ноҳияи Дарвози Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст.