Толибон ду нафарро дар шаҳристони Кӯҳистони Роғҳо ба ҷурми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон сар заданд
Кундуз, 13 октябр – Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Аммо ин танҳо намунаи ҷиноёт ва беназмиҳои Толибон дар Роғҳо нест, ки мӯҷиби ба сафи муқовимат пайвастани Бадахшон шуд.
Дар акс: аз чап – Қорӣ Муҳиб бо ниқоб ва Мавлавӣ Ҳоҷӣ, вулусволи Ёвон
Як сокини Кӯҳистон ба хабарнигори вебсайти “Сангар” гуфт, толибҳои ин шаҳристон шаби гузашта, 12 октябр, дар рустои Сафед ду нафарро ба номҳои Абдулқаҳҳор, фарзанди Исломбой ва Абдулатиф, фарзанди Абдулқаюм, бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимат сар буриданд.
“Нуктаи ҷолиб ин аст, ки тағои Абдулқаҳҳор Абдул ном дорад ва дар истихбороти Толибон дар Кӯҳистон кор мекунад. Бародари Абдлатиф ба номи Ашӯр, муҳофизи Мавлавӣ Абдулло, вулусволи Толибон барои Кӯҳистон ва амакаш ба номи Абдулвадуд аз ҷангдидатарин ва вафодортарини толибони ин шаҳристон аст. Ҳоло мизони ҳамоқати толиби Роғҳоро тӯлу тарозу кун. Он қадар ғулому сарсупурдаву бадбахт ҳастанд, ки ҳатто поси хотири рафиқони худро намекунанд”, - афзуд вай.
Ба қавли манбаъ, нафаре, ки ин ҷавононро сар бурид, Абдулазиз Мустағфир, муовини райиси истихбороти Кӯҳистон, аз афроди Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, яке аз фармондеҳони маъруфи Толибон дар Бадахшон ва ҳоло фармондеҳи амнияи вилояти Лағмон аст.
“Вайро, ки ҳудуди 40 нафар дошт, то суқути ҷумҳурият Мавлавӣ Наҷиб хеле бардор-бардор мекард. Баъди суқут Мавлавӣ Наҷиб ӯро халъи силоҳ кард ва дар кӯча партофт. Ба ҳамин қарибӣ Мавлавӣ Раҳимуллоҳ, мудири амнияти Кӯҳистон, ки ошнояш буд, ӯро муовини худ таъйин кард. Ҳоло маълум нест, ки оё хешовандони толиби мақтулон даъво мекунанд ё хайр”, - гуфт манбаъ.
Манобеъи “Сангар” мегӯянд, толибони Роғҳои Бадахшон, ки аксарияти мутлақашон муллоҳои тарбияшуда дар мадориси Покистон ҳастанд, хеле ифротӣ ва вафодор ба режими террористии толиб ҳастанд ва шояд аз қандаҳориҳову ҳилмандиҳо кам набошанд.
“Ҳатто ба хотири шунидани мусиқӣ, тарошидани риш, гузоштани мӯй ва ғайра борҳо ҷавонони Роғҳоро то сарҳади марг латукӯбу тавҳин ва таҳқир кардаанд. Масалан, Мавлавӣ Ҳоҷӣ, ҳоло вулусволи Ёвон, қабл аз суқути ҷумҳурият як ҷавонро дар шаҳристони Роғистон ба хотири риш тарошидан он қадар ба калтак зад, ки ба шаҳодат расид”, - гуфт як ҳамсӯҳбати дигар.
Манобеъ аз фасоди ахлоқии толибони Роғҳо низ қиссаҳои ҷолиб мекунанд. Аз ҷумла, пас аз таслимдиҳии қудрат ба Толибон, онҳо ба корҳое даст задаанд, ки бо асосҳои дини ислом муғойират доранд, аз ҷумла хусурбураи Мавлавӣ Абдулло, вулусволи Кӯҳистон як зани шавҳардорро аз Қундуз дуздида, ба Кӯҳистон оварда буд.
“Фасоди ахлоқӣ дар авҷ аст. Масалан, як толиб аз рустои Ғӯрпала ба як духтар аз рустои Кундрим таҷовуз карда, ӯро ҳомиладор кард ва муҷозот нашуд. Муҳофизи вулусволи Ёвон Мавлави Ҳоҷӣ ба номи Қорӣ Муҳиб, машҳур ба Қорӣ Амир, ҳофизи Қуръон, аз рустои Самчуни Ёвон, хоҳари занашро ҳомиладор кард, аммо муҷозот нашуд. Ҷолиб ин аст, ки зану хоҳарзани Қорӣ Муҳиб бародарзодаи вулусвол ҳастанд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамсӯҳбатони “Сангар” мегӯянд, ҷиноёт ва фасоди ахлоқии толибони Роғҳо мӯҷиби ниоризоиятии мардум шуда, ҷавононро ба сафи Ҷабҳаи муқовимат кашондааст. Аввалин ҷавононе, ки дар Бадахшон даст ба муқовимат заданд, аҳли Роғҳо буданд, ки маъруфтарин фармондеҳи онҳо – Эҳсонуллоҳи Мубориз аст.
Роғҳо номи умумии се шаҳристони вилояти Бадахшон – Кӯҳистон, Роғистон ва Ёвон аст ва ахирӣ ҳам бо ноҳияи Шӯрободи Тоҷикистон ҳаммарз аст.