Хабари рӯз

Маҳдӣ Арсалон, яке аз раҳбарони “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро Толибон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ –и Вилояти Хуросон боздошт карданд.

Кобул, 14 май - Сангар, Фарзом Козимӣ. Ӯ ҳамон нафарест, ки ҳудуди 20 корманди пулисро дар як вулусволии Бадахшон тирборон карда, муртакиби ҷароими ҷангии бузург аст.  

Як манбаъ дар вазорати дифоъи Толибон ба хабарнигори “Сангар” гуфт, бино ба иттиҳоме, ки истихбороти низомӣ ворид кардааст, Маҳдӣ Арсалон бо афроди ДОИШ дар Покистон тамос барқарор карда, дар вилояти Кӯнари Афғонистон бо онҳо мулоқот ва маблағи ҳангуфтеро дарёфт кардааст.

“Ӯ бо ин маблағ ба шимоли Афғонистон омада, аз тоҷирони силоҳ дар Бадахшону Тахор ва Қундуз силоҳҳои мухталиф, назири М4-у РПГ ва муҳиммот харидорӣ намуд ва дар ҳоли таҷҳизи нерӯҳояш дар вулусволиҳои Янги Қалъаи вилояти Тахору Имом Соҳиби Қундуз ва худи шаҳри Қундуз буд”, - гуфт манбаъ.

Ба қавли ин манбаъ, вай талош дошт, ки раҳбарии умумии чанд созмони террористӣ, назири “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва ғайраро дар шимоли Афғонистон ба даст гирад.

“Ба ин манзур, ӯ бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила ва Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон низ дидор намуда, аз онҳо дархости пуштибонӣ кардааст. Вай ба онҳо гуфтааст, ки мехоҳад бо нерӯҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла кунад. Сироҷуддин Ҳаққонӣ ҳадафҳои ӯро таъйид мекунад, аммо Мулло Яъқуб ризоият намедиҳад”, - гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, ҳангоми бозрасӣ Маҳдӣ Арсалон эътироф мекунад, ки аз раҳбарони ДОИШ дар Афғонистону Покистон дастуру маблағ дарёфт мекунад.

“Вай ҳоло дар блоки чаҳоруми маҳбаси Пули Чархӣ зиндонӣ аст. Ҳанӯз додгоҳаш сари ҷурмаш файсалае накардааст. Эҳтимоли боздошти ҳамдастони вай аз ДОИШ-и Хуросон вуҷуд дорад, ки истихбороти низомии Толибон рӯи онҳо кор мекунад”, - гуфт манбаъ.

Маҳдӣ Арсалон, ки номи аслиаш Муҳаммад Шарифов ва зодаи Тоҷикистон аст, аз раҳбарони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба ҳисоб рафта, бо духтари Насим, як сокини рустои Хӯғази вулусволии Нусайи Бадахшон издивоҷ кардааст.

Ӯ ҳамон нафарест, ки бо нерӯҳояш дар рӯзҳои ахири ҷумҳурият дар вулусволии Моймайи минтақаи Дарвозҳои Бадахшон ҳудуди 20 корманди пулисро тирборон карда, ҷиноятҳои бузурги ҷангиро дар Афғонистон содир кардааст.

Вай моҳи июли соли 2022 бо илҳом аз Толибони Афғонистон, созмони дигареро таҳти унвони “Таҳрики Толибони Тоҷикистон” таъсис дод, аммо ин тарҳи ӯ пуштибони молӣ пайдо накард. Он гуна ки дида мешавад, талоши ӯ барои табдил ёфтан ба фармондеҳи ДОИШ-и Вилояти Хуросон дар шимоли Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба ҷое нарасидааст.

ДОИШ – и Вилояти Хуросон дар ҳоли ҳозир қавитарин мухолифи Толибон дар Афғонистон аст. Бино ба маълумоти истихбороти низомии Толибон, Амрикову Покистон мехоҳанд бо он Толибонро, ки то ҷое мустақилияти сиёсӣ аз онҳо гирифтаанд ва бо Эрону Русия ва Эрон ҳамкорӣ мекунанд, аз саҳнаи ҷанги Афғонистону минтақа ҳазф кунанд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!