Хабари рӯз

Камолиддин Ғулом Набизода, маъруф ба Камол Набизода, як тоҷири афғонистониасл, ба як матлаби “Сангар” ки бо имзои Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, нашр шуда буд, посух дод. Ин посух бидуни таҳрир нашр мешавад.

Нависанда: Камол Набизода

Қобили таваҷҷӯҳи нашрияи “Сангар”!

Ман Камол Набизода ҳастам ва ҳақ дорам аз бегуноҳи худ мутобиқи арзишҳо ва меъёрҳои инсонӣ дифоъ кунам.

Ман сиёсатмадор нестам, аммо нашрияи “Сангар”, ки бо тасвири шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд музайян аст, матлаберо аз Андрей Серенко дар мавриди ба нашр расонда, аз ман шахсият чандбӯъдии сиёсӣ-иқтисодӣ ва қисман истихборотӣ-мафиёӣ сохта, ки барои ман қобили шигифт ва тааҷҷуб буд.

Дӯстон, ман як тоҷири одӣ ҳастам, ки ҳама бо кору номи ман дар шимоли Афғонистон, хусусан, дар Мазори Шариф огоҳӣ доранд. Як тоҷир шахсияти сиёсӣ нест, фақат манофеъ ва масолеҳи худро месанҷад, мол аз куҷо биовараду чанд харидорӣ кунад ва ба чанду ба куҷо бифурӯшад. Марзҳои сиёсӣ ва ҳукуматҳо барояш муҳим нест.

Ман собиқ аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Федератифи Русия мол ворид мекардам, масалан, бензину газ ва маводи сохтмониву маводи таъмиротие, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия арзонтар пайдо мешавад ва дар Афғонистону Покистон оиди бештар дорад.

Як нуқтаи дигар, туҷҷор аз васоил истифода мекунанд ва аз шахсиятҳо ҳам ба хотири суҳулат истифода мекунанд, аммо боз ҳам манофеъи худро дар назар доранд. Ман воқеан тоҷир ҳастам, на намоянда шахсиятҳои сиёсии афғону Ӯзбекистон ва Русия. Агар кору тиҷорат дар ворид кардани мол ба Афғонистону Русия ва Ӯзбекистону Туркманистон фоида дошта бошад, анҷом медиҳам.

Ман бо сарони Толибон на робитаи шахсӣ дорам, на ҳам душманӣ. Фақат мол интиқол медиҳам, он ҳам ба мулку сарзамини худ монанд собиқ. Инҳо ҳам истиқбол мекунанд чун ниёз доранд ва ба ҳеҷ тоҷире музоҳимат намекунанд, ҳатто баъзе сиёсиёнро ҳам пазирфтаанд. Ман ки бо касе на душманӣ дорам ва на ҳам мухолифат.

Агар тиҷорати ман тақозо кунад, бо ҳама шахсиятҳои муассир тамос мегирам, то барои корам суҳулат эҷод шавад. Ин иртибот на боиси пирӯзии Путин мешавад ва на ҳам далели ба расмият шинохтани Толибон дар маҷомеъи байнулмилалӣ ва на ҳам далели шикасту фирори ҳамватанони ман мешавад.

Боз ҳам такрор мекунам, ман тоҷир ҳастам. Таҷрибаи худро бо тоҷирони Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ва ҳатто Русия шарик месозам ва ин тамосҳои ман сиёсӣ нест.

Он чи ки дар мавриди ман навишта шуда, чӣ нависанда навишта карда бошад ва чӣ дӯсти русии мо изҳори назар карда бошад, аз “алиф” то “ё” ҳақиқат надорад ва тӯҳмате беш нест.

Аз шумо тақозо дорам, ки дар оянда аз ҳамчу тӯҳматҳо болои касе, ки қалбаш барои мардум ва ватанаш метапад ва хидматгори мардуми худ аст, худдорӣ шавад.

Бо эҳтиром

Камол Набизода

 

“САНГАР”: Бо сипос ба ҷаноби Камол Набизода, “Сангар” бо он вуҷуд ки пас аз нашри ин матлаб маводи дигар низ дарёфт кард, аз идомаи ин баҳс ба хотири манфиати умум худдорӣ мекунад. Ҳамкории мо бо коршиноси маъруфи рус дар умури Афғонистон ва муаллифи доимии “Сангар” Андрей Серенко идома хоҳад дошт.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!