Толибон* наворе аз қатли як ҷавони сокини вилояти Панҷшерро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд
ҲИНДУКУШ, 12 март – Сангар, Ҳасиб Сангарӣ. Ин куштор 12 сентябри соли гузашта, дақиқан 7 моҳи қабл пас аз вуруди Толибон ба Панҷшер сабт шуда, аммо Толибон онро акнун нашр кардаанд.**
Яке аз бастагони ҷавон мақтул ба хабарнигори сомонаи Сангар гуфт, вай Билол валади Оғо Муҳаммад ном дошта, сокини рустои Ҳисораки вулусволии Рухаи Панҷшер буд ва дар мактаби мутавасситаи ин русто муаллим буд.
“Моҳи сентябри соли гузашта вақте хатти Ҳисорак суқут кард, Билол бо се нафар аз ҳамсангаронаш - Самиъхон, Мироншоҳ ва Ҳасанхон, ки низ сокинони Ҳисорак буданд, ба дараи канории Малимхок ақиб нишастанд. Онҳо дар баландии кӯҳҳо се шабонарӯзи дигар ба танҳоӣ бо толибон муқовимат карданд. Душман ба минтақа қувваи бештар фиристод ва дохили дараи Малимхоки қарияи Ҳисорак шуд”, гуфт ӯ.
Ба қавли вай, вақте муҳимоти муқовиматгарон тамом мешавад, Билол бо ҳамсангаронаш худоҳофизӣ карда, роҳи хонаашонро пеш мегирад ва дар қисматҳои айлоқнишини дараи Малимхоки Ҳисорак, марзи байни вулусволии Ниҷроби вилояти Кописо ва Панҷшер асири душман шуда, ба шаҳодат мерасад.
“Вай як падари мариз дорад. Панҷ фарзанди хурдсоли вай низ ятим монданд. Қиссаи ин ҷавон бо хонаводааш тӯлонӣ ва хеле дардовар аст”, - гуфт ҳамсӯҳбати сомонаи Сангар.
Ҷанги Панҷшер дар даҳаи аввали моҳи сентябри 2021 як ҳафта давом кард ва бо шикасти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дараи асосӣ ба анҷом расид. Нерӯҳои муқовимат ба дараҳои канорӣ ақибнишинӣ карданд.
Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, аз ҳамон оғоз то кунун дар ҷангҳои Панҷшер ҳудуди 400 нафар ба шаҳодат расидаанд, ки нисфе аз ин теъдод муқовимат ва мардуми мулкии худи дара мебошанд.
Бино ба ин манбаъ, дар ин миён ҳудуди 2000 толиб низ дар қаламрави Панҷшер куштаву захмӣ шудаанд. Фақат тайи ду моҳи гузашта беш аз 48 ҳамла аз тарафи муқоваматгарон бар Толибон сурат гирифта, ки дар натиҷа 22 қароргоҳи душман фатҳ, 62 толиб куштаву 71 нафари дигар захмӣ шудаанд ва аз онҳо 114 мил аслиҳаи мухталифулнавъ ба даст омада, 12 ренҷер – мошини ҷангии он тахриб ва 5 тонки “ҳомвей” – аш ба оташ кашида шудааст ва дар ҳоли ҳозир, 7 толиб низ дар асорати нерӯҳои муқовимат қарор доранд.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст
**Аз нашри видео ба далоили маълум худдорӣ мешавад