Хабари рӯз

Фармондеҳе, ки рӯзи якшанбе, тайи як даргирӣ бо Толибон ба шаҳодат расид, яке аз саргуруҳҳои Ҷамъияти исломии Устод Атомуҳаммади Нур буд

КУНДУЗ, 10 апрел – Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Қаблан ахборе пахш шуданд, ки ин фармондеҳ марбути Толибон буда ва дар як даргирии байнихудӣ аз байн рафтааст.

Як манбаъ дар идораи вилоятии Тахор ба сомонаи Сангар гуфт, расонаҳо иштибоҳ мекунанд, ки аз ӯ Файзуллоҳ ва “Мавлавӣ” ном мебаранд ва ҳам марбути Толибон мехонанд.

“Ин фард Фазлуллоҳ ном дошта, як саргуруҳи фармондеҳ Файзуллоҳи Чаҳобӣ, аз ҷамъиятиҳои Тахор аст. Истихбороти Иморати исломӣ аз маъмурияти Фазлуллоҳ, ки тасбити афрод, ҳадаф ва маълумот барои ҳамлаҳои чирикӣ ва ғайра буд огоҳ шуд ва ҳукми боздошту қатли ӯро содир кард”, - гуфт ӯ.

Яке аз наздикони Фазлуллоҳ ба сомонаи Сангар гуфт, ба хотири дастгир кардани ӯ Толибон фармондеҳе ба номи Шаҳидуллоҳро ба минтақаи Гузари Гардангаи вулусволии Чоҳоби вилояти Тахор фиристод.

“Фазлуллоҳ дар тамос бо яке аз наздиконаш гуфта буд, ки маъмурияташ фош шуда, Иморат фармони дастгирӣ ва қатли ӯро содир кардааст. Рӯзи якшанбе вақте Толибон ба ҷони ӯ омаданд, ӯ медонист, ки кор аз чӣ қарор аст, аз ин хотир, таслим нашуд ва муқовимат кард. Вай пас аз даргирии тақрибан сесоата бо иттифоқи се нафаре, ки ҳамроҳаш буданд, ҳар як Ҳасибуллоҳ, Хушҳол ва Муҳаммад Аъзам ба шаҳодат расид”, - гуфт ин манбаъ.

Ин манбаъ ҳам далели фирор накардани ӯро ба ин рабт дод, ки дар ин миён замина фароҳам шуд, то афродаш, аз ҷумла падару бародараш фирор кунанд. Ҳоло нафарони Фазлуллоҳ падару бародараш раҳбарӣ мекунанд ва таҳти фармондеҳии воҳиди Ҷамъияти исломӣ қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи огоҳ аз ҳузури боз чанд фармондеҳи ҷамъиятии Устод Ато Муҳаммади Нур дар сафҳои Толибон хабар медиҳанд, ки ба далоили маълум аз онҳо ном бурда намешавад.

Файзуллоҳи Чаҳобӣ, яке аз фармондеҳони аршади Ҷамъияти исломии Устод Атомуҳаммади Нур аст, ки дар вулусволиҳои моварои Кӯкча - Дашти Қалъа, Хоҷа Баҳоуддин, Рустоқ, Дарқад, Янги Қалъа ва Чаҳоби вилояти Тахор фаъолият дорад ва чандин ҳамлае, ки дар ин қаламрав бар Толибон анҷом шуд, кори ҳамин гуруҳ буд. Дар яке аз ҳамин ҳамалот худи Файзуллоҳи Чаҳобӣ низ захм бардоштааст.

Бино ба иттилое, ки аз дафтари сиёсии Устод Атомуҳаммади Нур, маъруф ба Устод Ато дар ихтиёри Сангар қарор доданд, Ҷамъияти исломӣ ҳоло чандин вилояти Афғонистон, назири Форёб, Кундуз, Сарипул, Самангон, Парвон, Кобул, Бағлон, Ҷузҷон, Балх, Бомиён, Ғур, Бодғис, Нуристон ва ҳатто Панҷшер, хостгоҳи Муқовимати Дуввум ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки Устод Ато яке аз   фармондеҳонаш буд, гуруҳҳои ҷангии худро алайҳи режими Толибон фаъол кардааст.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!