Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил, волии Толибон дар Балх, дар як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд.
Мазори Шариф, 3 март - Сангар, Қорӣ Аҳмад. Ӯ яке аз фармондеҳони Мулло Ахтар Мансур, дувумин раҳбари Толибон буд ва аз “Толибони эронӣ” ба шумор мерафт.
Манбаъи Сангар дар фармондеҳии амнияи Балх дар тавзеҳи ин хабар гуфт, ки имрӯз, 9 март, соати 9.30 як муҳоҷими интиҳорӣ замоне, ки волӣ қасди вуруд ба дафтарашро дошт, ба ӯ ҳамла кард.
"Ин ҳодиса дар даҳлези табақаи дувуми сохтмони вилоят рух дод. Интиҳорие, ки қабл аз расидани волӣ бо ҷалиқа пур аз маводи мунфаҷира ба даҳлез худро расонда буд, дар ҳудуди 12-метрии волӣ ва ҳамроҳонаш худро мунфаҷир кард", - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, дар натиҷа, Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил, волии Балх ва як фарди мулкӣ кушта ва як мулкии дигар захмӣ шуданд. Манобеъи дигар аз кушта шудани ду муҳофизи Мавлавӣ Довуд хабар медиҳанд.
Як манбаъи дигар ба Сангар гуфт, ки теъдоди зиёде захмӣ аз сохтмон идораи вилоят ба шифохонаи Ибни Сино дар Мазори Шариф мунтақил шудаанд.
“Сохтмони идораи вилоят тавассути Толибон муҳосира ва тарофик масдуд шудааст. Ҳатто телефони пизишкони бемористони Ибни Синоро ҳам хомӯш карданд. Мушаххас нест, ки чанд нафари дигар дар натиҷаи ин инфиҷор захмӣ шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Манобеъ дигар ҷузъиёти ҷолибтаре дар мавриди ҳодисаи террори Мавлавӣ Довуд ироа медиҳанд, ки нишондиҳандаи таниш на танҳо дар даруни Толибон, балки ташдиди рақобати қудратҳои хориҷӣ дар саҳнаи Афғонистон аст.
Ба гуфтаи онон, Мавлавӣ Довуд, мулаққаб ба Музаммил, аз шаҳристони Гиришки вилояти Ҳилманд ва аз фармондеҳони Мулло Ахтар Мансур, дувумин раҳбари Толибон (23 апрели 2013 - 21 майи 2016) будааст. Мулло Мансур дар соли 2016 дар Балучистони Покистон ҳангом бозгашт аз Эрон тавассути як паҳпод аз сӯи амрикоиҳо кушта шуд.
Манбаъи “Сангар” гузориш медиҳад, ки дар тӯли 20 соли умри ҷумҳурии тарафдори Амрико, Мавлавӣ Довуд бо нерӯҳои инглисии мустақар дар вилоятҳои Ҳилманд ва Зобул ҷангид.
“Ӯ шӯҳрати худро дар ин ҷангҳо бо инглисҳо ба даст овард ва ба вежа эътимоду таваҷҷуҳи истихбороти Эронро ба худ ҷалб кард”, - гуфт ӯ.
Пас аз тасарруфи Афғонистон тавассути Толибон, Мавлавӣ Довуд волии Нангарҳор ва сипас муовини вазири дохилаи Толибон буд. Дар октябри 2022 ба дастури Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон, ба ҷои Мавлавӣ Қудратуллоҳ Ҳамза, ки аз замони рӯи кор омадани Толибон волии Балх буд, мансуб шуд.
Манобеъ мегӯянд, Мавлавӣ Довуд ба “толиби эронӣ” ва аз зиддидоишиҳои маъруф буд ва ӯву дигар фармондеҳони наздик ба Ахтар Мансур аввалин ҳастаҳои ДОИШ-ро дар Зобулу Ҳилманд дар соли 2015 саркӯб карданд.
“Усмон Ғозӣ, раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ки ба ДОИШ пайваста буд, тавассути “толибони эронӣ” ба раҳбарии Мансур кушта шуд, ки яке аз онҳо Мавлавӣ Довуд буд”, - гуфт манбаъ.
Дар айни ҳол, бар асоси иттилооте, ки аз шимоли Афғонистон ба Сангар дода шуд, Шабакаи Ҳаққонии Толибон бо табонӣ бо Амрикову Покистон, моҳи гузашта ҳудуди ҳазор доиширо аз Покистон ба шимоли Афғонистон, ба вежа марзҳои Осиёи Марказӣ – вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Кундуз мунтақил кардааст.
Зоҳиран Мавлавӣ Довуд, “толиби эронӣ” ё ҷангҷуи зиддидоиш, монеае ҷиддӣ бар сари роҳи иҷрои ин тарҳ дар Балх, бузургтарин ва калидитарин вилояти шимоли Афғонистон талаққӣ мешуд. Проекти доишсозӣ дар шимоли Афғонистон, ки солҳо аз сӯи Амрико, Ғарб ва Покистон иҷро мешуд, ба марҳалаи ҳассосе наздик мешавад. Ин вазъият ҳассосияти Русия, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказиро барангехтааст.
То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти куштори Мавлавӣ Довудро бар ӯҳда нагирифтааст, аммо ҷои тааҷҷуб нест, ки ДОИШ ин корро анҷом диҳад. Ин пурсиш, ки чигуна муҳоҷими интиҳорӣ вориди сохтмони идораи вилояти Балх шудааст, ҳамчунон боз аст. Бар касе пӯшида нест, ки ДОИШ дар Афғонистон зери назари Шабака Ҳаққонии таҳти контроли Покистон фаъолият мекунад.