Манобеъ дар Қандаҳор аз тавофуқҳои маҳрамонаи ҳамкории истихборотӣ миёни созмони Қудси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва истихбороти Толибон хабар медиҳанд.
Қандаҳор, 1 март - Сангар, Мирвайс Шерзай. Нерӯҳои Қудс ё нерӯҳои Байтулмуқаддас, воҳиди низомии нерӯи вежаи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ (Сипоҳ), ташкилоти нухбаи низомӣ-сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки масъулияти анҷоми амалиёти вежа дар хориҷ аз хоки Эронро бар ӯҳда дорад.
Дар акс: кормандони сафорати Афғонистон дар Теҳрон: дар боло - намояндагони ҷумҳурӣ, дар поин - Толибон
Як манбаъи мӯътабари наздик ба Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон, ба хабарнигори “Сангар” дар Қандаҳор гуфт, ки тавофуқи маҳрамона миёни раҳбарии Толибон ва созмони Қудси Эрон пас аз чандин сафари махфиёнаи намояндагони ду тараф ба Қандаҳор ва Теҳрон дар моҳи гузашта имзо шудааст.
Манбаъ гуфт: "Онро Абдулҳақ Васиқ, раҳбари истихбороти Толибон ба мувофиқати “амирулмуъминин" ба намояндагӣ аз иморати Толибон ва Козимии Қумӣ, намояндаи вежаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон, имзо карданд. Ин тамосҳо аз тариқи созмони Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон фароҳам ва пуштибонӣ мешуд. Худи Қумӣ низ аз генералҳои сипоҳи Қудс аст”.
Бар асоси ҷузъиёти ҷадиде, ки аз муҳтавои ин қарордод дар ихтиёри “Сангар” қарор гирифт, Эрон муваззаф аст дар таъмин, таҷҳиз ва омӯзиши нерӯҳои вежаи амалиётҳои хоси Толибон чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар Эрон ҳамкории махфӣ кунад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Толибон низ ба навбаи худ муваззаф ба ҳамкорӣ дар иҷрои тарҳҳои минтақаии Эрон ҳастанд.
Вай афзуд: "Барои мисол, дар рақобати Ҷумҳурии исломии Эрон бо подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Исроил, Толибон ба сурати махфӣ аз Эрон ҳимоят хоҳанд кард ва дар сурати лузум, шибҳинизомиён ва интиҳориёни онҳо мустақиман дар амалиётҳои хоси сипоҳи Қудси Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат хоҳанд кард".
Манбаъ мегӯяд, ки раҳбарони Алқоида ҳамакнун дар Эрон ҳастанд ва нақши қавӣ дар эътимодсозӣ байни раҳбарии Толибон ва Сипоҳ бозӣ кардаанд.
Вай гуфт: "Аймон ал-Завоҳирӣ пас аз бозгашт аз Эрон тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар Кобул кушта шуд. Сайф ул-Адл ҷонишини вай дар Эрон аст ва ҳамроҳ бо созмони Қудс дафотири махфии фаъолиятҳои зидди душманони ҷаҳонии Ҷумҳурии Исломии Эрон доранд. Ҷангҷӯёни Алқоида дар шаҳри Зоҳидон дида шудаанд".
Чанд рӯз пеш сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба Толибон вогузор шуд, ки боиси норизоиятии нерӯҳои зидди Толибон ва ҳомиёни Ҷумҳурии исломӣ дар минтақа, дар дараҷаи аввал Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд шуд. Манбаъи “Сангар” мегӯяд, ки ин амал ва ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои муқовимати миллӣ дар баробари Толибон ва ҳамкории истихборотӣ аз ҷумлаи бандҳои тавофуқи маҳрамона хости ҷониби Толибон буд.
Дуруст се сол пеш, дар 29 феврали 2020, Толибон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Доҳаи Қатар тавофуқномае имзо карданд, ки бар асоси бархе гузоришҳо, танҳо бахши кӯчаке аз он дар расонаҳо мунташир шуд. Бақия - қисмати аслии он - пинҳон мондааст. Акнун гурӯҳе, ки ин тавофуқномаро имзо кардааст, гурӯҳи Мулло Бародар ё гурӯҳи қатарии тарафдори Амрико номида мешавад.
Ҷузъиёти ҷадиди равобити Эрону Толибон ва паймони махфии онҳо собит мекунад, ки бозӣ дар Афғонистон ба куллӣ тағйир мекунад ва тундтар мешавад ва Теҳрон ба ҳомии аслии Толибону Алқоида дар минтақа табдил шудааст.