Як инфиҷори қавӣ дар маркази фарҳангӣ ва иттилоърасонии Эрон мавсум ба Тебён дар шаҳри Мазори Шариф талафоти зиёди ҷонӣ ба ҷой гузошт. Аксарият рӯзноманигоранд.
Мазори Шариф, 3 март - Сангар, Қорӣ Аҳмад. Зоҳиран руқабо дар саҳнаи Афғонистон ҷанги эъломнашудаеро алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ба роҳ андохтаанд.
Манбаъи “Сангар” дар фармондеҳии амнияи Мазори Шариф гузориш медиҳад, ки ин инфиҷор ҳаволии соати 9.30 – и субҳ ба вақти маҳаллӣ дар ҳини таҷлил аз Рӯзи милли хабарнигорон рух додааст.
“Дар шаҳри Мазори Шариф маросиме барои тақдир аз хабарнигорон баргузор мешуд, ки инфиҷор рух дод. Дар натиҷа теъдоди зиёде кушта ва маҷрӯҳ шуданд. Ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки инфиҷорро ягон бомбгузори интиҳорӣ анҷом дода, ё ношӣ аз минаи ҷойсозишуда буда. Ба эҳтимоли зиёд, дар толор мина ҷойсозӣ шуда буд. Тими таҳқиқотии мо дар ҳоли ҳозир дар маҳал кор мекунанд”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ин манбаъ, теъдоди кушташудагон 7 ва маҷрӯҳон 13 нафар аст, ки теъдоди аъзами онҳо хабарнигоранд. Манобеъи дигар арқоми мухталиферо мунташир кардаанд.
Маркази фарҳангӣ ва иттилоърасонии Тебён бо Созмони таблиғоти исломии Эрон муртабит буда, дар ду шаҳри Афғонистон - Кобул ва Мазори Шариф ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва фарҳангӣ машғул аст. Аз ҷумла ба хабарнигорон дастрасии ройгон ба интернет ва нармафзори компютериро фароҳам мекунад.
Раиси дафтари намояндагии Тебён дар Мазори Шариф, Сайид Муҳаммад Мусавӣ бошандаи вилояти Сарипул аст.
27 декабри 2017 як инфиҷори бузург дар маркази Тебёни Кобул рух дод, ки бар асари он 41 тан кушта ва 84 тани дигар захмӣ шуда буданд.
Сайидисо Ҳусайнии Мазорӣ, раиси ин маркази фарҳангӣ дар Афғонистон, яке аз афроди муртабит бо истихбороти Эрон ва аз ҳомиёни сарсахти Толибон аст. Вай дар яке аз хутбаҳои худ дар Ғарби Кобул ҳимояти худро аз Толибон эълом кард ва фатво дод, ки ҳар кас бо Толибон мухолифат кунад, муртад ва кофир аст.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ҷанги эъломнашудае дар Афғонистон алайҳи Эрон ва нерӯҳои ҳомии он ҷараён дорад. Ба ақидаи онҳо, ин ҷанги руқабои Эрон, дар дараҷаи аввал Иёлоти Муттаҳида, ба дасти ДОИШ ба роҳ андохта шудааст, ки аз сӯи “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и таҳти контроли истихбороти Покистон ҳимоят мешавад.
Ду рӯз пеш Мавлавӣ Довуд Музаммил, волии Балх, ки ба унвони яке аз фармондеҳони аршади Толибон ва аз “толибони эронӣ” шинохта мешуд, дар як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд. ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Эрон онро як “ҳамлаи террористӣ” хонд.