Абдумалик Паҳлавон, маъруф ба генерал Малик, яке аз чеҳраҳои маъруфи ӯзбекҳои Афғонистон, сиёсатҳои “Толибон” – ро идомаи сиёсатҳои ҳукуматҳои пешин хондааст
МАЗОРИ ШАРИФ, “Сангар”. Вай дар як паёми катбӣ ба ҳамтабораш Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раисулвузарои “Толибон” гуфтааст, ки пружаҳои нотакмили Ғанӣ-Карзай бо давоми иморати толибонӣ дар шимоли Афғонистон бо истифода аз номи дину шариат ба беҳтарин ваҷҳ татбиқ мегардад.
Вай, ки дар робита ба дастгир шудани Махдум Олим, аз фармондеҳони аршади ӯзбектабори “Толибон” дар вилояти Форёб суҳбат кардааст, мегӯяд, мавсуф ҳазорон ӯзбеки форёбии худро ба хотири иморати толибонӣ кушт ва ҳазорон фарзанди қувои мусаллаҳи кишварро ба хоку хун кашонид, имрӯз худ ба чунин сарнавиште гирифтор шудааст.
“Фардо навбати шумо ва Қорӣ Салоҳуддин Айюбӣ, домулло Мансур Самангонӣ, Абуидрис Шулгараӣ ва Мавлавӣ Атоуллоҳ ва садҳо толиби ӯзбектабор, туркмантабор ва тоҷиктабор низ фаро мерасад”, - гуфтааст генерал Малик.
Махдуми Олим то ба қудрат расидани “Толибон” волии номниҳоди ин гуруҳ дар Форёб, вақтҳои ахир раиси кумисиюни низомии ин вилоят буд. Вай 13 январ ба идораи истихбороти “Толибон” дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх даъват ва ба ҷурми одамрабоӣ боздошт шуд. Фармони боздошти ӯро Мулло Фозил, муовини вазири дифоъи “Толибон”, ки дар замони ҳукумати аввали ин гуруҳ дар Форёб асири нерӯҳои генерал Абдурашид Дӯстум шуда буд, содир намудааст.
Дар пайи ин рухдод ҷонибдорон ва ҷангиёни таҳти фармони Махдуми Олим дар шаҳри Маймана, маркази вилояти Форёб даст ба тазоҳурот зада, тақозои озодии ӯро карданд ва ба нишони эътироз толибҳои паштунро аз шаҳри Маймана ронданд.
Аммо “Толибон” эълон карданд, ки ӯро раҳо нахоҳанд кард ва ба шаҳри Маймана нерӯҳои нав ворид намуда, вазъро таҳти назорат гирифтанд ва бино ба гузоришҳои ахир, даст ба муҷозоти ширкаткунандагони тазоҳурот задаанд.
Генерал Малик мегӯяд, подоши иморати толибонӣ ба он идда ӯзбекҳо, тоҷикҳо, ҳазораҳо, арабҳо, туркманҳо, ки ба нӯгарии иморат хидмат мекард, қавми худро мекушт, аз ғасби хонаву замину боғу чӯру чаповул шурӯъ ва ба зиндону эъдом хатм мегардад.
Вай хитоб ба Абдусалом Ҳанафӣ гуфтааст, имрӯз дар қасри садорот дар Кобул ба манзили аввал ҷо ба ҷо ҳастед ва қабл аз шумо дар ин дафтар оқоён Абдулкарим Халилӣ ва Сарвар Дониш аз қавми ҳазора ва болои сари шумо дар табақаи дувум оқоён Абдурашид Дӯстум ва Амаруллоҳ Солеҳ менишастанд.
“Ҳамаи инҳо ба ҳимояти Карзай ва Ғанӣ, яке аз муассисини “Толибон”, нӯгарӣ ва хидмат мекарданд ва ҳар кадом ба навбати худ баъд аз ба қудрат расидани Карзай ва Ғанӣ, мукофоти ғуломии худро дар ҳабси хонагӣ, табъиду тавҳин, таҳқир, бесалоҳиятӣ дарёфтанд ва рафтанд. Подоши ҳар ғуломе ба бегона чунин аст”, - гуфтааст генерал Малик.
Вай аз муовини раисулвузарои “Толибон” даъват кардааст, ки раҳбарони шимолро муттаҳид намуда, ба хотири эҷоди як ҳукумати ғайримутамаркиз бо ҷаҳони имрӯзӣ ва иморати толибонӣ вориди гуфтугӯ шаванд, то аз хунрезии бештар ҷилавгирӣ гардад ва мардуми Шимол ҳам ҳақ дорад дар фазои озодӣ ва амният ҳаққи зиндагиро камоӣ бикунад.
Генерал Абдумалик Паҳлавон дар гузашта вазири корҳои хориҷӣ ва мушовири раиси иҷроияи Афғонистон буд. Ҳоло Ҳизби озодии Афғонистонро раҳбарӣ мекунад ва дар Эрон ба сар мебарад.
Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раисулвузаро, баландмақомтарин ӯзбек ва ҳам ғайрипаштун дар ҳукумати “Толибон” аст.
Ҳарду аз Шимоли Афғонистонанд, ки ба таври анъанавӣ ҷуғрофиёи сукунати ғайрипаштунҳо – тоҷикон, ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва туркманҳо аст.