Хабари рӯз

Амалиёти нерӯҳои Толибон* ба манзури тасфияи Панҷшер ва Андаробҳо аз нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба нокомӣ анҷом ёфт

ҲИНДУКУШ, 24 феврал – “Сангар”, Ҳасиб Сангарӣ. Онҳо бо додани талафоти сангин ақибнишинӣ карданд. Чанд тан аз муқовиматгарон низ ба шаҳодат расиданд.

Хабарнигори “Сангар”, ки дар маҳалли ҳаводис қарор дорад, хабар дод, ки рӯзи 3 ҳути соли 1400 мусодиф ба 22 феврали 2022 нерӯҳои Толибон бар пойгоҳҳои неруҳои муқовамати миллӣ дар минтақаи Дуоби вулусволии Шутули вилояти Панҷшир ҳамла карданд.

Ҳасиби Панҷшерӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат ба хабарнигори “Сангар” гуфт, ҳанӯз чаҳор рӯз қабл аз як амалиёти густардаи Толибон ба қароргоҳҳои Панҷшер иттилоъ расида буд.

“Бино ба иттилои мо, дар ин амалиёт ҳудуди 700 ҷангии нерӯҳои “Қитъаи Сурх” ва “Бадрӣ” – и Толибон дар ҳамдастӣ бо тақрибан 5 ҳазор толиби маҳаллӣ ва қандаҳориву ҳилмандиҳои мустақар дар Панҷшер бояд дар як вақт ба қароргоҳҳои муқовимат дар Манҷавур, Поранда, Абдуллохел, Дара, Шоба, Ҳиссаи Аввал, Оноба ва қароргоҳҳои болоии дара ҳамла мекарданд. Амалиётро Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон раҳбарӣ дошт. Аммо наздикҳои шоми имрӯз аз соҳоти Мурғӣ, Орзу, Дуоба ва рустоҳои Истифолу, Чашмаи Об ва аз Рӯйдараи вулусволии Шутул ақиб нишастанд ва ба тарафи вулсволӣ рафтанд. Мулло Яъқуб ҳам ба Кобул баргашт”, - гуфт Ҳасиби Панҷшерӣ.

Тибқи иттилои ӯ, дар ин амалиёт 9 толиб, ба шумули Мулло Иззатуллоҳ, муовини фармондеҳи “Қитъаи Сурх” аз вулусволии Шоҳ Валикути Қандаҳор ба ҳалокат расид. Аз ҷумлаи размандагони Ҷабҳаи муқовимат ду нафар ба номҳои Абдулазими Тӯфон, сокини Панҷшер ва Матини Гузаргоҳ, сокини Кобул ба шаҳодат расиданд.

Хабарнигори “Сангар”мегӯяд, Толибон дар рустои Истифолуи Шутул ҳангоми ҷанг бо неруҳои Ҷабҳаи муқовамат ҷавоне ба номи Ваҳидулло, писари Мулло Абулмаъҷунро, ки мавошӣ (чорво)-и худро ба кӯҳҳо бурда буд, бо силоҳи навъи “Дрозноф” ба шаҳодат расонданд.

ДАР АКС: Абдулазими Тӯфон (аз рост), Ҳасиби Панҷшерӣ (мобайн) ва Матини Гузаргоҳ (аз чап)

“Бародари Ваҳидуллоҳ аввалин касе буд, ки ба Толибон пайваста буд. Худаш захмист. Ҷасади Ваҳидуллоҳ ду рӯз дар баландии куҳ монда буд, ки оварда, ба хок супурданд”, - гуфт ӯ.

Хабарнигори “Сангар” мегӯяд, аз маҷмӯъи неруҳои эъзомии Толибон ба Шутул сирф 25 нафарашон дар масҷиди Рӯйдара монда, бақия аз вулусволӣ хориҷ шудаанд.

“Далели даст бардоштани Толибон аз идомаи амалиёт барфборӣ ва ҳавои ғуборолуд дар Панҷшер буд. Қарори иттилоот дар рӯзҳои оянда бо тамоми тавон ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии худро алайҳи муқоваматгарон аз сар гиранд”.

Дара ё вулусволии Шутул оғози дараи Панҷшер буда, дар қисмати чапи Даҳанаи Панҷшер, даромадгоҳи дара аз тарафи ғарб – вилояти Парвон ҷойгир аст. Дар қароргоҳи Шутул размандагони Ҷабҳаи муқовимат таҳти фармони Ҳасиби Панҷшерӣ ва Вазири Шутул меҷанганд.

Навор: Ҷанги рӯёрӯи Ҳасиби Панҷшерӣ бо чархболи Толибон  

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Сангар” аз афзоиши ҳамалоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дохили Панҷшер ва Андаробу вилояти Кописо, Парвон ва Кобул хабар медиҳад, ки мухтарсари шарҳи он бад-ин қарор аст:

  • Дар пайи як ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат бар посгоҳи Толибон дар соҳаи Пули Мулло Ҳабиби минтақаи Таҳпуштаи вулусволии Ҳиссаи дувуми Кӯҳистони вилояти Кописо, худи посгоҳ тахриб ва ду толиб кушта шудаанд.
  • Дар Андароб субҳи 4 ҳут ё 23 феврал нерӯҳои фармондеҳ Хайрмуҳаммад Андаробӣ ба як қароргоҳи Толибон дар минтақаи Кишанободи вулусволии Бануи Андароб ҳамла карда, ду нафарро куштанд ва як нафари дигарро захмӣ кардаанд.
  • Дар ҳамлаи чирикии дигари нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ болои корвони мошинҳои Толибон дар минтақаи Пули Қарабоғи вулусволии Кӯҳдомани вилояти Кобул 3 толиб кушта, 5 тани дигар захмӣ ва ду мошини ренҷерашон тахриб шудааст.
  • Дар як ҳамлаи таҳоҷумии ғофилгиркунандаи неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рӯзи 4 ҳут ё 23 феврал дар минтақаи Шаҳидони наздик ба гимназияи футболи вулусволии Ҷабалуссироҷи вилояти Парвон як ренҷери Толибонро муҳосира карда, шаш сарнишини онро бо тамоми таҷҳизоти низомиашон бо худ ба ҷои номаълуме интиқол доданд.
  • Дар пайи инфиҷори минаи канори роҳ рӯзи 5 ҳут ё 24 феврал, ки тавассути неруҳои Ҷабҳаи муқовамат дар рӯбарӯи мактаби Лисаи олии Бозорак гузошта шуд, як ренҷери Толибон инфиҷор дода шуд, ки дар пайи он 3 толиб кушта ва 3 тани дигарашон захмӣ шуданд.
  • Дар як ҳамлаи чирикии муқовиматгарон дар минтақаи Деҳ Булбули вулусволии Ҳиссаи дуввуми Кӯҳистони вилояти Кописо 8 толиб ба ҳалокат расида, 3 тани дигарашон шадидан захм бардоштанд ва мошини навъи Ҳомвейи онҳо комилан аз байн рафтааст.

*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!