Хабари рӯз

Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон як вулусволӣ дар вилояти Хуст, пойгоҳи асосии Шабакаи Ҳаққониро фатҳ ва пас аз муддати кӯтоҳ раҳо кард

КОБУЛ, 03 май – Сангар, Фарзом Козимӣ. Ин аввалин мавриди фатҳи як вулусволӣ аз сӯи нерӯҳои зиддитолибонӣ дар Афғонистон баъди ба қудрат расидани Толибон аст.

Абдулфаттоҳи Адиб, сухангӯи Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон, ба вебсойти Сангар гуфт, ин як амалиёти ҳассоси чандҷиҳатӣ болои таъмири вулусволии Алишери вилоят Хуст дар ҷануби Афғонистон буд, ки комилан дар тасарруфи сарбозони ин ҷабҳа даромад.

“Сарбозони мо вориди таъмири ин вулусволӣ шуда, вулусволи золимашро, ки мардумро зиёд азият мекард, бо 11 тан аз афроди таҳт амрашро ба ҳалокат расонданд. Аз анбори бузурги муҳимоти Толибон, ки дар қаламрави дафтари вулусволӣ буд, силоҳу муҳимоти зиёде ба дасти муқовиматгарон афтод ва бақияи   он бо чандин тонки ҳомвей ва мутарҳои “ренҷер” комилан тахриб ва аз байн бурда шуд”, - гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, ба ҳеҷ яке аз сарбозони муқоваматгари ин ҷабҳа ва афрод мулкӣ осеб нарасидааст.

“Сарбозони Ҷабҳаи миллии озодагон дар пайи як соати ҷанг бо Толибон вулусволиро фатҳ карда, ҳудуди 5 соат онро дар даст доштанд ва бо гирифтани ғаниматҳои ҷангӣ ва силоҳҳои ин гурӯҳ дубора ба сангрҳои худ баргаштанд”, - гуфт Абдулфаттоҳи Адиб.

Вилояти Хуст хостгоҳи Шабакаи Ҳаққонӣ, гуруҳи хашине дар дохили Толибон аст, ки Ҷалолуддин Ҳаққонӣ асосгузор ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари имрӯзааш, ки вазири корҳои дохилии Толибон низ ҳаст, зодаи ин вилоятанд.

Ҳамзамон ин манбаъ аз як ҳамлаи чирикии нерӯҳои Ҷабҳаи миллии озодагон дар вилояти Кобул хабар медиҳад, ки рӯзи гузашта, 2 май анҷом гирифт ва дар пайи он ду толиби террорист кушта шудаанд.

“Ин як ҳамлаи ғофилгирона дар масири Кобул-Парвон дар марбутоти вулусволии Қарабоғи вилояти Кобул буд, ки силоҳу муҳимоти толибони кушташуда ба дасти чирикҳои ҷабҳа афтод”, - гуфт сухангӯи Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон.

Сухангӯи Ҷабҳаи миллии озодагон аз инфиҷори як мутари ренҷери Толибон, ки маводи мухаддир дошт, дар масири Ғурғурӣ - Заранҷи вилояти Нимрӯз мунфаҷир намуданд. Дар навори видеоӣ аз ин ҳодиса дида мешавад, ки як мутари Толибон бо тамоми сарнишинонаш нобуд мешавад.

Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон дуввумин ҷабҳаи зиддитолибонӣ пас аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд аст, ки моҳи октябри соли гузашта ба раҳбарии Доктар Сулаймон бунёнгузорӣ ва вориди корзори мубориза алайҳи ҳукумати Толибон шудааст.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!