Толибон* вожаи “донишгоҳ”-ро аз лавҳаи Донишгоҳи Балх ҳазф карданд ва ба ҷои он “пуҳантун” навиштанд
МАЗОРИ ШАРИФ, 10 март – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Зоҳиран, онҳо сиёсатҳои афғонсозӣ ё паштунизаи ҳукуматҳои қаблии Афғонистон – аз Абдураҳмон то Ашраф Ғаниро идома медиҳанд.
Хабарнигори сомонаи Сангар аз шаҳри Мазори Шариф хабар медиҳад, ки дирӯз, 10 март, ба дастури раёсати парвариши омӯзиши Толибон дар вилояти Балх ду нафар барои ҳазфи вожаи дарии “донишгоҳ” ва ба ҷои он ҳак кардани вожаи паштуи “пуҳантун” эъзом шуданд.
“Ҳеҷ ҷои аҷобат набуд, агар вожаи “пуҳантун” дар лавҳа вуҷуд намедошт. Дар лавҳаи қаблӣ навиштаи “Донишгоҳи Балх” ва гузинаи паштуи он – “Д Балх пуҳантун” оварда шудаанд ва зарурати тағйири “Донишгоҳи Балх” ба “Пуҳантуни Балх” вуҷуд надошт. Ин иқдоми Толибон нақзи ҳуқуқи ғайрипаштунҳост, ки аксарияти кулли нуфуси вилояти Балх ва шаҳри Мазори Шарифанд ва ҳам нишонаи сиёсати афғонисозӣ ва форсиситезӣ аст”, - гуфт яке аз равшанфикрони Балх ба сойти Сангар.
Баҳси “донишгоҳ” – у “пуҳантун” нав нест. Ғайрипаштунҳо аз “донишгоҳ” ва паштунҳо аз “пуҳантун” пуштибонӣ мекунанд. Он дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай доғ шуд. Карими Хуррам, вазири фарҳанги Карзай, яке аз мубтакирони ин баҳс буд. Дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ низ ин баҳс доғ монд. Пас аз зуҳури дубораи Толибон ҳатто яке аз соҳибназарони онҳо ба хабарнигоре таҳдид кард: “Донишгоҳ нагӯ, ки гап хароб мешавад!”.
Донишгоҳи Мазори Шариф сеюмин донишгоҳи бузурги Афғонистон пас аз Донишгоҳи Кобул ва Донишгоҳи Ибни Сино, низ дар пойтахти ин кишвар аст.
Балх зодгоҳи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, яке аз мутафаккирон ва шоирони бузурги ҷаҳонист, ки тамоми осори худро ба забони дарии форсӣ навиштааст. Даҳҳо бузурги дигари адабиёти форсии тоҷикӣ, назири Робиаи Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Носир Хусрави Балхӣ низ дар Балх рушду камол ёфтаанд.
Балх вилояте дар шимоли Афғонистон буда, бино ба додаҳои интернетӣ, 1 миллиону 245 ҳазор нуфус дорад. Аксарияти сокинони он тоҷикон буда, ӯзбекҳо дар мавқоми дуввум мебошанд. Дар ин вилоят ҳамчунин ҳазораҳо, паштунҳо ва дигар ақвом низ зиндагӣ мекунанд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст