Ҳар касе, ки фикр мекунад, Толибон бо кишту қочоқи маводи мухаддир мухолиф аст, ё одам нест, ё аз ин олам нест”
Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, таҳлилгари умури минтақа (Олмон)
Ба назар мерасад, ки доманаи ин баҳс ниёз ба чашмандози таърихии кишти маводи мухаддир дар қаламраве ба номи Афғонистон дорад.
Аввалин баҳс аз кишти маводи мухаддир иртиботи танготанг бо фаҳми минтақаи ҳоил будани кишвар дорад ва яке аз баҳсҳои тӯлониву таърихӣ аст, ки бо номи ин қаламрав пайванд ва ҳайсияту ваҷоҳати онро барҷаста месозад.
Ба лиҳози таърихӣ фаҳми мо аз шибҳи ҷазираи Ҳиндустон, ки ҳанӯз яке аз ақмори муттаҳидаи Бритониёи Кабир ба шумор мерафт ва кампании Ҳинди Шарқӣ барои тасбити ҷойгоҳи иқтисодии истеъмории подшоҳи Англис талош дошт, манобеъи табиӣ ва маъдании Ҳиндустонро ба Аврупои истеъморгар содир мекард ва дар иваз амволи коркардшударо ба қимати баланд ба бозори пурравнақи Ҳиндустон ба фурӯш мерасонд.
Афғонистон яке аз маъдуд минтақаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ буд, ки байни Ҳинди Бритониёвӣ ва Русияи тазорӣ, қобили таваҷҷуҳ буд. Гоҳе шабеҳи сарошебе барои яке ва сууд барои дигаре ба шумор мерафт. Ин вазъият ҳар аз чанд гоҳе ба нафъи яке ва ба зарари дигаре тағйир мекард. Хастагӣ ва фарсудагии нерӯҳои размӣ дар ду сӯи Афғонистон заминаи пур кардани халои вуҷуди ниёбатии ҳар кадомро дар мақотеъи мухталифи таърихӣ пур менамуд.
Афғонистон танҳо дар ҳамин марҳалаи таърихии худ таъминкунандаи бахши бузурге аз маводи мухаддири нерӯҳои англисиро, ки дар ҷанг алайҳи Чин ба номи “ҷанги тарёк” аз ҷабҳаи Ҳиндустон роҳандозӣ кард, ба ӯҳда дошт. Ҳилманду Нуристони он рӯз ба конуни кишту коркарди тарёки кампании Ҳинди Шарқӣ табдил шуда буд. Пасонҳо, ки марзҳои шарқии Афғонистон бояд мушаххас мешуд, тайи қарордоди нангини Дюранд ҳаддиақаллӣ барои яксад сол дар контроли нерӯҳои англисӣ ба хотири таврид ва судури манобеъи маводи аввалия ва люкс дар бадали пардохти андак хироҷе қарор гирифт, ки бахши умдаи он тасаллути Англис бар кишту коркарди тарёки марғуби Афғонистон буд.
Зиёд дур наравем. Фатвоҳое, ки уламои ҷаҳони ислом бар ҷавози шаръии кишти маводи мухаддир содир кардааст, гувоҳи равшане аз иқболи ҷанги муодиласозии шаробу тарёк мекунад ва ба суннатӣ будани шаръии кишти маводи мухаддир дорад. Аз ҷониби дигар, мо шоҳиди баҳсҳои тӯлонӣ ва хориҷ аз ҳинҷори маводи Қонуни асосии 1382 (1993)-и Афғонистон дар Луия Ҷиргаи Қонуни Асосӣ перомуни ҳадар кардани тарёк будем, ки худ дар навъаш яке аз ҷанҷолитарин баҳсҳо баъд аз забону суруди миллӣ буд.
Ба ҳар сурат аз асли мавзӯъ дур нашавем. Афғонистон дар Бурди ҷаҳонии контроли маводи мухаддир (INCB) иҷозаи фурӯш ва судури 4,5 метрик тон маводи мухаддирро дорад ва давлатҳои шоҳиву ҷумҳурии Довудхон аз он истифода кардаанд, вале ин ки пасонҳо низомҳои сиёсии Афғонистон тайи беш аз 45 сол ба буҳрон рафт ва тавоноии мудирияти буҳронҳои дохилиро бинобар ҳар авомиле надоштанд ва ё дар сояи фишорҳои байналмилалӣ ва гурӯҳҳои мафияӣ тавони пардохтан ба онро аз даст дода буданд, баҳси дигаре аст.
Ба бовари ман, ки солҳо рӯйи мавзӯъи кишт, коркард, қочоқ ва масрафи маводи мухаддир дар шаҳрҳои мухталиф кору таҳқиқ кардаам ва ин падидаро хориҷ аз барномаи таърихи сиёсии Афғонистон намедонам ва ҷангу буҳронеро, ки дар сояи фатвои гурӯҳҳои ифротии дарунии Толибон ба ҳалол донистани кишти кукнор ва иқтисодзоии он ба унвони тамвил ва таҷҳизи Толибон, гурӯҳҳои табаҳкор ва террорист қарор мегирадро ғайри қобили инкор медонам, чун амалан гурӯҳи Толибон бо раҳоии Ҳоҷӣ Башир, машҳуртарин қочоқчии маводи мухаддир аз зиндон ва пазироии шондор аз ӯ ва низ иттиҳоми раҳбари ин гурӯҳ ба номи Мулло Ахтар Мансур қабл аз кушта шуданаш ба унвони яке аз авомили умдаи қочоқи маводи мухаддир ибҳомзудоӣ нашудааст.
Ҳанӯз яке аз иттиҳомҳои калону барҷастаи гурӯҳи Толибон таъмини иқтисод аз маҷрои фурӯши мавод мухаддир аст. Бозорҳои маводи мухаддир дар Ҳилманд, Қандаҳор ва Урузгон ҳамчунон равнақ дорад. Кишти кӯкнор дар шимолу ҷануб, ғарбу шарқи Афғонистон ҳамчунон пурҷозиба аст ва ҳанӯз бозори фурӯши маводи мухаддири Кобулу Ҳирот ва Мазори Шариф барои масрафкунандагон ба ҷайби фармондеҳони Толибон суд тазриқ мекунад.
Агар ин ақломро ба гардиши таъмини зиндагии пурсуд дар сояи иморати Толибон дар Афғонистон ба мафияи ифротият, терроризм ва маводи мухаддир бидонем, боз дар мавриди мубориза бо кишти маводи мухаддир аз сӯи ин гурӯҳ дучори тардид мешавем ва мухолифат бо ин падидаро ғайримумкин медонем.