Хабари рӯз

Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ интизор дорад дар мубориза бо “ҷавонтолибон” – Мулло Яъқуб ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ - ба уламои дин ва гвардияи шахсӣ такя кунад.

Андрей Серенко, хабарнигори "Независимая газета" (Русия), раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия

Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд, раҳбари Толибон, дар гуфтугӯ бо уламо (уламои ислом) аз Кобул гуфт, истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо аввалин марҳала аз ҷиҳоди муваффақиятомези Толибон (созмони дар Русия мамнуъ) аст. Ба гуфтаи вай, дар оянда Толибон ва уламои Афғонистон муваззаф ҳастанд, ки тамоми ҷаҳонро ба раҳбарии шаръӣ савқ диҳанд. Ба ин тартиб, раҳбари Толибон ба сароҳат эълом кард, ки ҷиҳоди ҷангиёни вай ба хоки Афғонистон маҳдуд нахоҳад шуд.

Ифшогариҳои пурҳошияи Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ чанд рӯз пеш пас аз он ки тезисҳои аслии суханронии вай дар шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон ба нашр расид, мушаххас шуд. Аз ин рӯ, изҳороти амири Толибон иддаои бисёре аз сиёсатмадорон, дипломатҳо ва коршиносон, аз ҷумла дар Русияро рад мекунад, ки солҳо ба ин сӯ ба афкори умумӣ итминон медоданд, Толибони Афғонистон зоҳиран ҷоҳталабиҳои ҷиҳодии ҷаҳонӣ надоранд. Ба гуфтаи онҳо, бар хилофи "Давлати исломӣ" (ДОИШ, созмони мамнуъа дар Русия), Толибон мехоҳанд фақат дар Афғонистон як "низоми исломӣ" эҷод кунанд ва қасд надоранд ҷиҳодро содир кунанд ва аз ин рӯ, лозим аст, бо режими Толибон ба унвони гиёҳхортарини проектҳои ҷиҳодӣ ҳамкорӣ кард. Аммо ҳоло худи амири Толибон ин иддаоҳо ва арзёбиҳоро рад мекунад.

Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд дар суханронии худ дар ҷамъи уламои Кобул гуфт: "Муваффақияти ҷиҳоди Афғонистон натанҳо сарбаландӣ ва сарафрозии афғонҳо, балки мояи ифтихор, ҳатто орзуи мусулмонон дар саросари ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, масъулияти шумо танҳо иқомаи шариат дар Афғонистон нест, балки уламои Афғонистон низ вазифа доранд, ки ҳама ҷаҳонро ба раҳбарии шариат ҳидоят кунанд. Мавзӯъи аҳамияти риояти шариат на танҳо дар Афғонистон, балки фаротар аз марзҳои он, мавзӯъи аслӣ дар суханронии амири Толибон буд.

Достони муҳимми дигар дар суханронии Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ, даст кашидани сареҳ ва дақиқи вай аз эҷоди “ҳукумати фарогир” дар Афғонистон буд. Ин ҳамон чизест, ки беш аз як солу ним ба ин сӯ режими Толибон дар Кобулро намояндагони Созмони Милал, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ҳинд, Иттиҳодия Аврупо ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ талош мекарданд мутақоид кунанд. Шоёни зикр аст, ки бархе аз дипломатҳои амрикоӣ ва русӣ ба иттифоқи оро дар ин маврид ибрози хушбинӣ карда ва афкори умумиро бовар мекунонданд, ки Толибон дер ё зуд бо эҷоди як давлати фарогир, ки шомили намояндагон гурӯҳҳои қавмӣ-сиёсии аслии кишвар бошад, мувофиқат хоҳад кард. Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ бидуни рамзу роз тасреҳ кард, ки ҳамаи ин умедҳо беҳуда аст.

Раҳбари Толибон, ки дар ҷамъи уламои Кобул сӯҳбат мекард, бар лузуми риояти шароити афви намояндагони режими ҷумҳурӣ, ки дар моҳи августи 2021 тавассути Толибон сарнагун шуд, таъкид кард. Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ гуфт: “Ҳеҷ як аз мо иҷоза надорем афроди режимҳои қаблиро ба хотири ҷиноёти гузаштаашон муҷозот кунем. Агар касе ин корро анҷом диҳад дар додгоҳ муҳокима мешавад. Ман дастуруламалҳои равшане ба додгоҳҳо дар ин замина дорам. Аммо эътои мансаб ба онҳо дар ҳукумат ғайриқобили қабул аст, зеро ба эҳсосоти касоне, ки аз иқдомоти онҳо осеб дидаанд ва ин воқеият, ки онҳо дар гузашта муҳокима шудаанд ва шикаст хӯрдаанд, садама мезанад. Бинобарин, аз додан ҳар гуна мансаби давлатӣ ба онҳо худдорӣ кунед.

Дар ҳамин суханронӣ, амири Толибон мудел ҳукуматдории Афғонистонро, ки қасди эҷоди онро дорад, ироа кард. Ба гуфтаи вай, шариати воқеӣ танҳо бо гирди ҳам овардани уламои дин ва “ҳокимон”, яъне мудирони Толибон таҳаққуқ меёбад: “Қудрати шаръӣ танҳо аз ду гурӯҳ ба даст хоҳад омад. Аввалӣ ҳокимоне ҳастанд, ки аз қабл дар қудрат буданд ва дувумӣ - донишмандон”.

Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ бар лузуми ҳузури уламои дин дар ҳар ниҳоди ҳукумати муваққат-и кунунӣ дар Кобул таъкид кард, ки контроли ҳокимон ва пойбандии беҳтар ба шариат-ро мумкин месозад. Ба гуфтаи амири Толибон, "доншмандон бояд дар судҳо, вазоратхонаҳо, идороти вилоятӣ ва шаҳристонӣ ҳузур дошта бошанд."

Ҷолиб аст, ки Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ хотирнишон кард, ки бидуни мушорикати уламо, худи Толибон наметавонанд як изоми исломӣ"-и тамомайёр дар Афғонистон эҷод кунанд. Акнун, ки замони иҷрои шариат фаро расидааст, Толибон намедонанд чигуна ин корро анҷом диҳанд. Аммо ин кор тавассути уламо анҷом хоҳад шуд, зеро онҳо ҳама (меъёрҳо ва муқаррарот динӣ)-ро медонанд.

Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ дар ҳамин суханронӣ бо таъкид бар ҷойгоҳи вежаи сиёсии худ дар “низоми исломӣ”-и дар ҳоли эҷод дар Афғонистон гуфт: “Ман сиёсатмадор ё раҳбари фиребкоре нестам, ки маҷбур бошам дуруғ бигӯям, то маҳбубият пайдо кунам ва бренди худро дар ҷаҳон маъруф кунам. Пас агар маро раҳбари худ хонед, аз он чӣ мегӯям, итоат мекунед, ва агар аз шумо бихоҳам, ки биравед, биравед.

Коршиносони афғон тезиси охирро паёми амир Толибон ба вузарои ҷоҳталаби давлати Толибон дар Кобул, дар дараҷаи аввал Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохила донистанд, ки саъй доранд дар пушти саҳна бо шарикони хориҷӣ музокира кунанд ва аз бархе тасмимоти атрофиёни усулгарои Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ интиқод кунанд.

Ин ҷо, ба вежа, сухан дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқи занон дар Афғонистон барои таҳсилу кор меравад. Маълум аст, ки мавқеъи, масалан, Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар ин маврид бештар бо хостаҳои намояндагони Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо мунтабиқ аст то бо назари амири Толибон. Кор ба ҷое расид, ки чанд моҳ пеш Шерил Барнард, коршиноси сиёсии саршиноси амрикоӣ, ҳамсари Залмай Халилзод, намояндаи вежаи собиқи Амрико дар умури Афғонистон, ошкоро аз тариқи расонаҳо аз Ҳаққонӣ хост то дар Афғонистон кудато ва гурӯҳи усулгароён ба раҳбарии Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳро сарнагун кунанд.

Андаке пас аз он, амири Толибон аз эҷоди як қулли урдуи шахсии 40 ҳазорнафарӣ хабар дод, ки аз будҷаи давлати Кобул тамвил мешавад ва дарвоқеъ мувозинае барои нерӯҳои артишу полиси таҳт котроли ду толиби ҷавон - Мулло Яъқуб ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ аст.

Сигнали фиристодаи амири Толибон дар ҷараёни суханрониаш барои уламои Кобул мумкин аст ба ин маъно бошад, ки Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ пас аз такмили раванди эҷоди сипоҳи посдорони амир, мумкин аст хостори тағйир дар раҳбарии идороти амниятӣ дар ҳукумати Толибон шавад. Ва акнун яке аз интригаҳои аслӣ, пешбинии вокуниши Мулло Яъқуб ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва шарикони хориҷии ғайрирасмии онҳо ба ин хоста аст.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!