Хабари рӯз

Толибон мардуми Афғонистонро бо балоёи табиӣ танҳо гузоштанд.

Нависанда: Муҳаммад Абдуллоҳ, рӯзноманигор, махсус барои “Сангар”

Толибон захоири стратегии маводи кумакӣ барои осебдидагони ҳаводисро ғорат карданд

Ин гурӯҳ монеъи имдодрасониву омили густариши талафоти инсонии ношӣ аз селобҳои ахир дар Афғонистонанд ва ҳеч гуна иродаву барнома барои коҳиши хатароту имдодрасонӣ ба осебдидагони ҳаводис надоранд.

Дар ҳоле ки системаҳои ҳавошиносӣ чандин рӯзи пеш аз вуқӯъи ҳаводис, дар мавриди хатароти борандагии шадиду сарозер шудани селобҳо ҳушдор дода буданд, аммо гурӯҳи Толибон барои мудирияти ҳаводис, ба вижа барои коҳиши хатароти селобҳои мудҳишу итилоърасонӣ аз вуқӯъи селобҳо ҳеҷ гуна иқдом накарданд.

Селобҳои ахир дар чанд вилояти кишвар ҷони беш аз панҷсад тан ҳамватанони моро гирифт ва даҳҳо ҳазор танро осебдидаву бесарпаноҳ кард, ки дар шароити кунунӣ ниёзи ҷиддӣ ба кӯмак доранд. Акнун ки чандин рӯз аз селобҳо мегузарад, барои захмиҳо, бесарпаноҳҳо ва осебдидагони ношӣ аз селобҳо ҳеҷ гуна кӯмак сӯрат нагирифтааст, омодагӣ ва ё барномарезӣ барои расидагӣ ба осебдидагон вуҷуд надошта ва надораду гурӯҳи Толибон дар ин ростои муқассиру монеи аслианд.

Коҳишдиҳии хатарот, итилоърасонӣ аз вуқӯъи ҳаводис барои бошандагон дар маърази хатар, омодагӣ барои мубориза дар ҷараёни ҳаводис, имдодрасонӣ барои осебдидагони ношӣ аз ҳаводис аз вазоифу мукаллафиятҳои давлатҳост, аммо Толибон, ки гурӯҳи ғайримасъул буда ва мардуми Афғонистонро ба гаравгон гирифтаанд, на танҳо дар амри мубориза бо ҳаводис коре накардаанд ва намекунанд, балки тороҷкунанда дипу (анбор)-ҳои мубориза бо ҳаводису монеи кӯмакрасонӣ мебошанд.

Афроди ин гурӯҳ баъд аз ишғоли Кобулу тасарруфи ниҳодҳои мубориза бо ҳаводис, тамоми дипуҳо ва захоири стратегии вазорати мубориза бо ҳаводис дар Кобулу вилоётро ғорат карданд. Маводи ғизоӣ, хаймаҳо, албаса, бастаҳои ошпазӣ, бастаҳои тиббии кӯмакҳои аввалия ва соири маводу лавозими кӯмакиро, ки даруни дипуҳо захира шуда буд, тавассути афроди Толибон тороҷу чаповул гардид.

Баъд аз ғорати амволу маводи дипуҳои вазорати мубориза бо ҳаводис, Мулло Аббос Охунд сарпарасти он вазорат беш аз панҷсад боб контейнер чиҳил футро, ки маводи ғизоӣ ва амволи ғайриғизоӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, ба ҳароҷ гузошт ва ба Покистон интиқол дод, зеро Мулло Аббос Охунд аз қабл дар Покистон сармоягузорӣ дошту молики як шифохонаи шахсӣ ва чанд ширкат дар он кишвар мебошаду чандин моҳ мешавад, ки дар Афғонистон ҳузур надорад ва дар Покистон ба сар мебарад.

Муовини вазири мубориза бо ҳаводиси идораи Толибон (Мулло Абдулвалӣ Соранвол), ки миёнаи хуб бо Мулло Аббос Охунд надорад, аз як соли бад-ин сӯ дар вилояти Ғазнӣ ба сар мебарад ва дар вазорати марбута ҳузур надорад.

Ба иллати тороҷи захоири стратегӣ ва амволи вазорати мубориза бо ҳаводис тавассути Толибон ва бемасъулиятии онон дар баробари дороиҳои омма ва ҷони шаҳрвандон, ниҳодҳо ва идороти кӯмакрасон ба осебдидагони ҳаводис, фалаҷ гардидааст.

Гурӯҳи Толибон ба хотири мудирияти буҳронҳои ношӣ аз ҳаводис ҳеҷ гуна дидгоҳи тахассусиву амалкарди маслакӣ надоранду фоқиди барнома буда ва мебошанд ва ҳатто дар ҳаводиси ношӣ аз селобҳои ахир, на танҳо иродаи кӯмакрасонӣ надоштанд, балки монеи расидагӣ ва ирсоли кӯмакҳои кишварҳои ҳамсоя низ гардиданд.

Қабл аз ишғоли Кобул тавассути Толибон, ниҳодҳои масъули мудирияти буҳронҳои ношӣ аз ҳаводис, бо ниҳодҳои масъули кишварҳои ҳамсоя ва минтақа протоколҳо ва асноди ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба имзо намуда буданд, ки дар сурати вуқӯъи ҳаводису ҳолоти изтирор, зимни кишвари осебдида, кишварҳои ҳамсоя ва имзокунандагон, дар замони вуқӯъи чунин ҳаводис барои осебдидагон кӯмакҳои лозим кунанд, аммо Толибон нахостанд, ки кишварҳои ҳамсоя ва имзокунандагони тафоҳумномаҳои мазкур, бозмондагони қурбониёну осебдидагони селобҳои ахирро ёрӣ расонанд.

Ниҳодҳои байнулмилалии ҳамкору тамвилкунандаи вазорати мубориза бо ҳаводис, ҷараёни ғорати захоири стратегӣ, интиқоли садҳо боб контейнерҳои ҳолати изтирории вазорати мубориза бо ҳаводисро ба Покистон, беирода будан ва бебарномагиии Толибон дар амри мубориза бо ҳаводисро зери назар доштанд ва аз ин ки сарони гурӯҳи Толибон ба ҳушдорҳои муассисоти мазкур тавваҷуҳ накарданд, ниҳодҳои байналмилалии тамвилкунанда ҳамкории хешро бо вазорати мубориза бо ҳаводис таълиқ карда ва ҳатто Афғонистонро тарк карданд.

Бо тавваҷуҳ ба умқи фоҷеа, касрати қурбониёну осебҳои шадиди ношӣ аз селобҳои ахиру душмании гурӯҳи Толибон бо бозмондагони қурбониёну осебдидагон, ҳеҷ гуна ҳамкорӣ ва мусоидат дар кӯтоҳмуддат ва барномаи мудирияти буҳрон дар дарозмуддат дар дастури кори ин гурӯҳ набуда ва намебошад, ирода барои кӯмак ба осебдидагонро надоранду камокони мардуми Афғонистон дар маърази хатар боқӣ хоҳанд монд ва ҳаводиси пешбинишуда дар оянда (идомаи селобҳову хушксолӣ), буҳрону қурбониҳои бештаре дар пай хоҳанд дошт.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!